Амнияти озуқаворӣ таъмин мегардад, агар…

№103 (4365) 13.08.2021

бехатарии озукавориДаҳ сол пеш Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дас­тур дода буданд, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маҳсулоти хӯроквориро дар хонаҳояшон захира намоянд. Дар шарҳи ин, минҷумла, зикр гардид, ки «тоҷикон аз қадимулайём одати хеле хуб доштанд, ки бо талқини калонсолон ҳар оила барои таъмини худ маҳсулоти озуқавории ниёзи аввалро захира мекарданд».

Гузашти вақти на он қадар зиёд андешаро, дар бобати он ки иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ ва хеле дурандешона аст, тақвият бахшид. Хоса, дар шароите ки тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, соли 2021 аз лиҳози таъминот бо озуқа дар сайёра тайи 90 — 100 соли охир яке аз солҳои вазнинтарин хоҳад буд. Шоҳиди ҳол ҳас­тем, ки таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ дар ­бисёре аз кишварҳои дунё, болоравии нарху навои маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ баланд гардидааст. Ва табиист, ки дар чунин шароит давлатҳо дар фикри ҳалли мушкилот мебошанд. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтанд, ки «заҳмати софдилона ва сарфаю сариштакорӣ роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад».

Ва бояд, ки вобаста ба ҳолати ­баамаломада, сохторҳои дахлдор тадбирҳои бетаъхир андешанд ва барои ҳар чӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва боз ҳам беҳтар бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолии кишвар беш аз пеш кӯшиш намоянд.

Зиёда аз як даҳсола аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» мавриди амал қарор дорад. Он самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътироф­шуда муайян менамояд. Вазъи иқтисодии давлат, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилию бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, ­дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад, амнияти озуқаворӣ тасниф шудааст.

Тибқи муқаррароти қонун, таъмини амнияти озуқаворӣ таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки асосан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим дар сатҳи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии буҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд, маҳсуб мешавад.

Моддаи 16 қонуни зикршуда муқаррар кардааст, ки агар истеҳсоли солонаи озуқаи ҳаётан муҳим камтар аз 80 фоизи талаботи солонаи аҳолиро ба намудҳои озуқа ташкил дода, сифат, ғизонокӣ ва бехатарии озуқа ба регламентҳои техникӣ ва талаботи меъёрҳои физиологӣ ҷавобгӯ бошанд, мо ба ин ҳадафи стратегӣ мерасем.

Роҳ надодан ба пастравии сатҳи кунунии таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ташаккули захираҳои озуқа аз рӯи барномаи мақсаднок, мавҷудияти мувозинати бозори дохилии озуқа ва дар асоси мониторинг қабул намудани қарорҳои идоракунӣ принсипҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб мешаванд.

Қонунгузор муқаррар кардааст, ки дар ин раванд шаффофияти иттилоот оид ба вазъи бозори озуқа, созгории пурраи талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ, ба қонунгузорӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ будани сифати озуқаи истеҳсолшаванда, воридшаванда ва фурӯхташаванда, истифодаи мақсаднок ва идоракунии захираҳои табиӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо озуқа низ бояд дар мадди назар бошанд.

Пайгирии масъала собит кард, ки таваҷҷуҳ ба он зиёд буда, ҷиҳати дастгирии давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои дахлдор андешида шудааст. Қобили зикр аст, ки мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ ба озуқа аз ҳисоби истеҳсоли он аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.

Рушди заминаи моддию техникии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси лизинги техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, маблағгузории барномаҳои илмии марбут ба соҳа, мукаммалгардонии механизмҳои ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои кишоварзӣ, мусоидат баҳри истифодаи технологияҳои пешқадами истеҳсолот, коркард, нигаҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи озуқа аз ҷумлаи ибтикори дар ин самт пешбинигардида мебошад.

Илова бар ин, мусоидат барои таъсиси иншооти замонавии савдои яклухт, ташаккули низоми самараноки аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ расонидани озуқа, рушди инфрасохтори савдои яклухти озуқа ва дастгирии илмии мониторинги амнияти озуқаворӣ чорабиниҳое мебошанд, ки ба ин масъала рабт доранд.

Тибқи муқаррароти моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии идоракунӣ ва қабули қарорҳои стратегӣ ва фаврӣ вобаста ба таъмини муътадил ва мунтазами аҳолӣ бо озуқаворӣ Шӯрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро соли 2011 таъсис дод, ки роҳбариаш ба зиммаи Сарвазир вогузор шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин ниҳод дар бахши танзими таъмини озуқа нақши бориз дошта, стратегияи амали вазорату дигар сохторҳои масъулро мушаххас кард. Барои мисол, дар сурати пеш омадани хушксолӣ ё обхезиву дигар ҳодисаҳои ба амнияти озуқаворӣ таҳдидкунанда Шӯро бетаъхир тадбирандешӣ мекунад. Хотиррасон менамоем, ки дар маҷлиси Ҳукумати кишвар, ки 29 — уми декабри соли 2017 доир шуд, оид ба таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати кишвар қарор қабул гардид. Он дар заминаи сохторҳои барҳамхӯрда — Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ рӯи кор омад.

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло, бамаврид аст аз тадбирандешиҳои мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат баҳри расидан ба ҳадафи мавриди назар низ ёдовар шавем. Ба андешаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба масоили мусоидаткунанда барои таъмини амнияти озуқаворӣ тамоюли афзоишро касб кардааст.

- Парлумон дар баробари баррасии қонунҳои ба дигар бахшҳо дахлдошта қонунҳои марбут ба таъмини амнияти озуқавориро низ таҳия ва қабул кардааст. Мутаассифона, ин иқдом дар расонаҳо чандон инъикос намеёбанд. Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ лоиҳаи қонунҳо дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар бораи тухмипарварӣ, заминсозӣ, ҳосилхезгардонии замин, эмин доштани чарогоҳҳо ва ғайра таҳия гардид. Доир ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти соҳа низ кори зиёд амалӣ шуданд, — гуфт Рус­там Латифзода.

бехатарии озукавори1Ӯ таъкид кард, ки фазои мукаммали ҳуқуқии соҳа кодексҳои гражданӣ, андоз, об, замин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи парандапарварӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мавриди амал қарор доранд.

Рустам Латифзода нақшу ҷойгоҳи обро дар истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ махсус арзёбӣ карда, гуфт, ки қариб 80 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ аз заминҳои обёришаванда гирифта шуда, ин соҳа истифодабарандаи асосӣ — то 90 фоизи захираҳои об мебошад.

Дар баробари ин, дар аксар кишварҳои ҷаҳон қисми зиёди аҳолӣ, аз ҷумла, дар кишвари мо зиёда аз 60 фоиз, дар соҳаи кишоварзӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд шуғл меварзанд. Бинобар ин, нақши захираҳои об дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ташкили ҷойҳои кор ва ба ин васила, беҳтар кардани шароити зиндагии мардум ниҳоят муҳим мебошад.

Ҳоло масоҳати умумии замини обии ҷумҳурӣ 762,2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Тибқи Консепсияи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорем, ки масоҳати замини обиро то ба 1,6 млн. гектар расонем.

Инчунин, маълум гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон солҳои охир ба диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили шаклҳои устувори хоҷагидорӣ, кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бун­ёди боғу токзорҳои серҳосил таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст.

Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ барномаҳои маҷмӯавии амнияти озуқаворӣ, ислоҳоти кишоварзӣ, рушди соҳаи чорводорӣ, барномаҳои махсуси соҳавии ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, қолинбофӣ, саноати сабук ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафта дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тибқи «Стандарти байналмилалии «Global G.A.P» қабул шудаанд.

