Аз нишастҳои матбуотӣ

№9 (3155) 25.01.2014

Фаъолият қаноатбахш  ва нақшаҳо зиёданд

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино давоми 74 соли фаъолияти пурмаҳсули худ ба шарофати омода намудани мутахассисони болаёқати бахши тандурустӣ  миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мавқеи хос дорад, зикр гардид дар нишасти матбуотӣ. Зимни нишаст узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори донишгоҳ,профессор Убайдулло Қурбонов таъкид бар он намуд, ки дар ҳама самтҳои фаъолият нишондиҳандаҳо хеле хуб мебошанд. Соли гузашта 99,7 фоизи хатмкунандагони донишгоҳ муваффақона таҳсилро ба анҷом расониданд.

Ғанӣ гардонидани китобхонаи донишгоҳ низ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, соли гузашта ба он иловатан 25878 нусха адабиёти чопӣ ворид гардид. Самараи иқдомоти мазкур аст, ки айни замон фонди умумии китобхона 701498 нусхаро ташкил дода, дар ин макони илму маърифат таъминоти адабиёт бо се забон –тоҷикӣ,русӣ ва англисӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Соли гузашта аз ҷониби кормандони донишгоҳ ба 49000 бемор ёрии ташхисӣ, табобатӣ ва машваратӣ расонида, аз ҷумла 13000 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Сатҳи баланди касбият ба устодони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имконият додааст, ки  30 усули ҷадиди ҷарроҳиро дар амал татбиқ намоянд. Бино ба гуфти Убайдулло Қурбонов, ҳамасола дар мамлакат беш аз 150000 амалиёти ҷарроҳӣ сурат мегирад, ки аз ин миқдор танҳо 150-тои он бо нокомӣ меанҷомад. Пайомади ин ҷарроҳиҳо низ ба сатҳи касбияти табибон вобаста набуда, аз омилҳои дигар, ба мисли дер ба табиб муроҷиат намудан ва ғайра, вобастагӣ дорад.

Мутаассифона, ҷиҳатҳои мусбии фаъолияти табибони мамлакат аз мадди назари воситаҳои ахбори омма дур монда, аксаран ҷиҳатҳои манфӣ бо муболиғаҳои зиёд, ки « аз паша фил сохтан»-ро шабеҳ аст, манзури аҳли ҷомеа мешавад. Рукни асосии муносибати табиб ва бемор ба эҳтиром ва ихлос асос ёфта, дар сурати мавҷуд набудани ин омилҳо натиҷаи хуб додани раванди табобат зери суол меравад. Биноан, аҳли ҷомеаро мебояд ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд,-афзуд Убайдулло Қурбонов.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Ҳодисаҳои нохуш таҳқиқ мешаванд

 Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сиҷоуддин Мирзоев гуфт, ки тӯли соли 2013 дар хадамот 1752 корхона  ва 14243 иншоот ба қайд гирифта,  давоми ин давра дар корхонаҳои бақайдгирифташуда аз тарафи ҳашт нозироти давлатӣ ва се нозироти комплексии бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 1 049 назорати техникӣ гузаронида шуд.

Барои наандешидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва сар задани ҳодисаҳои нохуш  дар иншоотҳои истеҳсолии хатарнок ба 45 нафар роҳбарони корхонаҳо нишондод оид ба қатъ гардонидани фаъолият пешниҳод гардид.

Дар рафти назорати техникӣ 69 нафар  шахсони мансабдори корхонаҳои бақайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо 55 ҳазору 120 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

- Дар давоми соли 2013 нозироти хадамот ҳашт ҳодисаи нохуши истеҳсолиро ба қайд гирифта, таҳқиқоти махсуси техникиро ба анҷом расонид, — гуфт С. Мирзоев.

Хадамот дар оянда ба нақша гирифтааст, ки бо мақсади пурзӯр намудани назорати давлатии бехатарии корҳо тамоми чораҳоро андешида, талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро оиди бехатарии саноатӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

Илова ба маълумотномаи муфассал, зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиҷоуддин Мирзоев ба саволҳои сершумори хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ҷавобҳои мушаххас дод.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

 Радио ва телевизиони давлатӣ ба мардум чӣ пешкаш мекунад?

Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки соли 2013 онро шабакаҳои давлатии телевизион ва радио ҳамаҷониба инъикос намуданд, маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз ҷумла тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон гузоришҳо оид ба ҷараёни омодагӣ ба интихобот, маълумот дар бораи номзадҳо пешниҳод гардида, вобаста ба фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон роликҳои тарғиботӣ ва барномаҳои алоҳида пахш гардид. Бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ инъикос намудани маъракаи «Интихобот-2013» студияи нави Идораи барномаҳои иттилоотӣ дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шуд.

