Суҳбати мо бо раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин дар яке аз қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода оғоз ёфт. Он ҷо як гурӯҳ одамон машғули кор буданд ва раис, ки онҳоро назорат мекард, ҳамзамон бо чанд нафар суҳбат дошт.
- Ду сол пеш, вақте ки шоҳроҳро мавриди истифода қарор доданд, дар гардишгоҳҳои мобайни роҳ хок рехта, гул шинониданд, вале онҳо инкишоф наёфтанд, — баъди ҳолпурсӣ иброз дошт раис ва афзуд: — Маълум шуд, ки роҳсозон ба қитъаҳо хоки сафеди беҳосил андохтаанд. Ҳоло ин камбудиро бартараф карда истодаем. Бо ҷалби қувваи кории ҳар се ҷамоати деҳот, ки шоҳроҳ аз ҳудуди онҳо мегузарад, бо истифодаи техника ба андозаи ним метр хокро канда бароварда, ба ивазаш сиёҳхок рехтем, онро тахту ҳамвор карда, ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонидем. Бо фарорасии баҳор гулу гулбуттаҳо низ шинонида мешавад. То имрӯз беш аз сесад мошин хоки беҳосил бароварда шуд ва дар чанд рӯзи дигар ин кор ба анҷом мерасад.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро баҳри татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ равона кардааст. Аз ин рӯ, натиҷаҳои соли гузашта қариб дар ҳама соҳа қаноатбахшанд. Қисми даромади буҷети ноҳия 101 фоиз иҷро ва ба он 20 млн. 3948 сомонӣ маблағ ворид шуд. Маблағгузории музди меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти нафақа ва кумакпулиҳо пурра таъмин гардид, — идома дод суҳбатро раис дар дафтари корӣ.
- Кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, таваҷҷуҳ ба он махсус аст. Ин буд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 133 миллиону 725 ҳазор сомониро ташкид дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 554 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Деҳқонон ҳосили хуби ғалладона, пахта, лӯбиёгӣ, зағер, маъсар, картошка ва сабзавоту полезӣ ҷамъоварӣ карданд. Сарфи назар аз гармии зиёди фасли тобистон, дар натиҷаи нигоҳубин ҳосили помидор ва дигар сабзавот низ хуб шуд. Захираи хӯроки чорво афзун гардид.
Соли 2015 ҳосилнокии ҳар як гектар пахтазор 12 сентнериро ташкил дод, ки хеле ночиз аст. Аз ин хотир, дар соли 2016 ба кишти он аҳамияти ҷиддӣ дода, тадбирҳои агротехникӣ андешидем. Дар натиҷа, ҳосилнокии ҳар як гектар ба 19,8 сентнер баробар шуд, яъне, нисбат ба соли гузашта қариб 8 сентнер бештар. Агар онро ба инобат гирем, ки 10 — 12 сентнер пахта хароҷоти як гектарро мепӯшонад, 7 — 8 сентнери боқимонда, даромади софро ташкил хоҳад дод. Аз ин ҷост, ки ба хотири гирифтани манфиати бештар майдони кишти ин зироатро барои соли ҷорӣ 200 гектар зиёд ба нақша гирифтем.
Бунёди боғу токзор низ аз мадди назар дур нест. Соли рафта дар 45,2 гектар боғи нав бунёд шуд, ки 150 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Аз суҳбат бо раиси ноҳия, ҳамчунин маълум гардид, ки ба рушди чорводорӣ низ таваҷҷуҳ хуб аст.
- Ҳоло танҳо бо такя ба чорвои сектори ҷамъиятӣ зотро беҳтар кардан мумкин нест, — мегӯяд раис. — Бигзор сектори хусусӣ ба ин кор бештар машғул шавад, зеро имконияти онҳо дар ин самт бештар аст. Ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонии «Пуштимиёна», «Зарнисор» ва хоҷагии ба номи Ҳамзаев соҳаи чорводориро такмил дода истодаанд. Ҳадаф аз ин, бе кам кардани саршумор ноил шудан ба сифат ва зоти хуби чорво аст.
Агар онро ба назар гирем, ки дар ноҳия корхонаи зотпарварӣ мавҷуд аст, ин кор душвор нест.