Ҳарчанд дастрасӣ ба маҳсулоти ниёзи аввал дар кишвар беҳтар шуда бошад ҳам, рушди соҳаи кишоварзӣ дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи умумиҷаҳонии иқтисодиёт то дараҷае ноустувор боқӣ мемонад, ки ҳалли он ногузир аст. Ба анҷом нарасидани ислоҳоти аграрӣ — обӣ ва номукаммалии механизмҳои батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин ва об дар бахши аграрӣ, самаранок истифода набурдани заминҳои обёришаванда ва чарогоҳ заминаи қафомондаи моддӣ — техникии комплекси агросаноатӣ бо дастрасии маҳдуди корхонаҳо ба иттилоот оид ба бозор, инчунин, хатари зиёд барои рушди комплекси агросаноатӣ дар алоқамандӣ бо тағйироти бардавоми глобалии иқлим аз ҳамон ҷумлаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, 73 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот истиқомат ­дошта, аз ин ҳисоб 63 фоизи он дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Маълумоти мавҷуда аз он шаҳодат медиҳад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 176 975 хоҷагии калон, миёна ва хурд машғул мебошанд.

Дар робита ба масъала месазад аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5 марти соли 2007 ва дар таҳрири нав 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст, ёдовар шавем. Дар он се роҳи дастгирии давлатии комплекси агросаноатӣ, ҷудо намудани субсидия (кумаки молиявӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва грантҳо барои рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ муқаррар гардидааст. Бар замми ин, 12 соҳа муайян шудаанд, ки ба онҳо субсидия (кумаки молиявӣ) аз тариқи дастгирии давлатӣ ҷудо мешавад.

Масъулин ба он назаранд, ки қонуни зикргардида бо дарназардошти тағйироти бавуҷудомада, бахусус воридшавии ҷумҳурӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» соли 2017 ба такмил ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоянд, ки ҷиҳати мукаммал намудани қонун дар он мафҳуми «дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» муқаррар гардида, салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии маҳаллӣ муайян ва принсипҳои асосии фаъолият дар ин самт пешбинӣ гардад.

Чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар шароити буҳрони озуқаворӣ дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ» мушаххас гардида, тибқи он, дар шароити буҳрони озуқаворӣ ва ё таҳдиди он мақомоти давлатии ваколатдор чораҳои дахлдор меандешад. Тақсим кардани маҳсулоти асосии озуқа аз рӯи меъёр барои муҳлати муайян, муқаррар кардани нархи ашёи хом ва фавран харидани он аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи давлатӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Иттилоотонии аҳолӣ доир ба масъалаи фавқ дар моддаи 12 қонун муқаррар шуда, маълумот дар бораи истеҳсоли озуқа, таъминот ва истеъмоли он, тағйи­рёбии нишондиҳандаҳо, вазъи маҷмааи агросаноатӣ, саноати хӯрокворӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал ва шикор, захираи давлатии маҳсулоти кишоварзӣ, рушди бозорҳои дохилӣ ва хориҷии маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ, иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Бояд дар мадди назар дошт, ки тартиби пешниҳоди маълумотро дар соҳаи амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муайян менамояд.

Хулоса ин аст, ки баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ «Амрикои нав кушодан лозим нест». Зеро барои истеҳсоли маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ва озуқаворӣ тамоми имконият, аз ҷумла, замин, об, заминаи мукаммали қонунгузорӣ ва муҳимтар аз ҳама, мардуми заҳматдӯст ва кишоварзони асилу соҳибтаҷриба дорем. Зарур аст, ки аз ин имконияту захираҳо ва усулҳои аҷдодии ба кишоварзӣ рабт­дошта самараноку оқилона истифода барем.

Ҳамон тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд: «Мо бояд аз ҳарвақта бештар кор кунем, рӯзии худ ва аҳли хонадонамонро бо меҳнати ҳалол муҳайё намоем ва дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузорем».

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»