Аз нишастҳои матбуотӣ

№10 (3156) 28.01.2014

Равзанаи ягона ва «Истгоҳи ягона» нафъи зиёд мебахшанд

- Гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 маблағи 5301,2 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2012 ба андозаи 3,1 фоиз зиёд шуд. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 4129,4 млн. доллар ба воридот ва 1171,9 млн. доллар ба содирот рост меояд, — изҳор дошт муовини якуми сардори Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Раҳматов.

Аз маълумоти ироакардаи Н. Раҳматов ҳамчунон аён гардид, ки ҳаҷми  асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия, Россия, Эрон, Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қазоқистон, Швейтсария ва воридоти мол бошад, бештар ба Россия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Литва, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия рост меояд.

Хадамоти гумрук тӯли соли гузашта ба Буҷети давлатӣ, бо назардошти ҳама сарчашмаҳои даромад, 3 миллиарду 241 млн. сомонӣ ворид намуд, ки назар ба соли 2012 ба андозаи 496,3 млн.  сомонӣ зиёд аст.

Кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 5379 ҳодисаи қонуншикании гумрукиро ошкор намуданд. Маблағи умумии аз ҳисоби ҷаримаҳо, молҳои мусодирашуда ва пардохтҳои гумрукии ба Буҷети давлатӣ воридкарда  91488880 сомониро ташкил кард.

Тӯли соли гузашта 1064 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ нисбати молҳои  зераксизӣ, аз қабили сӯзишвории  нафтӣ, маҳсулоти спиртӣ ва тамоку ошкор шуд.

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри содагардонии расмиёти содиротию воридотӣ, таъмини барасмиятдарории саривақтию шаффофият ва аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми интиқоли молҳо ба мушоҳида мерасанд, чорабиниҳо бо мақсади татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи «Равзанаи ягона» оид ба амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ тасдиқ шуда, мавриди амал қарор доранд.

Оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ дар гузаргоҳҳои автомобилӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипи «Истгоҳи ягона»  3 апрели соли 2012 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, гумрук ҳамчун мақоми ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти назоратӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ  эътироф  шудааст.

- Татбиқи системаи «Равзанаи ягона» ва амалӣ намудани  «Истгоҳи ягона» дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба содагардонии расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, рушди тиҷорати хориҷӣ ва афзоиши сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамояд, — таъкид дошт муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Раҳматов.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

 Воридшавии  маблағ ба «Тоҷиксуғурта» афзуд

-«Тоҷиксуғурта» соли 2013 ба 13 ҳазору 345 шахси ҳуқуқию воқеӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, ба маблағи 11 миллиону 363 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт кард, ки нисбат ба соли 2012-ум 968 ҳазор сомонӣ ё 9,3 фоиз бештар мебошад,-иттилоъ дод директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷиксуғурта» Аловидин Сатторов.

Дар нишаст зикр шуд, ки соли сипаришуда аз ҷониби КВД «Тоҷиксуғурта» зимни муроҷиати шаҳрвандоне, ки наздиконашон дар садамаҳои нақлиётӣ фавтидаанд ва ё осеби ҷисмонӣ бардоштаанд, ҳақгузорӣ шуданд. Аз ҷумла соли 2013-ум корхона137 ҳазору 620 сомонӣ барои нафарони дар садама фавтида ва 24 ҳазору 469 сомонӣ барои шахсони захм бардошта ҳақгузорӣ намуд.

Дар робита А. Сатторов чунин иброз дошт: «То кунун дар мо ҳолате нашудааст, ки нафари ба садама дучоршуда бо ариза ба «Тоҷиксуғурта»  муроҷиат карда бошад ва мо беасос ӯро қонеъ накарда бошем»

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, давоми чор сол инҷониб воридшавии маблағ ба КВД «Тоҷиксуғурта» қариб се баробар зиёд шудааст. Яъне,  чор сол муқаддам воридоти солонаи маблағ 26 миллион сомониро ташкил медод, ҳоло бошад, ин рақам ба 60 миллион сомонӣ расидааст.

Корхонаи мазкур соли пешин ба буҷети ҷумҳурӣ оид ба ҳамаи намудҳои андоз ва пардохтҳо 29 миллиону 5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид намудааст. Ҳаҷми ҳақгузории корхона дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ 89 фоизро ташкил дод.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

 Татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа дар соли 2013

-Соли 2013 дар доираи марҳилаи дуюми Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин 20151 адад Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба расмият дароварда шуд, ки нисбат ба соли 2012-ум 5717 адад зиёд аст,-иттилоъ дод директори муассисаи «Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин» Маҳмудҷон Хабиров.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта, мутахассисон 71 838 адад хоҷагии деҳқонии инфиродию оилавӣ ташкил карда, онҳоро бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин карданд, ки аз ҳисоби маблағҳои Лоиҳа ройгон сурат гирифт. Инчунин барои вусъат додани корҳои бақайдгирии молумулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар шаҳри Хуҷанд Маркази шаҳрии бақайдгирии молумулки ғайриманқул ташкил карда шуд  ва  ба ин марказ 18 нафар мутахассис қабул гардид. Алҳол дар муассисаи мазкур ва марказҳои минтақавии он 219 нафар ба кор ҷалб шудааст.