Шаҳринав дар гузашта минтақаи саноатии шаҳри Ҳисор буд. Мутаассифона, онҳое, ки корхонаҳои саноатии бекормондаро харида, хусусӣ намуданд, барои самаранок истифодабарии онҳо саъй накарданд ё самти фаъолиятро тағйир дода, ба вусъати истеҳсоли маҳсулот ноил нашуданд. Ҳоло танҳо бо истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, блокҳои сементӣ, гоҳ — гоҳ фаъолият кардани корхонаи машрубот ба ривоҷу пешрафти саноат муяссар шудан душвор аст. Бигзор, соҳибмулконе, ки аз уҳдаи ба кор андохтани корхонаҳо набаромаданд, онҳоро ба соҳибкороне, ки муваффақ шудаанд, фурӯшанд, то ин ки ҳам корхонаҳо фаъолият кунанд ва ҳам буҷети меҳаллӣ ғанитар шавад.
Ба суоли мо оид ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ раиси ноҳия чунин ҷавоб дод: — Ноил шудан ба рушди маориф ва тандурустӣ вазифаи муҳим мебошад. — Дар маҳалҳои дурдаст, ки аслан шароити барқарор кардани мактаб ё бунёди синфхона мавҷуд набуд, аз ҳама пештар ин корро амалӣ кардем. Дар чанд деҳаи дурдаст мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ сохта шуданд, қисме аз мактабҳои ибтидоиро ба муассисаҳои таҳсилоти асосӣ табдил додем.
Чанде пеш вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид дар маросими ба истифода супоридани бинои дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 иштирок намуд ва баъди ба мушоҳида гирифтани корҳои анҷомёфта изҳор дошт, ки биноҳои боқимондаи мактаб якҷо бо толори варзишӣ ва ошхона соли оянда аз ҳисоби маблағҳои вазорат пурра мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ин ваъдаи вазир, ки дар маҷлиси васеи омӯзгорони ноҳия садо дод, моро рӯҳбаланд намуд ва қавл додем, ки як қисми асосии таҷҳизонидани синфхонаҳоро бо мизу курсӣ ва компютерҳо ба уҳда мегирем.
Рӯзҳои аввали ба иҷрои вазифа шурӯъ кардан ба вазъи беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти ба номи А. Ҳасанов шинос шудам. Бояд гуфт, ки он бо хоҳиши сокинони деҳот, алалхусус раиси вақти хоҷагӣ Исохон Ҳамзаев ва дархости вакилии депутати Шӯрои Олии ИҶШС, собиқ вазири тандурустии аҳолии ИҶШС сохта шудааст, ки шукӯҳу шаҳоматаш аз беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор кам набуд. Илова бар он, дар шафати беморхона маркази саломатӣ низ қомат афрохта, ба аҳолӣ хизмат мерасонид.
То аввали соли 2016 дар беморхона танҳо як шуъба фаъолият мекард, вазъи маркази саломатӣ бошад, хеле ногувор буд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хулоса омад, ки маблағҳои барзиёд иҷрошудаи буҷети маҳаллиро барои таъмири беморхона ва маркази саломатӣ, ҳамчунин таъмири мактабҳо ва кушодани синфхонаҳои иловагӣ харҷ намояд. Ба беморхона хатҳои доимии об ва барқ кашида шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорон муносибати нек дорад. Онҳо дар ноҳия кам нестанд ва аксар ба корҳои муҳим даст мезананд, аз ҷумла таъмири роҳҳои маҳаллӣ. Чанде пеш соҳибкор Аюб Қӯзиев аз ҳисоби маблағи шахсӣ се километр роҳи хеле фарсудаи байни шаҳраки Турсунзода ва деҳаи Пахтакорро мумфарш намуд. Дар маркази ноҳия соҳибкорон пиёдароҳаи ҳар ду ҷониби роҳи асосиро бо суфтасангҳои ороишӣ пӯшониданд. Соҳибкор Абдусаттор Остонаев 40 гектар замини лалмиро ба обӣ табдил дода, аз он ҳосили фаровони ғалладона ва сабзавоту полезӣ ба даст овард. Инчунин, соҳибкороне ҳастанд, ки мехоҳанд дар маркази ноҳия ва шаҳракҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд намоянд.
