Ҷавонон созандагони имрӯзу фардои кишваранд

№20 (3970) 19.02.2019

  БайракДар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26 декабри соли 2018) бори дигар зикр гардид, ки ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии кишвар мебошанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахус­тини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Аксарияти аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил намуда, давомдиҳандаи анъанаҳои неки насли калонсол, неруи созандаи ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар пешбурди соҳаҳои иқтисоди миллӣ имрӯз мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори нав, неруи муҳими пешбаранда буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин намояд.

Мусаллам аст, ки замони Истиқлолияти давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва андешаи ҷавонон таҳаввулот ба вуҷуд омада, гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардид. Дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳ ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ саҳми ҷавонон арзишманд аст. Беҳуда набуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар барои дастгирӣ аз сиёсати Давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён намуданд.

Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз 23 ҳазор бунёдкори иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд.

Ҳукумати мамлакат барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳама имконият истифода мекунад. Танҳо соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба маблағи 175 миллион сомонӣ 300 иншооти соҳаи варзиш сохта, ба истифода дода шуд. Соли 2018 ин раванд вусъати тоза пайдо карда, 230 иншооти навбунёди варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Шумораи умумии иншооти варзишии дар зарфи даҳ соли охир ба истифода додашуда, ба зиёда аз 9300 расидааст.

Ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва садоқати ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои кишвар мебошад. Дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонон мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлат омода бошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои онҳоро баҳри инкишофи Ватан доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барояшон пайваста таъмин месозанд. Чунончӣ, бо дастгирии Пешвои миллат 20-уми сентябри соли 2018 дар пойтахти кишвар академияи замонавии Кембриҷ ба истифода дода шуд. Он барои 500 хонандаи синни мактабӣ ва томактабӣ пешбинӣ шудааст.  Дар муассиса дарсҳо аз рӯи барномаи пешниҳоднамудаи Британияи Кабир сурат мегиранд. Хатмкунандагон барои гирифтани маълумоти олӣ метавонанд ба донишгоҳҳои машҳури Аврупо, ИМА ва Япония ҳуҷҷат супоранд. Дар нақша аст, ки то соли 2020 дар шаҳри Душанбе коллеҷи замонавии Кембриҷ барои ҷавонони синни аз 18 то 23 ба истифода дода мешавад.

Хурсандиовар аст, ки беш аз 28 сол аст дар фазои Ватан хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахш дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво, имрӯзу фардоро мунаввар месозад. Ҷавонони саодатманд бо шукргузорӣ аз фазои ободу озод, аз хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолият, бо пуштибонӣ аз сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои беназирро амалӣ менамоянд.

Ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа аз эътирофи Сарвари давлат болидарӯҳ гардида, эътимодро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулиятро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамоянд. Умед аст аз мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллат сабақи бузурги зиндагӣ омӯхта, барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқ фаъолияти созандаю бунёдкорона нишон медиҳанд.

Бахтиёр САМАДЗОДА,

муовини сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо,  ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон