Аз меҳргон то меҳргон: натиҷаҳо назаррасанд

№130-131 (3115-3116) 15.10.2013

Панҷуми октябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи кормандони соҳаи кишоварзӣ ва Иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд, ки дар он собиқ роҳбарони вазорат, деҳқонон ва дигар фаъолони соҳа иштирок доштанд. Мудири шуъбаи замин ва кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пириев доир ба сиёсати аграрии Давлат ва Ҳукумати мамлакат суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлатро ба соҳаи кишоварзӣ махсус зикр намуд.

Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов аз иди қадима ва миллӣ будани Меҳргон ёдовар шуда, зикр намуд, ки ҷашнгирии он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз панҷуми августи соли 2009 таҳти рақами 538 дар тамоми гўшаю канори кишварамон  бо шукуҳу шаҳомат роҳандозӣ шудааст. Вазир дар идома афзуд, ки «дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани Иди Меҳргон  басо рамзӣ буда, ҳамчун иди кишоварзон ба ҳукми анъана даромадан таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат , Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  рў ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад».

Мавсуф ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро барои дубора эҳё намудани Меҳргон зикр намуда, аз дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ муфассал суханронӣ намуда, ҳамчунин гуфт, ки  аз Меҳргон то Меҳргон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мешавад. Қосим Қосимов якчанд мисоли мушаххас аз натиҷаи фаъолияти назарраси кормандони соҳаи кишоварзӣ оварда, бо далелу рақам дастовардҳои соҳаро изҳор дошт. Бино ба гуфти номбурда, то якуми сентябри соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 8 миллиарду 257 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,6 фоиз зиёд мебошад. Инчунин истеҳсоли ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, полезӣ, мева ва ангур низ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда мутаносибан аз 2,5 то 29 фоиз зиёд шудааст.  Ҳамзамон бо таъмини афзоиши 6,3 фоизи истеҳсоли маҳсулоти чорво, инчунин дар ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқии рушди минбаъдаи самтҳои афзалиятноки соҳа гузошта шудааст. Далели ин гуфтаҳо қабули якчанд қонуну қарорҳо дар соли 2013 мебошад, ки рушди мунтазами соҳаи кишоварзиро таъмин менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани комплексҳои чорвои хушзоти ширдеҳ ва гўштӣ», «Дар бораи мақоми ваколатдор дар соҳаи моҳипарварӣ» ва ғайра  аз ин ҷумла мебошад, ки барои бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин намудани аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дар охир кормандони пешқадами соҳаи кишоварзӣ бо мукофотҳои таъсиснамудаи Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардиданд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»