Аз нишастҳои матбуотӣ

№14 (3315) 31.01.2015

Ҳамоишҳои иқтисодӣ ба ҷалби сармоя мусоидат карданд

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим роҷеъ ба фаъолияти Кумита дар соли 2014 муфассал сухан ронда, минҷумла зикр намуд, ки тӯли соли гузашта  25 созишномаи нав ба маблағи умумии 754,4 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки 97,9 миллион доллари онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд. Ҳоло лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти воридшавии лоиҳаҳои нав аз 15 лоиҳаи қарзӣ, 28 лоиҳаи грантӣ ва 11 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант иборат буда, маблағи умумии онҳо 12,1 миллиард  сомонӣ ё 2,3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки  5,6 миллиард сомониаш (беш аз як миллиард доллари ИМА) грантҳо мебошанд.

Лоиҳаҳо зиёда аз даҳ соҳаи иқтисодиётро фаро гирифта, дар таркиби онҳо маблағҳои қарзӣ ба 46 фоиз ва маблағҳои грантӣ ба 46,2 фоиз  баробаранд.

Аз суханронии раиси Кумита ҳамчунон маълум шуд, ки  воридоти сармояи хориҷӣ нисбат ба як соли пеш 212,2 миллион доллари ИМА зиёд шудааст. Аз ҷумла сармоягузории   мустақим 78,7 миллион доллари ИМА, дигар намуди сармоягузориҳо 132,7 миллион доллари ИМА афзоиш ёфт.  Сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, энергетика, алоқа, сохтмон, хизматрасонии молиявӣ, саноат, саноати сохтмон, саноати хӯрока, кишоварзӣ ва ғайра равона шудааст.

Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва  муаррифии имкониятҳои  сармоягузории Тоҷикистон давоми соли гузашта як қатор  ҳамоишҳои иқтисодӣ гузаронида шуд. Муколамаи иқтисодӣ байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, вохӯрии гурӯҳи соҳибкорони вилояти Чинхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой, Бизнес — симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Форуми соҳибкорони  Шоҳигарии Баҳрайн ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бизнес- форум бо  иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Бизнес — форуми соҳибкорони  давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва  сармоягузорони  ватанию хориҷӣ, Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе -2014, Нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри  Душанбе ва монанди ин ҳамоишҳо ба раванди ҷалби сармоя вусъати тоза бахшиданд.

-Нақшаи солонаи татбиқи Барномаи хусусигардонии  моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2016 пурра иҷро гардид,- гуфт Қодири Қосим дар посухи саволи хабарнигори рӯзнома.

-Дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ 62 музояда ва 6 тендер гузаронида, дар маҷмӯъ 311 иншоот ва амволи давлатӣ фурӯхта шуд. Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти  ҷумҳуриявӣ 37,4 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид шудааст, ки 124,7 фоизи иҷрои нақшаи  пешбинигардидаро  ташкил медиҳад.

Абдулмаҷид МУРОДОВ,  «Садои мардум»

Ҳадафи  асосӣ — таъмини  босифати таълим

- Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия саъю талош менамояд,- иброз намуд ректори он Ашурбой Солиев дар оғози нишасти матбуотӣ.

Мувофиқи сохтори нав донишкада дорои факултетҳои «Молия ва қарз», «Ҳисобдорӣ ва омор», «Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ», «Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ», «Менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ», «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт»  буда, аз рӯи 32 ихтисос мутахассисонро тайёр мекунад.

- Натиҷаи сессияҳои зимистона ва тобистонаи соли 2014 дар донишкада назаррас буда, дар ин давра сафи донишҷӯёни хубу аълохон нисбати ҳамин давраҳои соли хониши 2013 аз 2,2 то 2,6 фоиз беҳтар гардидааст. Дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси устодон «Технологияи муосири таълим» ва курси омӯзиши маҳорати педагогӣ барои омӯзгорони ҷавон амал мекунад, ки айни ҳол 45 нафар соҳиби сертификат шуданд,- гуфт Ашурбой Солиев.

Дар соли хониши 2014-ум ба донишкада намояндагони ҳафт муассисаи таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷи кишвар ташриф оварданд ва хоҳиши ҳамкорӣ намуданд. Айни ҳол 12 нафар донишҷӯи донишкада дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Кипри Шимолӣ дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура таҳсил мекунанд

Роҳбарият ва коллективи омӯзгорони донишкада  ба корҳои тарбиявӣ диққати ҷиддӣ дода, давоми соли гузашта зиёда аз 100 чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ, варзишӣ-оммавӣ, мизи мудаввар ва вохӯриву суҳбатҳо гузарониданд.

Шӯрои занон ва духтарони донишкада низ дар ин давра фаъолияти пурсамар дошта, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мунтазам чорабиниҳои гуногунро дар сатҳи донишкада ва берун аз он баргузор намуданд.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

Шаҳрвандон барои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқҳои худ муроҷиат менамоянд

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар мақомот соли  гузашта 3253 муроҷиати  шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.

Аксарияти аризаву шикоятҳои хаттии воридгардида нисбати мақомоти судӣ (66 адад) мебошанд, агарчанде онҳо нисбат ба соли 2013-ум (91 адад) тамоюли камшавӣ доранд. Муроҷиатҳои хаттӣ дар самти ҳуқуқ ба манзил (58 адад) нисбат ба соли гузашта (18 адад) зиёд шудааст.

Муроҷиатҳо дар самти мусоидат ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ низ зиёд шудаанд ва теъдоди онҳо аз 18 адад дар соли 2013 то ба 31 адад дар соли 2014 расидааст. Шаҳрвандон аз ғайриқонунӣ дастгир кардан, наандешидани чораҳои қонунӣ нисбати шахсони гунаҳкор, кашолкорӣ дар тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ ва беасос оғоз ва қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ шикоят намудаанд. Дар муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон низ шикоятҳо нисбати мақомоти судӣ аксариятро ташкил медиҳанд. Сарфи назар аз он ки аз ҷониби давлат ва хусусан роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати сохтмони манзили дастрас  барномаҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд, масъалаҳои вобаста ба манзил ҳамчун масъалаи доғи рӯз ҳанӯз боқӣ мемонад.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Ҳамкориҳои муштарак дар пешгирии қочоқи маводи мухаддир

Дар соли 2014 бо иштироки бевоситаи кормандони Агентӣ фаъолияти се гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва 24 гурӯҳи ҷинояткор, ки дар таркиби он 57 нафар ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро  содир намудаанд, ошкор карда,  безарар гардонида шуд,-  иброз намуд  зимни нишасти матбуотӣ директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор — 2014» дар давраи аз 20 – уми май то 30 ноябри соли сипаришуда аз тарафи кормандони сохторҳои  қудратӣ  аз муомилоти ғайриқонунӣ ду тоннаву  432 кг 637 грамм маводи нашъаовар  мусодира гардид. Дар рафти амалиёт  як  млн. 110  971 бех банги худрӯй дар масоҳати 3,7 гектар ошкор ва бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.  Кормандони  Агентӣ  дар ҳамкорӣ бо кормандони  полиси Афғонистон 13 амалиёти муштарак  гузарониданд, ки дар натиҷа аз  муомилоти ғайриқонунӣ  2 тоннаю 137кг 900 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид. Инчунин 19 шахси дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта боздошт гардида, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Аз 20 то 25 майи соли 2014 дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод амалиёти махсуси байналмилалии «Канал-Южный капкан» гузаронида шуд, ки дар он  намояндагони кишварҳои аъзои  СААД — Тоҷикистон,   Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия, кишварҳои мушоҳид- Афғонистон, Эрон, Хитой  ва Покистон иштирок доштанд. Дар натиҷаи ин амалиёти муштарак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои  қудратӣ 666 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.

Бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар муассисаҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ 69 санҷиш гузаронида, ду дастурамал оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тартиб  дода шуд. Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи шахсони бо ташхиси  нашъамандӣ дар қайди диспансерӣ қарордошта  ба 7279 нафар расидааст, ки нисбати соли 2013- ум 103 нафар ё 1,4 фоиз зиёд мебошад. Мутобиқи  маълумоти Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти бадан  дар ҷумҳурӣ 6558 ҳодисаи ин беморӣ, аз ҷумла 1971 зан ба қайд гирифта шудааст.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

Густариши робитаҳои байналмилалӣ

Зимни нишасти матбуотӣ  ректори Донишкадаи  соҳибкорӣ  ва хизмат Диловар Қодиров  зикр намуд, ки дар давраи сипаришуда донишкада дар самти фаъолияти илмӣ- тадқиқотӣ корҳои зиёдеро  анҷом дод.  Донишкада чор  конфронси илмӣ- амалии байналмилалӣ, аз ҷумла се  конфронси муштарак якҷоя бо Донишкадаи иқтисод ва идоракунии иҷтимоии Воронеж ва Донишгоҳи техникии  шаҳри Лутски Украина ва як конфронси муштарак якҷоя бо Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ- методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   бахшида ба бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ доир намуд. Ҳамзамон дар озмуни ҷумҳуриявии «Навовари беҳтарин» панҷ  нафар устодони ҷавони донишкада ширкат варзиданд ва барои дастовардҳои илмию амалиашон дар ин самт  бо ифтихорномаҳои вазорат қадрдонӣ карда шуданд.

-Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иҷрочии ду лоиҳаи ҷумҳуриявӣ мебошад. Инҳо лоиҳаҳои ҷумҳуриявии « Роҳу  усулҳои такмили  тарбияи мутахассисони  соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва  «Зарурати баландбардории маърифати молиявии аҳолӣ» мебошанд, ки аз Буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки  робитаҳои байналмилалӣ  низ дар ин давра густариш ёфтанд.  Аз ҷумла дар соли 2014  донишкада бо нуҳ  донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмӣ- тадқиқотии ватанию  байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Инчунин  донишкада  дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Темпус «Рушд ва такомули мудирияти  донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ» ҳамчун иштирокчӣ пазируфта шуд. Акнун имконият ба вуҷуд омад, ки тӯли се соли оянда (2014-2016) таҷрибаи шарикони лоиҳаро аз кишварҳои гуногуни дунё омӯхта, сатҳу сифати робитаҳои хориҷии донишкадаро вобаста  ба меъёрҳои байналмилалӣ  беҳтар  намоем,- гуфт дар хотима Диловар Қодиров.

Д. ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»

Татбиқи лоиҳаҳо идома дорад

Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» якҷоя бо нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» баргузор гардид.

Аз маълумоти пешниҳод-шуда бармеояд, ки давоми соли 2014 дар ҷумҳурӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо идома ёфта, татбиқи якчанд лоиҳаи дигар оғоз шудааст. Лоиҳаҳои «Сохтмони НБО-ҳои хурд дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ дар НБО-и «Норак», «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и «Норак», «Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ», «Барқарорсозии НБО-и «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт», «Сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2», «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (САSА-1000)» ва ғайра иқтидори энергетикии Тоҷикистонро зиёд намуда, ҷумҳуриро аз буҳрони энергетикӣ раҳо ва ба  кишвари содиркунандаи қувваи барқ табдил медиҳанд. Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои мазкур Бонки Рушди Осиё, Бонки Исломии Рушд, Бонки Рушди Олмон, «ЭксИмБонк»- и  Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»