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соли сипаришуда барномаҳои нави «Ҳукм», «Дар ин замона», «Дид», «Хонадон», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» барномаҳои нави «Оинаи ҳунар», «Ҷолиб», «Ногаҳон», «Зулоли андеша», «Фарзонагон» ва ғайраро пешкаши бинандагон гардониданд. Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон-Баҳористон» барои насли наврас барномаҳои ҷолибу рангоранг пешниҳод менамояд. Ҳамзамон ин муассиса бахшида ба 20-солагии Артиши миллӣ озмуни навбатии расмкашони ҷавонро таҳти унвони «Мо-ҳимоятгари Ватан» баргузор намуд. Дар озмун, ки қариб як моҳ идома дошт, 1456 нафар ширкат варзида, зиёда аз 4000 расм ба маърази тамошо гузоштанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Овози тиллоӣ-2013» бошад, аз манотиқи гуногуни кишвар 1777 нафар наврасон ширкат варзида, маҳорати худро санҷиданд.

Шабакаҳои радиоии «Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» низ як қатор барномаҳои навро пешкаши шунавандагон гардониданд, аз қабили «Зиндагиафрӯз», «Саломат бошед», «Парвози илҳом», «Фурӯғ», «Асрори матбах», «Фарҳанги растагорӣ», «Ганҷинаи ҳастӣ», «Дипломатияи Тоҷикистон», «Рӯзгори Мавлоно», «Оинадори нур», «Зарангора» ва ғайра.

Соли 2013 аз ҷониби ҶСК «Телерадиоком» дар ноҳияҳои тобеи марказ 51 адад, ВМБК 46 адад, вилоятҳои Хатлон 37 адад, Суғд 57 адад фиристандаҳои телевизионӣ таъмир шуд. Ҳамзамон дар ин муддат дар қаламрави ҷумҳурӣ 23 адад фиристандаи гуногунқудрати радиотелевизионӣ насб гардид.

Ин аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои фаъолияти яксолаи кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамзамон, зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси кумита Саидалӣ Сиддиқов ва дигар муовинон ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 Файзобод файзрез аст

Ба ҳайси иҷрокунандаи раиси ноҳияи Файзобод Имомназар Мирзоев аввалин нишасти матбуотиаш буд. Саволи мо ҳам аз эшон чунин буд, ки дар Файзобод кадом имконоту захираҳои рушд мавҷуд аст? Зимни посух ба ин савол И. Мирзоев зикр кард, ки Файзобод воқеан ҳам минтақаи файзхезу файзбор аст ва дар ин ҷо ҳанӯз тамоми захираҳо истифода нашудаанд. Аз ҷумла табиати хушу гуворо, иншоотҳои таърихии ин макон тақозо менамояд, ки дар ин ҷо базаҳои сайёҳӣ созмон дода шавад. Ҳамзамон мо ният дорем бунёди корхонаҳои гуногуни истеҳсолиро ба роҳ монем, зеро ҳоло меҳнаткашони ноҳия асосан ба кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғул буда, айёми сардиҳо аксарашон бекоранд.

-Фаъолияти аҳли заҳмати ноҳия дар соли сипаригардидаи 2013 назаррас буд. Қариб дар ҳама соҳаҳо иҷрои дурнамо таъмин гардид. Чунончӣ, дар ин давра иҷрои буҷет дар қисми даромад 12701,5 ҳазор  сомониро ташкил дод, ки баробари 102 фоизи нақша мебошад. Иҷрои нақшаи ҳамаи намуди андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд таъмин гардида, ба буҷет аз ҳисоби андозу пардохтҳо ба ҷои  12403,8 ҳазор сомонӣ 12701,5 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Давоми соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 180 миллиону 678  ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 5030 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кишоварзони ноҳия соли 2013 дар майдони 4269 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузарониданд. Майдони картошказори ноҳия 743 гектарро ташкил дод. Дар 459 гектар сабзавот кишта шуд. Ҳосили ҷамъовардаи деҳқонон  13273 тонна картошка ва 9925  тонна сабзавотро ташкил дод. Бо вуҷуди афзоиши саршумори чорво, парранда ва оилаҳои замбӯри асал, дар ин соҳаҳо захираю имконоти рушд боз ҳам зиёд аст. Инчунин корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки иқтидорҳои худро пурра истифода бурда, натиҷаҳои баландтари истеҳсолӣ ба даст оранд,- таъкид намуд иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия И. Мирзоев.