- Барои фардо чӣ нақшаҳо доред? — суол мекунем аз ҳамсуҳбатамон.
- Фардоро оғоз аз имрӯз аст. Мо натиҷаҳои ҷамъбаст ва фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиётро баррасӣ карда, хулоса намудем. Нақшаҳои зиёд дорем, ки қисмати бештари он дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2017 – 2020» инъикос ёфтаанд.
Соли 2006 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2007 — 2015» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар доираи он чорабиниву лоиҳаҳои зиёд амалӣ шуданд. Аз ҷумла, дар маркази ноҳия шаҳраки нави замонавӣ қомат афрохта, иморатҳои хуштарҳу замонавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, нозироти андоз, ҷамоати шаҳрак, варзишгоҳ, филиали бонкҳои тиҷоратӣ ва биноҳои таъиноти дигар бунёд гардиданд. Дар кӯчаву деҳоти ноҳия низ бунёдкориҳо сурат гирифтанд. Дар маҷмӯъ, барномаи мазкур 69 фоиз иҷро шуд, вале як қисми тадбирҳо амалӣ нашуда монд. Бунёди биноҳои қасри фарҳанг, литсей барои хонандагони лаёқатманд, бинои суди ноҳия, бинобар аз ҷониби вазорату идораҳои мутасаддӣ ҷудо нашудани маблағ, ҳатто оғоз нашуд. Ба хулоса омадем, ки дар заминаи қисматҳои иҷронашудаи барнома бо саҳми соҳибкорон барномаи нав таҳия карда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоем ва бо қабули он амалӣ кардани ниятҳоямонро идома бахшем. Аз ҷумла, тасмим гирифтем, ки барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳоти «Боғистон», ба номи А. Ҳасанов, «Чуст» ва «Сабо» сардхона бунёд намоем. Бунёди боғҳои интенсивӣ, токзорҳои нав, азнавбарқароркунии боғу токзорҳо, барқарорсозии ҳафт пойгоҳи обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ низ дар нақша аст. Сохтмони корхонаҳои коркарди меваи хушк, санг ва металлҳои қиматбаҳо, консервабарорӣ, истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва чанд корхонаи дигар ба рушди саноат мусоидат хоҳанд кард.
Зарур аст, ки фаъолияти соҳибкоронро вусъат бахшем. Сохтмони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, даҳ адад бинои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона барои 50 ҷой дар маркази ноҳия, бинои боғчаи кӯдаконаи хусусӣ, иншооти хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода ҳиссаи соҳибкорон хоҳад буд.
Дар доираи чорабиниҳои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2017- 2020» ба рушди маориф ва тандурустӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Бунёди литсей барои хонандагони лаёқатманд, гимназия, мактабҳои нав ва миқдори хеле зиёди синфхонаҳои иловагӣ, эъмори чанд бунгоҳи тиббӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ, харидории таҷҳизоти тиббӣ, автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ, табдил додани қисмате аз бунгоҳҳои тиббӣ ба маркази саломатӣ номгӯйи нопурраи тадбирҳои банақшагирифта дар соҳоти мазкур мебошанд.
«Ҷавонон ояндаи миллатанд». — Ин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурамали кори мост. Аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон моро вазифадор месозад, ки барои фароҳам овардани шароити ҳар чӣ бештари фаъолияти ҷавонон тадбиру чорабиниҳои мушаххасро ба назар гирем.
Дар ноҳия мавзеъҳои тамошобоб хеле зиёданд. Барои муҳайё сохтани шароити муносиб барои онҳое, ки бо мақсади истироҳат ва тамошо меоянд, дар мавзеъҳои Пуштимиёна, Тахти Сулаймон, Кӯли Париён, Темурдара ва Ҷувозак бунёди истироҳатгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Умуман, дар барнома чорабиниҳо зиёд пешбинӣ гардидааст ва муваффақ шудан ба татбиқи амалии онҳо Шаҳринавро боз ҳам ободу зебо, аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ пешрафта мегардонад.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»