Мушкили рӯз

Агар захира кофӣ мебуд, қиматӣ намешуд

№47 (3684) 02.05.2017

 Болоравии нархи маҳсулоти ғизоиро кӣ назорат мекунад?

коллаж тенч1Дар заминаи таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол соҳаи кишоварзӣ рушд ёфта, ин раванд барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ замина гузошт.

Тибқи маълумоти оморӣ, агар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2011 беш аз 14 миллиарду 853 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2016-ум ба 22 миллиарду 234 миллион сомонӣ расид. Амалишавии чанд барномаи соҳавӣ ва «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» барои рушд такони ҷиддӣ бахшид.

Ҳар сол баъди ҷамъоварии ҳосил масъулини шаҳру ноҳияҳо ба Ҳукумати кишвар оид ба иҷрои барзиёди нақша ҳисобот пешниҳод мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар бозорҳо нархи маҳсулоти ниёзи аввалия боло меравад. Ин ҳолат дар нимаи дуюми фасли зимистон ва оғози фасли баҳор бештар дар бозорҳои пойтахти кишвар ва шаҳру навоҳии атрофи он ба чашм расид.

Соли 2013 Президенти мамлакат ба кишоварзони ҷумҳурӣ супориш доданд, ки истеҳсоли картошка ба як миллион тонна расонида шавад. Ҳамон сол аз рӯи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар беш аз як миллион тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ гардид. Вале зимистони солҳои 2013-2014 нархи картошка якбора аз 2,5 сомонӣ то ба 4,5-5 сомонӣ боло рафт. Масъулони соҳа ва мақомоти дахлдор баландшавии нархро пешгирӣ карда натавонистанд.

Зимистони соли 2017 низ болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия эҳсос гардид. Агар то оғози зимистон нархи картошка 2 сомонию 20 дирам, пиёз 1 сомонию 50 дирам ва сабзӣ 1 сомониро ташкил дода бошад, аз нимаи аввали моҳи феврал то аввалҳои моҳи март нархи картошка ба 4 сомонӣ, пиёз 3 сомониву 80 дирам, сабзӣ 3 сомонӣ расид. Имрӯзҳо Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тавассути мошинҳои сайёр фурӯши сабзавоту меваро ба роҳ мондааст, ки нархашон нисбат ба бозор андак арзонтар аст. Вале сифати маҳсулоти пешниҳодшуда талаботи мардумро қонеъ карда наметавонад. Фурӯшандаҳо мегӯянд, ки онҳо низ маҳсулотро аз бозори яклухтфурӯшӣ бо нархи гарон харидорӣ мекунанд ва ба хотири коҳиш додани нарх дар бозор арзонтар мефурӯшанд. Саволе пайдо мешавад, ки захираҳои тирамоҳии «Тоҷикматлубот» куҷо шуданд?

Дар арафаи ҷашнҳо болоравии нархи маҳсулот аз бозорҳои шаҳри Душанбе оғоз мегардаду дар як муддати кӯтоҳ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт чун бемории сирояткунанда таъсири худро мерасонад. Бозорҳои яклухтфурӯшии «Сомон» ва ҶДММ «Ҳалим Саид»-и ноҳияи Рӯдакӣ, бозорҳои «Деҳқон», «Саховат» ва «Шоҳмансур»-и пойтахт нуқтаҳои асосии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ ва ғайра маҳсуб меёбанд.

Вобаста ба ҳолати бамиёномада ва бо мақсади фаҳмидани сабабҳои асосии болоравии нархи маҳсулот роҳи чанд бозори пойтахт ва шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро пеш гирифтем. Фурӯшандаҳои бозорҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атроф картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар намуди сабзавотро асосан аз бозори яклухтфурӯшии «Сомон», ки дар шаҳраки Гипрозем воқеъ аст, ба таври яклухт харидорӣ мекунанд. Дар бозори мазкур 24 апрели соли ҷорӣ картошка 3 сомонию 60 дирам, пиёз 3 сомонию 50 дирам ва сабзӣ 2 сомонию 20 дирам нархгузорӣ шуда буд.

Директори бозор Некрӯз Салимов гуфт, ки сабаби асосии болоравии нархи маҳсулот дар фаромадани тарма ва боришоти зиёд, ки як моҳ роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷандро мушкилгузар карда буд, мебошад.

Директори бозори «Деҳқон» Зиёвуддин Наҷмудинов яклухтфурӯширо инкор карда, мегӯяд, ки фурӯшандаҳо маҳсулотро аз бозори «Сомон» харидорӣ мекунанд. Ин маъниро аз забони роҳбарияти бозорҳои «Саховат» ва «Шоҳмансур» низ шунидем. Агар баъди тармафароиҳо дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд нархи на танҳо картошкаву пиёзу сабзӣ, балки орду равған ва шакар ҳам дар бозорҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он бамаротиб боло рафта бошад, маълум мешавад, ки пойтахти кишвар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он ба воридоти маҳсулоти мазкур аз вилояти Суғд вобастагии калон доштаанд. Вале ба назари мо, ҳақиқат ин аст, ки сардиҳои моҳи январу феврали соли равон барои роҳбарияти Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот», ҷамъияти матлуботи шаҳру ноҳияҳо, маъмурияти бозорҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор, ки дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат масъуланд, як имтиҳони ҷиддӣ буд, ки гузашта натавонистанд. Маълум шуд, ки онҳо вазифаи хеш ва амру супоришҳои роҳбарияти ҷумҳуриро иҷро намекунанд.

Ҳол он ки ҳар сол, ҳанӯз дар оғози моҳи апрел, Сарвари давлат дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат омодагӣ ба тирамоҳу зимистони навбатиро яке аз масъалаҳои асосӣ шуморида, ба масъулони идораву корхона ва муассисаҳо супориш медиҳанд, ки то моҳи октябр аз иҷрои нақшаи омодагиҳо ҳисобот пешниҳод намоянд. Албатта, ҳисобот бо иҷрои пурраву барзиёд пешниҳод мешавад, вале аз захираҳо дарак нест. Бо ҳисоботи бардурӯғ анборҳо пур намешаванд…

Сарвари давлат мунтазам Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот», роҳбарони бозорҳо ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор менамоянд, ки ба масъалаи таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тарутоза ва пешгирии баландшавии беасоси нархҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.

Аз супориши навбатии Пешвои миллат дар ин робита бештар аз ду моҳ гузашт, аммо вазъ бадтар шудаасту беҳ не. Рӯзҳои охир гӯштфурӯшҳо аз бемасъулиятии роҳбарони бозорҳо ва мақомоти дахлдору масъулон истифода карда, худсарона нархи гӯштро то ба 38 сомонӣ боло бардоштанд. Нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар бозорҳои шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Шаҳринав ҳанӯз охирҳои моҳи март ба 36-37 сомонӣ расида буд. Вале масъулони ин шаҳру ноҳияҳо ба ҷойи бартараф кардани бесарусомониҳо хомӯширо пеша карданд. Пас суоле ба миён меояд, ки ҳомии болоравии нархҳо кист? Чаро масъулон супориши Сарвари давлатро иҷро намекунанд?…

Дар пеш моҳи шарифи Рамазон аст. Шубҳае нест, ки то фарорасии ин моҳи мубораку пурфайз бо «шарофат»-и фурӯшандаҳои беинсофу масъулони фориғбол нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ба осмон дакка  хӯрад.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»