 К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»

 Татбиқи сиёсати экологӣ-вазифаи асосӣ

Нишасти навбатии матбуотӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси тозаинтихоби он Хайрулло Ибодзода, муовинон ва роҳбарони сохторҳои кумита гузашт.

Роҷеъ ба фаъолияти кумита дар соли 2013  Х. Ибодзода аз ҷумла зикр кард, ки татбиқи сиёсати экологӣ дар мамлакат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Дар ин робита фаъолияти кормандону мутахассисони кумита ба таъмини иҷрои Стратегия ва Барномаҳои давлатию соҳавӣ, таъмини амнияти экологии аҳолӣ, ҳифзу беҳдошт, истифодаи оқилонаи табиат ва барқароркунии он, назорати риояи меъёр ва стандартҳои экологӣ равона шудааст. Аз ҷумла вобаста ба «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» панҷ чорабинӣ амалӣ гардида, дар доираи таъмини иҷрои «Барномаи барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2016» барои сохтмони стансияи ҳавосанҷии шаҳри Кӯлоб корҳои банақшагирифташудаи сохтмонӣ анҷом ёфтанд.

Вобаста ба фаъолияти пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, соли гузашта 23551 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида, қонуншиканиҳо ошкор гардиданд ва ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани  талаботи қонунгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист 36840 пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ дода шуд.

Дар соли 2013 ворид гардидани Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО яке аз рӯйдодҳои муҳим арзёбӣ гардид.

 Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 Зиёдшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба манфиати кор аст

Дар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин сохтор тӯли соли гузашта ба журналистон бозгӯйӣ гардид. Раиси кумита Маҳмадтоир Зокиров тамоми самтҳои фаъолиятро дар заминаи таҳлили амиқу асоснок ба ҳозирин ироа намуда, минҷумла зикр кард, ки айни замон дар ҷумҳурӣ масоҳати умумии замин 14 миллиону 255 ҳазору 397 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор, бино ба гуфти номбурда, 749 ҳазору 656 гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилдотҳои кишоварзӣ» кори зиёдеро ба сомон расонидааст. Масалан, то ин замон 127 ҳазору 877 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ташкил гардида, соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин шуданд. Соли 2013 дар мамлакат 23 ҳазору 333 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфтааст. М.Зокиров муътақид аст, ки зиёд гардидани чунин хоҷагиҳо ба беҳбудӣ ёфтани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам омадани ҷойҳои нави кор ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамоянд

 Д. Мерганов, «Садои мардум»

 Теъдоди нафақахӯрон ҳамрадиф бо ҳаҷми нафақа меафзояд

Теъдоди нафақахӯрон, ҳаҷми  нафақа ва сатҳи дастрасии он аз ҷумлаи масоили асосии нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт.  Директори агентии мазкур Руҳулло Ҳакимов изҳор намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди нафақахӯрон 611 ҳазору 58 нафарро ташкил медиҳанд, ки назар ба соли пеш 14 ҳазору 773 нафар зиёд аст.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар заминаи ибтикороти инсондӯстонаи  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола андозаи нафақа ва кӯмакпулиҳо зиёд мешавад. Бино ба гуфти Р. Ҳакимов,  соли 2013 талаботи моҳона, бе назардошти кӯмакпуливу иловапулиҳо, 131,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати як соли пеш 31,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Бо назардошти кӯмакпуливу иловапулиҳо бошад, ин нишондиҳанда ба  143,4 миллион сомонӣ баробар шуд. Ба суоли журналистон бобати раванди дастрасии саривақтии нафақа номбурда иброз дошт, ки дар ин самт ягон мушкилӣ вуҷуд надорад ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми уҳдадориҳои хешро вобаста ба таъмини саривақтии нафақапулӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро менамояд.

Д. АБДУЛЛО, «Садои мардум»

 Дастовардҳои кишоварзону сохтмончиён назаррас буд

Дар Кохи матбуоти маркази вилоят нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 60 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ ба рӯзноманигорон доир ба нишондиҳандаҳои соли гузашта маълумот дод. Аз ҷумла изҳор гардид, ки дар ин давра нақшаи даромадҳои Буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 103,3 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 962 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбати соли 2012-ум 195,5 млн. сомонӣ  зиёд мебошад.

Кишоварзон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 5 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба як соли пешин 106,4 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 3,9 млрд. сомонӣ расонида шуд.

Аз 324 корхонаи саноатӣ 232 корхона ё 71,6 фоиз вусъати афзоишро таъмин намуданд, 84 корхона ё 25,9 фоиз нисбат ба соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам карданд ва 8 корхона аз фаъолият бозмонд.

Аз 77 номгуйи маҳсулоти асосии истеҳсолшавандаи саноатӣ истеҳсоли 45 номгӯй (58,4 дар сад) нисбати соли гузашта зиёд гардид.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва дастгирии кормандони воситаҳои ахбори омма бо қарори раиси вилоят барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014 таҳти унвони «Инсон, замон ва ҷомеа» озмуни вилоятӣ баргузор мешавад. Озмун аз бахшҳои кишоварзӣ ва ислоҳоти замин, саноат, нақлиёт, роҳсозӣ ва мавзӯъҳои дигари иҷтимоӣ  иборат аст. Бо ин мақсад, барои ғолибон 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Абдураҳмон Қодирӣ ба саволи журналистон доир ба муносибати мақомоти иҷроия бо воситаҳои ахбори омма, рушди соҳибкорӣ дар доираи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, муаммои пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмини об дар ноҳияҳои кишоварзӣ, ташкили ҳукумати электронӣ, бунёди маркази гармидиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмири иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, таъминоти аҳолӣ бо барқ ва риояи меъёр, ҷалби соҳибкорони муҳоҷир дар  рушди иқтисодиёти вилоят ва ғайра посух гуфт.

Мухтори Абдулло, «Садои мардум»

 Дар байни беҳтарин донишгоҳҳои ИДМ

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки мувофиқи ҷадвали рейтингии Агентии байналмилалии «Интерфакс» аз моҳи декабри соли 2013, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона таълимгоҳи кишвар мебошад, ки аз лиҳози омодагӣ ба навгониҳо, ба рӯйхати беҳтарин 200 муассисаи олии касбии ИДМ шомил гардидааст. Дар рӯйхати васеъгардидаи ин назарпурсӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар байни 400 муассисаи инноватсионии таълимоти олии ИДМ мақоми 151- ро соҳиб шудааст, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтарин нишондиҳанда мебошад.

Донишгоҳ дар маҷмӯъ ҳамкориҳои судмандро бо зиёда аз 40 таълимгоҳи кишварҳои хориҷӣ ба роҳ мондааст. Дар донишгоҳ ду факултети муштараки тоҷикӣ- россиягӣ ва тоҷикӣ- украинӣ фаъолият доранд ва онҳо барномаҳои  зинавии ихтисосҳои гуногунро бо таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар дар амал ҷорӣ менамоянд.

Инчунин дар донишгоҳ Маркази таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд, ки дар заминаи он донишҷӯён метавонанд дар баробари таҳсил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фосилавӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ва як қатор муассисаҳои таҳсилотии Федератсияи Россия таҳсил намоянд.

Дар асоси шартномаҳои баимзорасида соли 2013 – ум  зиёда аз 900 нафар донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои техникию технологӣ дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия бо маблағгузории ин кишвар таҳсил доранд. Мавриди зикр аст, ки 215 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 2013 аз рӯйи ихтисосҳои техникию технологӣ муассисаҳои олии Федератсияи Россияро  хатм карда, дар соҳаҳои вобаста ба ихтисоси худ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Донишгоҳ нахустин таълимгоҳи олии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар сохтори он факултети  ташаккули имиҷ ва модели аврупоии таҳсилот таъсис дода шудааст. Дар заминаи он имрӯзҳо гурӯҳҳои академии таълимашон бо забони англисӣ фаъолият доранд. Муаррифии дастовардҳои донишҷӯёни ин факултет дар моҳи декабри соли 2013 собит намуд, ки иқдоми таъсиси сохтори мазкур саривақтӣ буда, он омили муҳими тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар шароити Тоҷикистони муосир мебошад.

-Қобили зикр аст, ки гуфт Нуралӣ Шоев,- давоми сол 40 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмиро ҳимоя карданд.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»

Донишгоҳ- иштирокчии барномаи ТЕМПУС ва Эрасмус Мундус

Тавре дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Муминҷон Шарипов зикр намуд, донишгоҳ дорои чор факултети омӯзиши рӯзона, шуъбаи омӯзиши ғоибона, шуъбаи магистратура, Маркази такмили ихтисоси бозомӯзии соҳаи савдо, бонки таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, Маркази таҳсилоти фосилавӣ, бахши мудофиаи шаҳрвандӣ мебошад.

