Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар паҳлуи зарардидагони офатҳои табиист

№106 (3407) 08.08.2015

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба офатҳои табиии дар моҳи июли соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ бавуқӯъпайваста бетараф набуда, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ба оилаҳо ва шахсони зарардида кӯмаки худро пешниҳод намудааст.

Ҳангоми рух додани офати табиӣ дар деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандону масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз аввалин шахсоне буданд, ки зарардидагонро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, кумаки аввалияи тиббию равонӣ расониданд.

Бинобар пурра вайрон шудани хонаҳои истиқоматии як идда сокинони деҳоти мазкур аз селу обхезиҳо, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 45 хаймаро бо таҷҳизоти зарурии барои рӯзгор лозима омода намуда, 43 ададашро барои оилаҳои зарардида ва ду ададашро барои ташкили бунгоҳи тиббӣ ва хизматрасонии равониву маишӣ дастрас карданд.

Илова ба ин, ба зарардидагони ноҳияҳои Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи ғайрихӯрока, аз ҷумла рахти хоб, болишту кампал, маводи ошхонаву гигиенӣ ва ғайра дастрас шуда, ҳамарӯза кормандону ихтиёриёни ин ҷамъият дар ҳамдастӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятиву ноҳиявӣ дар хизмати мардум мебошанд.

Дар баробари ин, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон имконияту иқтидори инсонии худро ҷиҳати дастгирии оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод низ сафарбар кардаанд. Айни ҳол ба 60 хоҷагии зарардидаи ноҳияи Рашт маводи ғайриозуқа дастрас шуда, якҷо бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хаймаҳои муваққатии омодашуда, кумаки равониву тиббии худро расонида истодаанд.

Ҳамзамон ба даҳ хоҷагии зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод, ки тақрибан 60 нафарро ташкил медиҳанд, маводи ғайриозуқавӣ, ба монанди рахти хоб, болишту кампал, маводҳои ошхонаву гигиенӣ, сатил, белу каланд ва амсоли ин дода шуд.

Рӯзҳои наздик ба 130 хоҷагиҳои зарардидаи ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод маводи хӯрока, аз қабили орд, шакар, равған, макарон, биринҷ ва чою намак, инчунин масолеҳи сохтмонии аввалиндараҷа дастрас карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки иқдомҳои мазкур бевосита бо дастгирии молиявии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Финландия амалӣ шудаанд .

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мададгори мақомоти давлатӣ дар самти фаъолияти башардӯстона маҳсуб ёфта, дар робита ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  амалисозии корҳои башардӯстонаву хайриявӣ, татбиқи ғояҳои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон