Қалб ба парасторӣ ниёз дорад

№85 - 86 (3565-3566) 02.07.2016

1269870252_j0438743Солҳои охир шумораи беморони қалб ва рагҳои хунгард дар мамлакат хеле зиёд шудааст. Қисми зиёди шахсони синнашон аз 30-40 боло  аз бемории қалб азият мекашанд. Сабаби афзоиш ёфтани ин бемориро мардум дар мушкилоти рӯзгор, ҳаводиси гуногуни зиндагиву фаъолияти рӯзмарра мебинанд. Андешаи мутахассисон дар ин хусус чӣ гуна аст?  Оё зарур аст, ки шахси солим ҳар сол аз муоинаи қалбшинос гузарад? Бо ин ва чанд суоли дигар ба табиби варзидаи Бемористони ибни Сино, мутахассиси бемориҳои қалб Мунира Неъмонова муроҷиат намудем.

- Одатан инсон аз бемор будани қалби хеш замоне огоҳ мешавад, ки аллакай барои бартараф  намудани беморӣ коре кардан номумкин ва ё хеле душвор гардидааст. Аксар вақт бемории дил оҳиста-оҳиста хурӯҷ мекунад ва маҳз барои ҳамин муҳлати зиёд шахси бемор аз он бехабар мемонад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо сактаи дил аст. Беҳуда нест, ки бемории дилро «қотили хомӯш»  ном мебаранд, чунки банохост хурӯҷ намуда, инсонро якбора ба ҳолати вазнин гирифтор менамояд. Танҳо ташхиси дурусту  саривақтӣ ба табибон имкон медиҳад, ки бе хатар ва таҳдид ба ҷони бемор табобати ӯро ба роҳ монанд. Дар акси ҳол бемор ба оқибатҳои вазнин дучор мегардад. Ҳатто агар шахс аз дарди дил шикоят надошта бошад ҳам, тавсия дода мешавад, ки соле як маротиба аз муоинаи духтури қалбшинос гузарад. Мизоҷон дар ин робита ба бахши кардиологии Бемористони ибни Сино, ки бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин аст, муроҷиат карда метавонанд. Дар ин ҷо мутахассисони варзидаи хориҷиву тоҷик дар муҳлати кӯтоҳтарин ба дарди онҳо даво мебахшанд. Ҳамчунин, таъкид месозем, ки гирифтори  бемории қалб бояд дар ҳар муоина аз духтури худ бипурсад, ки сари ҳар чанд вақт бояд ба наздаш биёяд. Ёфт мешаванд нафароне, ки андаке худро солим ҳис кунанд, аз рафтан ба назди табиб даст мекашанд. Аммо онҳо бояд донанд, ки бо гузашти сол омилҳои тавлид ёфтани бемории қалб зиёд  мешавад.

- Лутфан, ин омилҳоро номбар кунед.

- Асосан ин омилҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: якум, омилҳоеанд, ки аз мо вобастагӣ надоранд ва мо наметавонем ба будан  ё набудани онҳо таъсир расонем. Ба ин гурӯҳ синну сол, ирсият ва ҷинсият тааллуқ доранд. Омилҳои гурӯҳи дувум одатҳои зиёновар, аз қабили сигоркашию арақнӯшӣ, ҳамчунин стресс, вазни зиёдатӣ ва ғизои носолим мебошанд. Баъди чилсолагӣ дар натиҷаи камҳаракатӣ ҳамаи ин аз худ дарак медиҳанд. Хатари ба вуҷуд омадани бемории дил дар ин синну сол афзоиш меёбад.

- Мутахассисон ба мардони аз чилсола боло маслиҳат медиҳанд, ки аз назорати духтури қалб  гузаранд, ин магар маънии ҷавонон аз бемории дил азият намекашандро надорад?

- Сарчашмаи бемории БИД (бемории ишемикии дил) атеросклерози раги шараён мебошад. Солҳои охир ин беморӣ ҷавон шудаасту имрӯзҳо ҷавонони зиёдеро, мутаассифона, гирифтор  кардааст. Аммо ин ҷо мо наметавонем  аз як омил ҳамчун сабабгори асосӣ ном бубарем, чунки ба ин чиз омилҳои зиёди бо ҳамдигар алоқаманд сабаб шуда метавонанд: ҳам ирсият, ҳам холестерини  аз меъёр зиёд, ҳам фишорбаландӣ. Мутаассифона, имрӯзҳо  сафи навзодони гирифтори норасоии қалб ва ҷавонон хеле зиёд шудааст. Масалан, ҳафтаи гузашта ҷавони 22-солаеро бо сактаи қалб оварданд. Хушбахтона, мутахассисони бемористони мо тавонистанд, ки ба таври профессионалӣ ба ҷавон кумак намоянд ва ӯро наҷот бахшанд.

- Дар кадом маврид инсон бояд, пеш аз ҳама, ба духтури қалб  муроҷиат  намояд?

- Дар вақти сар задани  дард дар қисмати қафаси сина бояд мо, пеш аз ҳама, кори дилро санҷида бароем. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки дил  дар тарафи чап аст ва танҳо дар вақти сар задани дард  дар тарафи чапи қафаси сина ба духтури дил муроҷиат менамоянд. Дар ҳоле ки як қисмати дил дар тарафи рост низ ҷойгир аст. Аз ҳама ҷониб дилро шушҳо иҳота кардаанд. Вақте ки дил ба дард меояд, бисёриҳо фикр мекунанд, ки ин дарди меъда, шушҳо ва ғайра аст. Ҳатто ба гӯшаи хаёлашон  намеояд, ки ин метавонад бемории дил бошад.

Бояд хуб донем, ки дар мавриди гирифтор шудан ба бемориҳои қалб вақт ниҳоят муҳим аст ва набояд онро аз даст диҳем, вагарна ҷони ширинро  аз даст медиҳем. Ҳамчунин, дар ҳолати эҳсоси дард дар қисмати қафаси сина, пушт ва зери шона, ки одатан вақти ҳаракати зиёди ҷисмонӣ афзоиш меёбад, тапиши зуд-зуд ё баръакс, оҳиста-оҳистаи дил, эҳсоси нохуб  дар қафаси сина, нафастангӣ, норасоии ҳаво ва фишорбаландӣ таъҷилан ба духтури қалб муроҷиат бояд кард. Дар ҳолати сари вақт муайян намудани нишонаҳои бемории қалб мутахассисон метавонанд бидуни амали ҷарроҳӣ табобат кунанд. Бинобар ин, сари вақт ба духтур муроҷиат намудан бемориро пешгирӣ кардан аст, зеро «пешгирӣ аз табобат дида осонтар аст», — мегӯянд. Бинобар ин, вазифадорем, ки аз қалбамон парасторӣ намоем.

- Ташаккур.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»