Проблема ва мулоҳиза

Аз ифлосшавии ҳаво ҳама рӯ ба нақлиёти барқӣ меоранд

№141 (3935) 22.11.2018

Мутаассифона, дар истифодаи он дер карда истодаем

345129Ҳафт сол пеш дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» бинобар қиматшавии нархи бензин мақолаам зери унвони «Нақлиёт, сӯзишворӣ ва ҷомеа» ба табъ расид. Дар он бартариҳои  гузаш­тан ба нақлиёти барқиро шарҳ дода, таъкид намуда будам: «Мо хоҳ- нохоҳ ба нақлиёти барқӣ рӯ хоҳем овард. Аз ин рӯ, дар амалисозии ин нақша бояд аз имрӯз шурӯъ кунем, то аз ҳамсояҳо ақиб намонем».

Мутаассифона, бинобар ба асли масъала дуруст сарфаҳм нарафтани масъулини собиқ Вазорати энергетика ва дастгирӣ наёфтан аз ҷониби вакилони онвақтаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар масъалаи мазкур бетаваҷҷуҳ монд. Дар натиҷа, ҳамсоякишварҳо дар ин бобат аз мо пеш гузаштанд.

19 октябри соли равон дар шаҳри Ақтави Қазоқистон нахустин стансияи ватании зарядпуркунии электромобил ба  фаъолият оғоз намуд. Онро олимони Донишгоҳи давлатии  Ақтав ихтироъ кардаанд. Арзиши стансияи олимони қазоқ 500 ҳазор тангаро ташкил медиҳад. Ҳамин гуна стансияи истеҳсоли мамолики Аврупо 4 миллион танга арзиш дорад. Минбаъд бо дастгирии ҳукумат чунин стансияҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сох­та хоҳанд шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади ҳавасмандсозӣ соли равон қарор қабул кард, ки то 31 декабри соли 2019 барои воридсозии электромобил боҷи гумрукӣ ситонида намешавад. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков моҳи июни соли ҷорӣ ҳангоми сафари давлатиаш ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ба роҳбарияти Ширкати электромобилбарории «BAIC Group» пешниҳод намуд, ки истеҳсоли электромобилро дар Қирғизистон ба роҳ монад. — Мо чунин меҳисобем, ки Қирғизистон метавонад  дарвозаи Осиёи Марказӣ дар самти электромобил гардад, — гуфтааст директори Агентии давлатии ҷалби сармоягузории Қирғизистон. Ташаббуси Қирғизистон аз ҷониби хитоиҳо бо камоли мамнуният қабул шуд. Корхонаи муштараки электромобилбарорӣ шояд дар Бишкек ё вилоятҳои Ҷалолобод ё Чуй сохта шавад.

Номуътадилии нархи нефт ва ифлосшавии ҳаво аз  нақлиёти бо сӯзишворӣ  ҳаракаткунанда роҳбарияти бисёр кишварҳоро водор намудааст, ки рӯ ба нақлиёти барқӣ оранд. Масалан, дар Украина қарор додаанд, ки тадриҷан ба нақлиёти барқӣ гузаранд. Ширкати украинии «Богдан» дар ҳамкорӣ бо ширкати «URSUS»- и Полша электробуси «Богдан- E 701»- ро истеҳсол мекунад. Ин автобус, ки 12  метр дарозӣ дорад, то 70 мусофирро дар як вақт ба манзил мерасонад. Аккумулятори он барои 3000 маротиба қуввапуркунӣ пешбинӣ шудааст ва ба ҳисоби миёна аккумулятори электробусро бе ивазкунӣ қариб то даҳ сол метавон истифода бурд. Электробус дар 100 километр масофа ҳамагӣ 50  киловатт — соат неруи барқ  масраф мекунад.

Бо як қуввапуркунӣ «Богдан-E 701» метавонад 250  километр роҳро тай кунад. Барқи сарфшударо тавассути розеткаи муқаррарии 220- волта баъди рӯзи корӣ дар 10 соат метавон пур кард.

Ҳамсоякишвари мо — Хитой тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 аксари шаҳрвандонашро соҳиби электромобил намояд. Дар назар аст, ки аз соли 2020 барои соҳибони нақлиёти бо сӯзишворӣ  ҳаракаткунанда дар Хитой андози баланд ҷорӣ шавад. Аз ин рӯ, Ширкати «Foxconn» дар музофоти Шэнсӣ истеҳсоли электромобилро ба роҳ монд.

Олимони соҳаи экологияи  мамолики пешрафта яке аз  роҳҳои асосии беҳтар кардани вазъи ҳавои шаҳрҳоро дар бештар истифодабарии электромобилҳо мебинанд. Бо ин мақсад дар Париж ва Лондон барин шаҳрҳои бузурги Аврупо солҳои охир ҷои автомобилро электромобилҳо гирифта истодаанд. Танҳо дар ноҳияи Вестминстери Лондон, ки ҳавояш ифлостарин маҳсуб меёфт, беш аз 100 нуқтаи неругирии электромобил сохта  шудааст.

