Проблема ва мулоҳиза

Ҳавои тоза гарави саломатист, аммо…

№11 (4431) 18.01.2022

Омилҳои таъсиррасон ба саломатии инсон зиёданд. Пеш аз ҳама, ҳолати рӯҳиву ҷисмонии одамон аз вазъи муҳити атроф ва об вобаста аст. Обу ҳавои тоза боис ба хушҳоливу саломатӣ ва баръакс, муҳити ифлосу носолим ва оби нопок сабабгори нороҳатӣ ва пайдоиши бисёр бемориҳо мегардад. 

Чандест ҳолати дуюмӣ дар баъзе аз деҳаҳое, ки дар ҳамсоягии қисмати шарқии шаҳри Душанбе воқеанд, мушоҳида мешавад. Сокинони деҳаҳои Чанор, Зартеппа, Шаҳристон, Меҳан ва Тезгари деҳоти «Гулис­тон»-и ноҳияи Рӯдакиро вазъи экологӣ ба ташвиш овардааст. Ин дар ҳолест, ки сокинони деҳот дар ҷавоб ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гирду атрофи шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат ҳазорҳо ниҳоли дарахти гуногун шинонида, боғҳои бунёдкардаашон самаровар шудааст. Онҳо бо сарварии роҳбарони деҳоти «Гулистон» ва раисони маҳаллаҳо мунтазам дар корҳои ободонӣ, тозагӣ ва сарсабз гардонидани ин макон саҳм мегузоранд, аммо худашон дар муҳити бади экологӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар деҳоти номбурда чанд корхонаи коркарди оҳан, пластмасса ва коғаз мавҷуд аст, ки дуди сиёҳу ғализе, ки аз онҳо мебарояд, ҳар рӯз фазои деҳаҳоро  вайрон мекунад. Каме дуртар, дар қисмати теппаҳои он ҷо бошад, партовгоҳи шаҳрӣ мавҷуд аст, ки солҳост аз бӯйи он сокинони деҳот ранҷ мебаранд. Албатта, мавҷудияти партовгоҳ барои пойтахти ҷумҳурӣ  зарур аст, вале таъсири онро ба муҳити атроф ба назар бояд гирифт.

Ба ин «симфонияи экологӣ» боз корхонаҳои истеҳсоли хишт, ки сари ҳар қадам, дар байни дараҳои паҳлуи шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат воқеанд, ҷӯр гашта, ба сокинони деҳаҳои зикршуда таъсир кардааст.

Ба болои ин ҳама одамонро бӯйи ғализи дигар нороҳат месозад. Одатан ин бӯйи дилбеҳузуркунанда қарибиҳои шом ба болои деҳаҳо паҳн мешавад. Бисёриҳо бар он боваранд, ки он аз корхонаи дигари паҳлуи шоҳроҳ, ки дар он маводи сӯхт коркард мешавад, ба ҳаво мехезад. Ба назари бархеи дигар, иҷоракорон ба заминҳо поруи мурғ мерезанд ва бӯйи он низ ғализ буда, ба деҳоти гирду атроф паҳн мешавад. Гуноҳи баъзе аз сокинони деҳот низ кам нест. Онҳо партовҳои аз хона баровардаашонро, ба ҳар ҷое ки хоҳанд, мепартоянд, ҳатто дохили баъзе аз наҳру ҷӯйҳо пур аз партов шудааст.

Ана ҳамин гуна ҳавои «тоза» дар деҳаҳои паҳлуи шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар, ки рӯз то рӯз шукуфону зеботар мешавад, ҳукмфармост. Ин муҳит боис ба хурӯҷи бемориҳои роҳи нафас гашта, асабоният ва нороҳатии мардумро зиёд кардааст. Шояд мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати экологии кишварро пеш мебарад, ба мардум ёрӣ расонанд ва барои бартараф кардани ин вазъи номатлуб  мусоидат намоянд?!

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»