Ҷавонмардиву лутф аст одамият

№66 (4172) 04.06.2020

Чавон дилДар бораи марди саховатманду ободкор Муҳиб Бобоҷонов бисёр навиштаанд ва аз тариқи телевизон оид ба рӯзгораш барномаҳо пешкаши тамошобинон шудааст, аммо дар вазъе, ки оламро таҳлукаи паҳншавии бемории COVID — 19 фаро гирифтааст, бори дигар ба ёд овардани ҷавонмардии ин фарди соҳибэҳсон бамаврид аст. То хонандагони азизи рӯзнома огоҳ бошанд, ки саховатпешаҳо ҳамеша пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ­ ­Раҳмон ҳастанд.

Дар китобе хонда будам, ки замони дар қайди ҳаёт будани Расули Акрам (дуруд бар равони покаш бод) қабри Анӯшервони одилро кушоданд ва устухонҳояшро берун оварданд. Диданд, ки дасти рости ӯ то ҳанӯз напӯсидааст. Чун ин маъниро ба Паямбар баён карданд, гуфт: «Бо ин даст умре саховат кардааст ва аз баракоти он то ҳанӯз боқист…».

Мақсад аз овардани ин ҳикоя он аст, ки Худованд ва бандагони ӯ мардони саховатпешаро дӯст медоранду эҳтиром менамоянд. Маҳз ҷавонмардиву саховатмандӣ буд, ки асрҳо аз Ҳотами Той ва Анӯшервони одил қисса мегӯянд.

Муҳиб Бобоҷонов аз ҷумлаи онҳоест, ки ин саодати бузург насибаш гаштааст. 14 майи соли равон ӯ ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт 200 ҳазор сомонӣ ҳадя кард.    Баъдтар аз ҷониби ин соҳибкори ватандӯст як миллион сомонӣ  барои пешгирии бемории коронавирус тақдим гардид. Фарзандонаш, ки дар Федератсияи Россия ба тиҷорат машғул мебошанд, барои муҳоҷирон беш аз се миллион рубли русӣ ҷудо намуданд.

Қаҳрамони матлаб зимни суҳбат гуфт, ки бо фарзандон ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоянд. Минбаъд низ дар амалӣ гардонидани ин сиёсати хайрхоҳона саҳм мегузоранд. Сарват бе Ватани азизу миллати шариф қимат надорад. Агар дар пайравӣ ба Пешвои миллат коре карда бошем, шукрона менамоем.

Роҳбари мамлакат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 корномаи ин соҳибкори ватандӯстро тавсиф намуда, аз ҷумла, иброз доштанд: «Бобоҷонов Муҳиб — сокини 80 — солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд».

«Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад», — фармудааст бузурге. Ин рӯзҳои душвор ҳам мегузаранд, аммо кори неку номи нек то ҷовидон зинда хоҳад монд. Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш, ки чанд соли охир дар ободкорӣ ҳиссаи сазовор гузош­танд ва ба мардум дар мубориза ба муқобили коронавирус низ кумак хоҳанд кард.

Дар тинати қаҳрамони матлаб беҳтарин сифатҳои инсониро дарёфтам ва он лаҳза, ки бо вай хайрухуш мекардам, абёти омӯзгори ахлоқ Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ба ёдам омад:

Ҷавонмардиву лутф аст одамият,

Ҳамин нақши ҳаюлоӣ мапиндор.

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,

Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор ?

 Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»