Ҷамъоварии ғалла ва кишти такрорӣ идома дорад

№67 (4173) 06.06.2020

wheat-field-landscape-picture_1600x1200_79595Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварии майдони кишти ғалла дар ҷумҳурӣ 279428 гектарро ташкил дода, то 4 июн 11626 гектар даравида шуд. Аз ин нишондиҳанда ба ВМКБ 3753 гектар, Суғд — 98010, Хатлон — 131505 ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 46160 гектар рост меояд.

Тавре мудири шуъбаи матбуот ва иттилооти вазорат Кароматулло Саидов изҳор дошт, нақшаи кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 185948 гектар буда, 21498 гектар иҷро гардидааст, ки ба 11,6 фоизи нақша баробар мебошад. Аз ҷумла, ғалладонагӣ 12013 гектар, ҷуворимакка барои дон — 8401 ва шолӣ 866 гектарро ташкил медиҳад.

М. УСМОН, «Садои мардум»