Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон 

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон» аз 28 октябри соли 2016, №454 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи деҳоти Сари Осёби ноҳияи Ховалинг ба деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо

Номи шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои зерини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ:

шаҳраки Колхозобод ба шаҳраки Балх,

деҳоти Туғаланг ба деҳоти Ҳалевард,

деҳаи Коминтерни деҳоти ба номи Фрунзе ба деҳаи Кишоварзон,

деҳаи ба номи Ленини деҳоти ба номи Калинин ба деҳаи Деҳқонобод,

деҳаи Коммунизми деҳоти Навобод ба деҳаи ба номи Саид Кароматулло,

деҳаи НКВД-и деҳоти Навобод ба деҳаи Чорбоғ,

деҳаи Ленин-юли деҳоти Навобод ба деҳаи ба номи ­Абдулло,

деҳаи Қизил-Тоҷикистони деҳоти Навобод ба деҳаи ба номи Асадулло,

деҳаи ба номи Чапаеви деҳоти Навобод ба деҳаи Наврӯз,

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Ёвон:

деҳаи Чаманбулоқи деҳоти Даҳана ба деҳаи Чаманзор,

деҳаи Қармиши деҳоти Даҳана ба деҳаи Яккатут,

деҳаи Утагани деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ба деҳаи Гулибодом,

деҳаи Қулободи деҳоти Чоргул ба деҳаи Кӯлобод,

деҳаи Қирғочаки деҳоти Обшорон ба деҳаи Анорис­тон,

деҳаи Тутбулоқи сари санги деҳоти Даҳана ба деҳаи Тутчашма

тағйир дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 350