Дар мавзӯи муҳим

Амалишавии Стратегияи миллии рушд оё имкон дорад?

№35 (3672) 01.04.2017

2Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» — ро тасдиқ кард.

Дар робита ба ин, бо муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод, ки роҳбарии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи ҳуҷҷати мазкурро бар дӯш дошт, бо чанд суол муроҷиат намудем.

- Зимни таҳияи Стратегия кадом омилҳо ба назар гирифта шуданд?

- Бояд зикр намуд, ки ҳама гуна стратегия бояд заминаи воқеӣ, пояи моддӣ, махзани иттилоотӣ дошта бошад. Заминаи ҳуҷҷати мазкурро асосан сабақҳои андӯхтаи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ташкил дода, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Ҳадафҳои Рушди Устувори ҷаҳонӣ барои давраи то соли 2030 бо истифода аз модели эконометрикӣ таҳия гардидааст.

Дар ҷараёни таҳияи он 11 машварат бо иштироки қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон баргузор гардид.

Мехостам зикр намоям, ки новобаста аз камбудиҳои мавҷуда ва таъсири беруна, бо татбиқи «Стратегияи рушди миллӣ барои давраи то соли 2015» Тоҷикистон ба даст­овардҳои назаррас ноил гардид. Пеш аз ҳама, сатҳи камбизоатӣ аз 53 фоизи соли 2007 то 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш ёфт. Дар ин фосила рушди устувори иқтисодӣ дар сатҳи 7 дарсад дар як сол таъмин гардид. Суботи макроиқтисодӣ ба даст омада, ҳадди қарзи давлатии беруна қариб 40 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ буд, ки то 20 фоиз (соли 2015) коҳиш ёфтани он, албатта, натиҷаи мусбат аст.

Аз ҷумлаи дастовардҳо рушди гидроэнергетикаи хурд, сохтмони марказҳои барқу гармидиҳӣ, рушди соҳаи истихроҷи ангишт, ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика, ташаккули низоми ягонаи энергетикии кишвар, рушду тавсеаи корҳои геологию иктишофӣ, эътирофи ҷамъиятӣ ва байналмилалии лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун»- ро метавон номбар кард. Охири соли 2016 истих­роҷи ангишт ба 1,3 миллион тонна расид, ки нисбат ба соли 2000-ум 62 баробар зиёд мебошад.

Ба дастовардҳои бахши саноат ва комплекси агросаноатӣ афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 20,3 фоиз, корхонаҳои саноатӣ -29,1, маҳсулнокии меҳнат дар соҳа 26,7 фоиз ва таъсиси зиёда аз 1600 корхонаи нав мисол шуда метавонанд.

Дастовардҳо дар бахши нақлиёт низ қобили мулоҳиза буда, 38 лои­ҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида, 1938 км роҳ, 240 пул, 31,5 км нақб ва долонҳои транзитӣ ба истифода дода шуданд. Тавре Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ин имкон дод, ки Тоҷикис­тон ба кишвари воҳид табдил ёбад. Имрӯз ҳама минтақаи кишвар робитаи мустақими нақлиётӣ доранд.

Баъзе воситаҳои ахбори омма ва коршиносон зимни баррасии ин муваффақиятҳо иброз мекунанд, ки даромади пулӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар аст. Лекин ҳангоми муқоиса сатҳи қарзи берунаро ба ҳар сари аҳолӣ сарфи назар намуда, ба инобат намегиранд, ки сатҳи рушди демографии мо нисбат ба дигар кишварҳо баландтар аст.

Роҷеъ ба дастовардҳои бахши иҷтимоӣ дар ин фосила метавон гуфт, ки сатҳи камбизоатӣ аз 53 фоиз то 31 фоиз , сатҳи фақри шадид аз 20 фоиз то 15,7 фоиз ва сатҳи фавти навзод, кӯдак ва модар беш аз 2 баробар коҳиш ёфт.

Зимни суханронӣ дар Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ин нишондиҳандаҳо қаноатманд намекунад, зеро мардуми шарифи мо сазовори зиндагии шоистаю беҳтар аз ин аст.

- Аз татбиқи Стратегияи қаблии миллии рушд чӣ сабақҳо андӯхта шуд?

- Новобаста аз дастовардҳои зикргашта ҳанӯз баланд бардоштани самаранокии истифодаи сарватҳои миллӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, таҳкими диверсификатсияи фаъолияти иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, суботи экологӣ беҳбудиро тақозо мекунанд. Барномаҳои рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ бояд такмил дода шаванд. Алҳол вобастагии иқтисодиёти худро аз содироти нахи пахта ва алюминий хеле коҳиш додем. Мутаассифона, маҳсулоте, ки ҷойгузини онҳо бошад, дорои сифат ва арзиши изофашудаи баланд нест.

Ҳамзамон, татбиқи Стратегияи пешина нишон дод, ки ба аксари ҳадафҳои пешбинишуда аз ҷониби бахши хусусӣ ё бо иштироки он ноил шудем.

