Мулоҳиза

Арзонӣ ба ҳаннотон писанд нест!

№40 (3834) 31.03.2018

Тухм 1Чандест, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи асосии воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ва кишварҳои ҳамсоя қарор гирифтааст. Мулоқоти самимии сарони ду кишвари ҳамсоя, ба имзо расидани 27 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, молия, кишоварзӣ ва ғайра аз он мужда медиҳанд, ки некуаҳволии сокинони ҳар ду мамлакат беҳтар мегардад. Ҳаким Низомӣ фармудааст: 

Ният чун нек бошад подшоҳро,

Гуҳар рӯяд ба ҷои гул гиёҳро.

Бовар дорам, ки аз баракати хайр­хоҳии роҳбарони ду ҷумҳурии дӯсту бародар минбаъд файзу баракату арзонӣ бештар мешавад. Мутаассифона, ашхосе ёфт мешаванд, ки хоҳони арзонии нархҳо нестанд.

Ҳафтаи равон дар рӯзномаҳои «Чархи гардун» ва «СССР» дар хусуси арзоншавии нархҳо дар бозорҳои наздимарзӣ ва аз ин раванд норозӣ гаштани ҳаннотон мақола ба табъ расид. Чунончӣ, дар нашрияи «Чархи гардун» (№ 11, 14.03.2018) дар мақолаи «Нархро арзон накунед!» омадааст: «Баъди кушода шудани гузаргоҳи марзии Патар – Андархон дар марзи Конибодом ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сели тоҷирон аз кишвари ҳамсоя бо маҳсулоти арзон ба бозорҳои Конибодому Исфара рехт. Як халта ордро 60 сомонӣ мефурӯшанд, килои шакарашон 4 сомонӣ аст. Ҷорӯбро, ки пештар як донааш дар Конибодом 15 сомонӣ буд, тоҷирони ӯзбекистонӣ бо нархи 10 сомонӣ барои 3 дона ба фурӯш гузоштаанд. Ин боиси эътирози тоҷирони маҳаллӣ ҳам дар Конибодому ҳам дар Исфара шудааст».

Сокини деҳаи Ворухи шаҳри Исфара Ҳаким Исмоилзода бошад, дар ҳафтаномаи «СССР» зери сарлавҳаи «Марзкушоӣ ба ҳаннотон нафорид» чунин нигоштааст:

«Ҳоло дар гузаргоҳи «Патар»- и Конибодом 1 кило шакар 4 сомонӣ, як кило биринҷ 3 сомонӣ, як халта орд 80 сомонӣ, картошкаву сабзӣ бошад, бо дирам фурӯхта мешавад. Ин, албатта, ба «бизнес»-и ҳаннотон зарбаи миёншикан зад. Дар давоми мақола муаллиф аз норизоии ҳаннотони маҳаллӣ ёдрас шудааст.

Бо чунин рафтор ҳаннотон ниқоб аз чеҳраи худ бардоштанд. Маълум шуд, ки онҳо то ин дам тибқи шиори «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» амал мекардаанд.

Аз ин рӯ, ба мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур аст, ки пеши худсариҳои ҳаннотонро гирифта, барои ривоҷу равнақ ёфтани тиҷорати наздисарҳадӣ мусоидат кунанд.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»