Соли сипаригардида 16 нафар донишҷӯён бори аввал дар гурӯҳҳои таълимашон бо забони англисӣ донишгоҳро хатм намуда, соҳиби дипломи байналмилалӣ гаштанд.  Ҳамзамон  дар соли 2013 ду нафар олимони ҷавони донишгоҳ- номзади илмҳои иқтисод Фотеҳ Аминов ва номзади илмҳои физика- математика Ҷасур Одинабеков бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ  барои корҳои беҳтарини илмӣ сазовор гардиданд, — афзуд ректори донишгоҳ.

Инчунин қисми зиёди устодони донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ барои такмили ихтисос фиристода шуданд. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз фаъолтарин иштирокчиёни барномаи ТЕМПУС ва Эрасмус Мундус буда, аз соли 2004 инҷониб дар ҳафт лоиҳаи мазкур иштирок менамояд. Айни замон донишгоҳ дар татбиқи чор лоиҳаи он, аз ҷумла «Менеҷменти стратегии донишгоҳҳо», «Байналмилалишавии таҳсилоти олӣ», «Тюнинг- ислоҳоти таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ- таҳияи салоҳиятҳо» ва  «Такомули омӯзиши забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ» фаъолона ширкат меварзад.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

 Таъмини татбиқи якхелаи қонунҳо

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев зикр намуд, ки дар марҳилаҳои гуногуни судӣ 7051 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дархосту пешниҳод мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт, ки нисбати ҳар кадоме аз онҳо қарорҳои дахлдори қонунию асоснок қабул гардиданд.

Аз 22 парвандаи гражданӣ ва оилавӣ ба 14 парванда ҳалнома бароварда, баррасии панҷ парванда бинобар даст кашидани даъвогарон аз даъво ва созиши оштии тарафҳо қатъ, ду ариза бе баррасӣ монда, як дархост оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаи суди давлати хориҷӣ қонеъ карда шудааст.

Аз шумораи умумии маҳкумшудагон ба 66 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла нисбати ду нафар ҷазои якумра, ба чор шахс ҷазои ҷарима, ба чор нафар ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ таъин карда шуд. Нисбати шаш нафар ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст.

Дар ҳамин давра 8 мавод аз рӯйи дархостҳои муфаттишон оид ба иҷозат додан барои интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан, дароз кардани муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан, кофтукови утоқи корӣ ва чор пешниҳоди иҷрочиёни суд оид ба дароз намудани муҳлати пардохти ҷарима ворид ва баррасӣ гардиданд.

Аз ҷониби коллегияҳои судӣ дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ  301 парвандаи ҷиноятӣ, 354 гражданӣ, 220 оилавӣ ва 17 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Раёсати Суди Олӣ низ баррасии парвандаҳоро аз рӯйи 53 эътироз ва шикоятҳои назоратӣ таъмин намуд. Соли гузашта 2 ҷаласаи Пленуми Суди Олӣ баргузор гардида, дар он 16 қарор қабул шуд, ки онҳо барои таъмини татбиқи якхелаи қонунҳо, таҷрибаи ягонаи судӣ ва қабули қарорҳои қонунию асоснок аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва судҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 Мурофиаҳои судии сайёр низ баргузор шуданд

   Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Мансуров дар  нишасти матбуотӣ  зикр намуд, ки дар Суди Олии иқтисодӣ  454 парванда ва 298 арзу шикоят баррасӣ шудааст, ки аз он 279 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ мебошад. Дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 1 345 575 (як миллиону сесаду чилу панҷ ҳазору панҷсаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ супорида шудааст. Инчунин аз ҷониби судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру ноҳияҳо 11 парванда дар мурофиаҳои судии сайёр баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон онҳо дар ҷаласаи Шӯрои раисони судҳои арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳо оид ба баррасии баҳсҳои иқтисодӣ дар шаҳри Киеви Украина ва  конфронси байналмилалии илмӣ- амалӣ дар мавзӯи  «Адолати маъмурӣ», ки дар  шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гашт, ширкат варзиданд. Моҳи августи соли сипаригардида Суди Олии иқтисодӣ якҷоя бо Лоиҳаи Шӯрои Аврупоӣ ва Ҷамъияти Олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ семинар — машварат дар мавзӯи «Тартиби баррасии баҳсҳои ҳуқуқи оммавӣ, инчунин вазъияти имрӯза ва имкониятҳои оянда»-ро доир намуд.

Шарофати БОБОҶОН, «Садои мардум»