Аммо муносибат бо ин бахши муҳими иқтисоди миллӣ такмилро талаб мекунад, зеро ҳанӯз ҳам як қатор хизматчиёни давлатӣ зери таъсири мафкураи айёми шӯравӣ дар симои тоҷир ва ё намояндаи бахши хусусӣ ҷониби муқобилро мебинанд. Бояд гуфт, ки 65 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар бахши хусусӣ ташаккул ёфта, 70 фоизи ҷойҳои корӣ дар бахши хусусӣ ташкил мешаванд.

- Дар Стратегияи миллии рушд истифода аз неруи зеҳнӣ чӣ тавр пешбинӣ мешавад?

- Ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ, тақвияти сармояи инсонӣ ва суръат бахшидани рушди минтақавӣ равишҳои нави ҳалли масъаларо тақозо мекунад. Низоми идоракунии давлатӣ ҷараёни зинда аст ва ҳама вақт бояд ҷавобгӯи талаботи замон бошад. Мегӯем, ки 93 фоизи элементҳои ҷадвали Менделеев дар Тоҷикистон ҳаст, лекин онро таври дигар низ бояд таҳлил кунем, ба худ савол диҳем, ки то кадом андоза аз лиҳози саноатӣ кашф ва истифодаи онҳо самаранок аст? Агар мо технологияҳои замонавиро ворид кунему аз ин захираҳои табиӣ маҳсулот истеҳсол кунем, то кадом андоза дар бозори беруна рақобатпазир мешавад? Мо бояд дар ин самт аз таҷрибаи Арабистон, Ҷопон, Сингапур истифода барем. Имрӯз дар Сингапуре, ки замин хеле кам аст, аз тариқи танкерҳо аз дигар ҷойҳо хокро кашида, замини сунъӣ сохта истодаанд.

Аксари кишварҳои пешрафта ҳоло дар марҳилаи инқилоби чоруми саноатӣ ва сохтану истифодаи технологияҳои насли панҷум қарор доранд ва моро лозим аст, ки ба хотири қафо намондан аз ин раванди ҷаҳонӣ ва табдил наёфтан ба кишвари таҳвилкунандаи захираҳо ба тақвияти неруи инсонӣ суръат бахшем.

- Зимни таҳияи лоиҳа, тавре шумо зикр кардед, бо қишрҳои ҷомеа машварат гузаронида шуд. Мардум оид ба кадом мушкилот гап мезаданд?  

- Соли 2013 ҳангоми гузаронидани машваратҳои миллӣ бо иштироки намояндагони парлумон, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, оҷонсиҳои СММ дар пурсишнома чунин савол буд: «Шумо баъд аз соли 2015 кадом масъалаҳоро ҳамчун афзалият ва ҳадафҳои стратегӣ интихоб мекунед»? Вақте пурсишномаҳо коркард шуданд, дар сатҳи якум нагуфтанд, ки ҷои корӣ ва ё неруи барқ нест, балки гуфтанд сатҳи сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ паст аст. Ин гувоҳи он аст, ки халқи мо ояндасоз аст, яъне худаш намехӯрад фарзандашро мехӯронад, худаш намепӯшад, фарзандашро мепӯшонад, худаш имконияти таҳсил надошта бошад, сарфи назар мекунад, лекин ҳаракат мекунад, ки ба фарзанд таҳсили хуб диҳад. Афзоиши ҳолатҳои ВНМО/СТАҶГ ва бемориҳои ғайрисироятӣ, норасоии муассисаҳои томактабӣ, сифати пасти инфрасохтори мактабӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани маҳорату малакаи омӯзгорон, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба ҳолати экологӣ ва муҳити зист аз масъалаҳое буданд, ки зимни пурсиш мардум аз онҳо изҳори ташвиш карданд. Ҳангоми таҳияи стратегия мо каме муносибатро тағйир додем. Нуктаи асосӣ он буд, ки Стратегияи пешина аз ҷониби коршиносону намояндагони ҳукумат ва ғайра таҳия ва ба поён таҳвил мешуд. Ин дафъа кӯшиш кардем, фикру дархости тамоми қишрро ба назар гирем. Биноан, 40 намояндаи вазорату идораҳо ва шарикони рушдро бо пурсиш фаро гирифтем, бо коршиносони маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ беш аз 50 вохӯриву мулоқот анҷом додем. Вақте ки лоиҳаи якуми Стратегия таҳия шуд, 480 саҳифаро фаро мегирифт. Баъди баҳсу талоши зиёд онро то 100 саҳифа коҳиш додем ва дар асоси таклифу пешниҳодоти вазорату идораҳо ва хулосаҳои умумӣ онро таҳия кардем.

- Ҳадафҳои асосии он кадомҳоянд?

