Ҳамгироӣ — омили муҳим дар рушди иқтисодии кишвар

№136 (3282) 18.11.2014

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ташкилоти ғайритиҷоратии фонди рушди  «Институти тадқиқоти Авросиё дар Тоҷикистон» таҳти унвони «Тоҷикистон ҳамчун субъекти интегратсия дар замони муосир: ҳолат ва пешомадҳо» ҳамоиш доир гардид. Дар он сиёсатшиносон, дипломатҳо, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ходимони ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов  иштирок ва суханронӣ намуд.

Атрофи масоили ҳамгиройӣ дар бахшҳои илм, маориф, истеҳсолот, ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз натиҷаҳои тадқиқот табодули назар карда шуд. Дар музокира ва мубоҳисаҳои иштирокчиёни ҳамоиш доир ба мушкилоти афзалиятнок, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми рушди интегратсия дучор меояд, диққати бештар дода шуд.

Барои Тоҷикистон ин проблема ва ҳалли он аҳамияти бештар дорад. Зеро иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интегратсияи иқтисодии байналмилалӣ омили фароҳам оварандаи заминаи иқтисодии давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Дар ҷараёни омӯзиши масъала ҳадафҳои геополитикӣ бояд ба эътибор гирифта  шаванд, зеро он идеология  ва ҳадафҳои худро дорад. Дар ҷаҳон бештар аз 230 намуди интегратсия мавҷуд аст ва тарзҳои гуногуни он мавриди истифода қарор доранд. Муносибатҳои тиҷоратӣ аз ҷумлаи онҳост. Ба андешаи олимони соҳа савдои озод танҳо дар ҳамон сурат натиҷа дода  метавонад, ки агар  ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ сатҳи баланд ва баробарии индустриалӣ дошта бошанд.

Дар акси ҳол савдои озод натиҷаи хуб дода наметавонад. Сармояи давлатҳои мутараққӣ иқтисоди кишварҳои қафомондаро забт мекунанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 80 фоизи  маҳсулоти аз хориҷа воридотмешударо дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, соҳаи саноат бояд рушд ёбад.

Иштирокчиёни ҳамоиш дар раванди ҷаҳонишавӣ густариши бештар ва судманди ҳамкориҳоро дар ҳамаи самтҳои фаъолият мувофиқи мақсад  шумориданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои  мардум»