Сабаби асосии зиёд шудани газҳои заҳрнок нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда мебошад. Ҳар сол миқдори партови моддаҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меафзояд. Як автомобил соле ба ҳисоби миёна 4 тонна оксигенро фурӯ бурда, баъди истифодаи сӯзишворӣ 1000- 1200 компонент, аз он ҷумла 800 кило оксиди карбон, 40 кило оксиди  нитроген ва тақрибан 200 кило пайвастагиҳои карбонро ихроҷ мекунад.

Алдегидҳо, бензопирен ва пайвастагиҳои қӯрғошим, ки аз дуд барои мошинҳо мебароянд, ба саломатӣ зарари калон мерасонанд. Бензопирен  карбогидриди заҳрнокест, ки метавонад боиси сар задани бемории саратонӣ гардад. Ба ақидаи олимони соҳаи тиб, 60 — 90 фоизи бемориҳои саратон дар ҷаҳон ба ифлосшавии ҳаво, хусусан, карбогидридҳо, вобастагӣ доранд. Ҳангоми ба хун омехташавии оксиди карбон бошад, азхудкунии оксиген мушкил мешавад. Заҳролудшавии пайваста аз ин газ боиси хасташавӣ, дарди сар,  вайроншавии реҷаи  хоб, дилзанак ва нафастангӣ мегардад. Маҳз бо ҳамин  сабабҳо бо пешниҳоди як гурӯҳ вакилон ва роҳбарони чор ҳизби сиёсӣ ҳукумати Норвегия тасмим гирифт, ки аз соли 2025 фурӯши мошинҳои бо бензину солярка ҳаракаткунандаро манъ намояд. Норвегия дар ҷаҳон чорумин кишварест, ки теъдоди электромобилҳояш аз 100 ҳазор адад гузаштааст. Дар ин кишвар соҳибони электромобил аз андоз барои харид ва бақайдгирӣ озоданд. Ҳукумати Шветсия низ бо қарори махсус хариди нақлиёти бо бензину солярка ҳаракаткунандаро аз соли 2030 манъ кард. Дар Ҳиндустон тасмим гирифтаанд, ки то соли 2030 парки мошинҳояшонро аз электромобил зиёд хоҳанд намуд. Бо ин мақсад ширкатҳои «Маики», «Рева электрик кар компанӣ» ва «Тата Моторс»- и Ҳиндустон истеҳсоли электромобилҳои арзонро ба роҳ монданд. Ҳоло электромобили «Mahindra E 20»  арзонтарин электромобил дар ҷаҳон ба шумо меравад. Нақлиёти барқии мазкур  дизайни зебо дошта, 2500- 2700 доллар меистад.

Президенти Беларус Александр Лукашенко низ чанде пеш электромобили тамғаи «Tesla»- ро ронда, ба олимони Академияи илмҳо ва Вазорати саноати кишвараш супориш дод, ки истеҳсоли ин гуна мошинҳоро ба роҳ монанд.

Агар Норвегияю Қазоқистон аз нефт бой бошанд, Қирғизис­тон, Украина, Беларус, Хитой ва Ҳиндустон мисли Тоҷикис­тон сӯзишвориро аз дигар  кишварҳо ворид мекунанд.  Пас чаро мо дар ин ҷода  саҳлангорӣ мекунем?

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш як қатор мансабдоронро барои харидани мошинҳои  гаронбаҳо мавриди танқид қарор дода буданд. Вале афсӯс, ки дар тафаккури иддае аз мансабдорон то ҳол  дигаргунӣ мушоҳида намешавад. То ҳол надида ва ё нашунидаем, ки мансабдоре кару фарро як сӯ гузошта, ба ҷои автомобили доим ба сӯзишворӣ муҳтоҷ як электромобил харида, хароҷоти нақлиёти вазорат, кумита, агентӣ ва ё дигар сохторро  кам карда бошад. Иддае аз мансабдорон то барояшон фоида нарасад, ба  иқдоме, ки боиси ғанишавии буҷа ё кам кардани хароҷот мешавад, даст намезананд.

Барои гузаштан ба электромобил таҷрибаҳои пешқадам зиёданд. Масалан, Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тасмим гирифтааст, ки  то соли 2020 ихроҷи газҳои парникиро дар мамлакат 30 фоиз кам кунад. Бо ин мақсад ҳукуматдорон 25 фоизи парки  мошинҳои хизматиро аз ҳисоби электромобил ташкил намуданд. Ҳукумати Эстония барои мансабдорони мақомоти давлатӣ 500 адад электромобил харид. Истифодабарандагони электромобил танҳо барои пуркунии барқ пул  мепардозанд, ки дар муқоиса ба нархи бензин арзонтар аст. Аз рӯи таҳлили мутахассисони соҳаи экология, дар шаҳрҳое, ки истифодаи электромобилҳо ба роҳ монда шудааст, ҳаво хеле тоза гардидааст.

Хуб мешуд, ки вазорату кумита ва агентиҳо минбаъд ба ҳайси мошини хидматӣ ба ҷои автомобил аз электромобил истифода баранд.

Гузаштан ба электромобил, бинобар доштани барқи арзон, вобастагии моро ба кишварҳои  содиркунандаи нефт кам карда, аз  мамлакат зиёд берун рафтани арзи  хориҷиро пешгирӣ менамояд.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»