- «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз чор ҳадафи асосӣ иборат аст:

1. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;

2. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан;

3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

4. Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

Дар бораи се ҳадафи аввал дар боло гуфтем. Шуғли пурмаҳсул ин ҳадафе аст, ки тамоми ислоҳот бояд ба он равона гардад. Мо дар навбати аввал бояд мардумро бо ҷойи кор, бо шуғли пурмаҳсул ва шоиста таъмин кунем. Механизмҳои ин раванд гуногун аст. Масалан, механизми ҳавасмандкунӣ дар сиёсати андозбандӣ, ки дар Венетсияи Италия шоҳиди ҳол гаштам. Он ҷо барои манзили истиқоматӣ меъёри пасти андозбандӣ истифода мешавад. Вақте ки шумо маблағи изофа дореду ҳуҷраи ҳамсояро мехаред, лекин он ҷо зиндагӣ намекунед, андози шумо панҷ баробар зиёд аст, барои он ки шумо имкони шаҳрванди дигарро маҳдуд кардед. Агар шумо ҳуҷраи иловагиро нахареду бо он маблағ корхонае таъсис диҳед, ки панҷ нафар соҳиби ҷои корӣ шаванд, аз пардохти андози амволи ғайриманқул озод мешавед.

- Ин ҳадафҳо дар кадом марҳилаҳо амалӣ мешаванд? 

- Амалишавии Стратегияи нав се марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи якум (солҳои 2016-2020) – гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ, ки ба сармоягузориҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридоти вазкунанда асос ёфтааст. Марҳилаи дуюм (солҳои 2021-2025) – гузариш ба рушди босуръати саноатӣ, ки ба сармоягузориҳо асос меёбад. Марҳилаи сеюм (солҳои 2026-2030) – гузариш ба рушду диверсификатсияи истеҳсолот дар заминаи донишу навовариҳо.

- Дар Стратегия се сенария пешбинӣ шудааст: инертсионӣ, индустриалӣ ва индустриалию инноватсионӣ. Хоҳишмандам онҳоро мухтасар шарҳ диҳед.

- Сенарияи инертсионӣ аз калимаи инертсия ҳаст, агар мо ҳеҷ кор накунем, ҳамон тавре, ки фаъолият дорем, ҳамин хел рафтан гирем, ба нишондиҳандаҳои назаррас намерасем. Сенарияи индустриалӣ, пеш аз ҳама, дар асоси супоришҳои Ҷаноби Олӣ вобаста ба саноатикунонии кишвар рӯи кор омад. Зарур ва ногузир аст, ки мо ба соҳаи саноат бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем, иқтидорҳои пешинаро эҳё кунем, технологияҳои навро ба истеҳсолот ворид намоем. Мо бояд эътироф намоем, ки имрӯз дар марҳилаи сеюми рушди технологӣ қарор дорем ва аксари технологияҳои истифодашаванда хоси насли сеюманд. Дар баъзе соҳа насли чорум ва хеле кам ҳам бошад, насли панҷум ворид шудааст. Фосилаи марҳилаҳои рушди технологӣ ҳадди ақал 25 — 30 сол аст. Аз як технология ба дигар насли технология тариқи эволютсионӣ гузаштан 25 -30 солро тақозо мекунад. Агар одӣ карда гӯем, аз ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ аз лиҳози технологӣ қариб 50 сол қафо мондаем.

- Оё дар 15 сол мо роҳи 50 — соларо тай карда метавонем?                

- Не, албатта. Лекин бояд ин муҳлатро кам кунем. Мутахассисон бар ин назаранд, ки солҳои 2025 — 2030 аллакай насли шашуми технологӣ пайдо мешавад ва моро лозим аст, ки ақаллан то соли 2030 дар сатҳи технологии насли панҷум бошем. Ин ҳадаф талаб мекунад, ки танҳо технология ворид накунем, балки мутахассисонеро омода намоем, ки бо ин технология кор карда тавонанд. Ворид кардани техника он қадар мушкил нест, пул меёбему ворид мекунем. Муҳим он аст, ки истифода бурдани онро донему кадрҳои баландихтисос дошта бошем. Сенарияи индустриалӣ — инноватсионӣ ҳамин чизро дар назар дорад. Кишварҳои пешрафта, амсоли Олмон, Япония, Корея, имрӯз аз як тараф кишвари индустриалӣ ҳастанд, яъне саноатӣ ҳастанд, лекин дар асл дар ин кишварҳо чандин сол боз чунин истеҳсолот нест. Онҳо корхонаҳои саноатиеро, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ дорад, аллакай ба кишварҳои сеюм интиқол дода, фақат намуна мебароранду соҳиби патент мешаванд ва аз ҳисоби патент даромад мегиранд. Яъне, сарчашмаи асосии судовари ин кишварҳо чанд даҳсола боз моликияти зеҳнӣ аст.

Боварӣ дорем, ки Стратегияи нави миллии рушд ба пешрафту шукуфоии бештари Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат гуфтанд: «Мо мақсад дорем, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем.

Пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 фазои сармоягузории Тоҷикис­тон беҳтар шуда, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5 баробар меафзояд. Дар 15 соли оянда бояд саҳми соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад».

 Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»