Аз хандаи барқ ҷаҳон мунаввар гардад

№5 (3955) 12.01.2019

 43600733932_8b6827f1fc_oБо мавриди истифода қарор додани агрегати аввали НБО-и «Роғун» даврони бебарқии кишвар ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт.

Бунёди НБО-и «Роғун» барои бисёриҳо афсона буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди он дар баробари гузоштани қадамҳои устувор дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ мактаби ҳирфавии мутахассисони соҳаро ташаккул доданд. Сохтмони НБО-и «Роғун» бо ташаккули синфи коргар, инчунин муҳандисону меъморони хуби соҳаи нақбсозиву неругоҳсозиро рӯи кор овард.

Пешвои миллат дар шароите барои сохтмони НБО-и «Роғун» тасмим гирифтанд, ки мамлакат ба мушкили зиёди молиявию  иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Дар Тоҷикистон нав сулҳу салоҳ ҳукмфармо гардида, бартарафкунии оқибатҳои ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ идома дошт. Пешвои миллат бидуни НБО-и «Роғун» рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро ғайриимкон донис­та, онро иншооти «сарнавиштсоз ва сохтмони бузурги аср» эълон карданд.

Рушди гидроэнергетика аз ҳама ҷиҳат барои кишвар манфиатовар аст. Он метавонад рушди босуръати соҳаҳои дигарро таъмин намояд. Бо дарназардошти ин,  масъалаи инкишофи соҳаи гидроэнергетика мадди назари роҳбарияти кишвар қарор гирифт ва ҳар сол дар ин самт корҳои гуногун амалӣ мешаванд. Албатта, талаботи дохилии Тоҷикистон ба неруи барқ сол то сол афзоиш меёбад, вале бо пурра мавриди истифода қарор гирифтани НБО-и «Роғун» ва амалӣ гардидани дигар лоиҳаҳои истеҳсоли қувваи барқ дар тамоми фасли сол ба роҳ мондани дигар корҳо низ мумкин аст.

Бо дарназардошти имконияти зиёд доштани кишвар дар масъалаи истеҳсоли неруи барқ, ин соҳа ҳамоно чун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ қарор дорад. Аз ин ҷост, ки бо вуҷуди таъмини истиқлолияти энергетикӣ  ин масъала чун ҳадафи стратегӣ дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷой дода шудааст. Дар ин ҳуҷҷати муҳим, аз ҷумла, омадааст: «Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Барои ноилшавӣ ба  ин ҳадафи олӣ  ҳадафҳои зерини стратегии рушд барои 15 соли оянда муайян шудаанд: таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ; раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул».

Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсолкунандаи неру, ки азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои калон ва хурд, рушди иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи нефту газ ва ангишт, азхудкунии конҳои нави сӯзишвории органикӣ, фароҳамоварии имконоти техникӣ барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи неру (неруи офтоб, бод, биологӣ, геотермалӣ), таҷдиди НБО ва НБҲ-и мавҷуда ва сохтмони чунин иншооти нав, ҳамчунин истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ аз ҳадафҳои асосӣ маҳсуб мешаванд.

Дар маҷмӯъ, ба фаъолият шурӯъ намудани чархаи аввали НБО-и «Роғун» иқдоми арзандаи ситоиш  ва меъмори он Пешвои миллат арзандаи ҳама гуна арҷгузорӣ мебошанд.

Ба қавли шоир:

Дар синаи кӯҳ санг гавҳар гардад,

Хок аз қадами марди ҳунар зар гардад.

Аз хандаи барқи НОБ-и Роғун ватанам

Нурбор шавад, ҷаҳон мунаввар гардад.

Таҳмина РАСУЛОВА, муаллимаи МТМУ-и №82-и ноҳияи Сино