Таъмини амнияти озуқаворӣ

Ангури шаҳдбор фаровон мешавад

№123 (3269) 21.10.2014

ба шарте ки тавсияҳои олимон ба инобат гирифта шавад

Тирамоҳ айёми фаровонии дастурхони мову шумост. Имрӯзҳо бозору дигар марказҳои савдо пур аз навъҳои гуногуни меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ аст.

Дар Тоҷикистон навъҳои зиёди ангур мерӯяд ва ҳар навъи он лаззати ба худ хос дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст.  Аз ҷумла чорабиниҳои тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27 августи соли 2009 таҳти № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014»  андешидашуда самараҳои дилхоҳ ба бор овардаанд. Васеъ гардидани майдони боғу токзор, афзоиши истеҳсоли меваю ангур аз ин шаҳодат медиҳанд.

Олимони соҳа низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд дар хушсифат гардонидани навъҳои ангур ва парвариши хуби токзор саҳмгузор бошанд.

Дар ин бора зимни суҳбат мудири шуъбаи токпарварии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Рустам Қаландаров чунин ибрози назар кард:

- Иқлим ва обу ҳавои кишварамон барои парвариши навъҳои гуногуни ангур хеле мусоид аст. Ҳоло дар Тоҷикистон қариб 300 навъи ангур мавҷуд аст, ки 110-тои он навъҳои маҳаллианд.  Олимону мутахассисон барои беҳтар кардани сифати ангур,  коркарду нигоҳубини токзорҳо дар асоси таҷрибаю тадқиқотҳо дастуру тавсияҳо медиҳанд. Табиист, ки вобаста ба омилҳои гуногун баъзе навъҳои ангур низ  хусусиятҳои биологии худро гум карда истодааст. Камина барои барқарор кардану ба роҳ мондани парвариши васеи навъи ангури «Зариф» кор бурда истодаам. Ин навъи ангур ҳоло дар хоҷагиҳои «Баракат»-и ноҳияи Ҳисор (12 гектар), «Асадулло»-и ноҳияи Хуросон (6 гектар) парвариш меёбад. Яке аз навъҳои нодири ангур – «Султонӣ» (ҷавз) мебошад. Бахусус  ҷавзе, ки дар минтақаи Роҳатӣ парвариш мешавад тамъ, фоиданокӣ ва дигар хусусиятҳои хоси худро дорад. Ходими шуъба Ҳасан Ҳусейнов, ки дар боғу токпарварӣ таҷрибаи хуб дорад, корҳои тадқиқотии хешро ба ин мавзӯъ бахшидааст. Ин навъи ангур солҳои пеш хеле фаровон ва машҳур буд, вале тайи солҳои охир истеҳсоли он кам гардид. Ангури ҷавз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон мерӯяд ва парвариш меёбад. Аммо ангури ҷавзи Роҳатӣ( ноҳияи Рӯдакӣ) шуҳрати хоса дорад. Бо чунин тамъу ширинӣ дар дигар минтақаҳо ангури ҷавз мавҷуд нест.

Даврони шӯравӣ  қариб тамоми сокинони деҳоти Роҳатӣ (дар ҷамоат 14 деҳа мавҷуд аст) чунин навъи ангурро парвариш мекарданд.  Яке аз деҳқонони асили деҳаи Роҳатӣ Аслам  Фозилов доир ба парвариши ин навъи ангур ба мо чунин маълумот дод:

- Ангури ҷавз аслан дар заминҳои лалмӣ парвариш карда мешавад. Замини сиёҳхок барои парвариши ин навъи ангур мувофиқ нест. Пеш аз шинондани ангур ҷойи онро тирамоҳ омода месозанд. Барои ин заминро ба андозаи 80х80 см канда, хоки онро мебароранд ва аз нав он хокро дар ҷойи кандашуда мепартоянд ва то баҳор онро ҳамон тавр мемонанд. Оби борони тирамоҳ ва барфҳои зимистон дар мағз- мағзи хок ҷой мегирад ва хок намиро меҷабаду маҳз «ғизо» барои парвариши ояндаи ангур мусоидат мекунад. Тахминан охири моҳи апрел ва аввали моҳи май ниҳоли ангурро дар ҷойи тирамоҳ кандашуда мешинонанд. Ҳангоми пухта расидани ангур кӯшиш мекунанд тезтар ҷамъоварӣ намоянд, зеро он нозук буда, талаф ёфтанаш мумкин аст. Аз ангури ҷавз мавизи хуштамъу фоидабахш тайёр карда мешавад. Мавизи аз ангури ҷавз тайёргардидаро то даҳ сол метавон нигоҳ дошт.

- Аз ангури ҷавз  ширинӣ ва сиркои манфиатбахш низ тайёр мекунанд, ки барои бисёр бемориҳо, аз ҷумла камхунӣ, камқувватӣ, бемориҳои дил, меъдаю рӯдаҳо давост,- мегӯяд табиби машҳури диёр, духтури соҳибкасбу ботаҷриба Бурҳониддин Кенҷаев ва меафзояд:- Сиркои ангури ҷавз мизоҷи муътадил ва моил ба гармӣ дорад. Мардуми Роҳатӣ дар охири моҳҳои сентябр ва октябр, ки ангури ҷавз пурра пухта мерасад, онро ҷамъоварӣ карда, сирко тайёр мекунанд. Мо давоми 15 сол таҷриба гузаронидем, зимни муолиҷаи беморон сиркоро низ тавсия додем. Аз натиҷаҳои бомуваффақияти тавсия ва таҷрибаҳои хеш ба хулосае омадем, ки сиркои ангури ҷавз яке аз беҳтарин доруҳост.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки мо бояд роҳу усулҳои рушди токпарварӣ, аз ҷумла васеъ кардани токзори ангури ҷавз ва дигар навъҳои онро ҷустуҷӯ намоем, зеро он ба пешрафти иқтисодиёти кишвар  ва беҳбудии рӯзгори мардум мусоидат менамояд.

Рустам Қаландаров мегӯяд, ки яке аз самтҳои фаъолияти олимон низ ба ин равона гардидааст. Ҳоло мо навъҳои беҳтарини маҳаллиро ҷамъ карда, нигоҳдорӣ мекунем. Аз ин ҳисоб дар хоҷагии таҷрибавии «Сунбула»-и ноҳияи Ҳисор 61 навъи токро шинонидаем. Дар қитъаи таҷрибавии «Наврӯз»-и ноҳияи Рӯдакӣ бошад, қаламчаҳои 50 навъи ангурро парвариш карда, баъдан онро барои шинонидан пешниҳод мекунем. Ҳамчунин дар нуқтаи такягоҳии институт, воқеъ дар шаҳри Истаравшан 112 ва дар филиали Институти боғпарварии ба номи Мичурин дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 168 навъи ангур ҷамъоварӣ гардида, мавриди омӯзиш қарор дорад.

Умед аст, ки тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки олимону мутахассисон ва ғайрату заҳмати онҳо самар меоранд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»