Ҳамзамон соли пешин мутахассисони марказ маъракаҳои иттилоотиро барои бештар фаҳмонидани моҳияти ислоҳоти замину хоҷагидорӣ ва бақайдгирии молумулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар байни шаҳрвандон гузарониданд.

Дар хусуси корҳои геодезию харитасозӣ зикр шуд, ки мутахассисони Лоиҳа бо истифода аз таҷҳизоти нави электронӣ имкон пайдо карданд, ки ҳудуди замини хоҷагиҳоро аз тариқи аксҳои кайҳонӣ дақиқ чен кунанд.

Бояд гуфт, ки тибқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 1 апрели соли 2012 то 31 марти соли 2015 барои тамдиди татбиқи Лоиҳа 10 миллиону 18,75 ҳазор доллари ИМА маблағғузории иловагӣ пешбинӣ гардидааст.

Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»

 Саволи зиёд беҷавоб монд

Вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов оиди фаъолияти соҳа дар соли 2013-ум маълумот дода, гуфт, ки муассисаҳои тиббии мамлакат амалӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобатро идома дода, дар маҷмӯъ 1095 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1805 амалиёти ангиография, 239 амалиёти стентгузорӣ ва 138 амалиёти васли шоҳрагу иклил ва аввалин маротиба  дар се навраси 13-15 сола ҷарроҳии пайвандсозии гурда гузарониданд.

Нусратулло Салимов ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, фармасевтӣ – санитарӣ — эпидемиологӣ  ва сохторҳои дахлдори вазорат 1200 санҷиши нақшавию ғайринақшавӣ гузаронида шуд, ки зиёда аз 700 муассисаи табобатӣ ҷаримабандӣ шуданд. Дар ин давра шумораи беморони гирифтори гепатити А зиёд гардид, ки аз истифодаи об ва нашустани меваҳо ба миён омадааст.

Дар рафти нишасти матбуотӣ, аз ҷумла аз ҷониби хабарнигорон савол матраҳ шуд, ки агар дар соҳаи тиб пешравиҳо назаррас бошад, пас чаро барои як бемори дар беморхона бистаригардида дар як шабонарӯз ҳамагӣ як сомону чилу панҷ дирам маблағ ҷудо мешавад? Мутаассифона, ин савол беҷавоб монд.

Хабарнигорони воситаҳои ахбори омма аз вазири тандурустӣ ва мутасаддиёни соҳа ҳамчунин бо суолҳои барои ҷарроҳӣ кардани як бемор чӣ қадар маблағ  зарур аст, чаро хизматрасонии тиббӣ ба муроҷиаткунандагон мувофиқи талаб нест, фурӯхтани муассисаҳои тиббӣ ва дорувориҳоеро, ки реклама мешаванд, кӣ назорат мекунад, чаро бештари табибон дуруст ташхис накарда, табобат мефармоянд, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №122 аз 30 марти соли 2013  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2013-2014» дар соҳаи тиббӣ мамлакат чӣ гуна аст? — муроҷиат карданд. Мутаассифона, вазир ва мутасаддиёни соҳа ба ин саволҳо ҷавоби қаноатбахш дода натавонистанд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

 292 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Абдураҳимов дар нишасти матбуотӣ зикр дошт, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ соли 2013-ум 83 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омадааст. Дар натиҷаи он 11 нафар ба ҳалокат расид. Инчунин дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо 124 нафар фавтидаанд.

Мутобиқи «Нақшаи перспективии кӯчонидани хоҷагиҳои шахсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 2011-2013 таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор доранд», аз 300 хоҷагии банақшагирифташуда 292 хоҷагӣ аз мавқеи хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд. Ҳамзамон  қувваю воситаҳои Кумита дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта,  амалиёти кофтуковӣ- наҷотдиҳӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба зарардидагон фаъолона ширкат намуданд. Дастаҳои наҷотдиҳии Кумита  моҳи июни соли 2013 дар машқҳои байналмилалии дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузоргардида, ки дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ташкил карда шуд, фаъолона иштирок карданд. Намояндагони Кумитаи мо дар  мусобиқаи бисёрҳарбаи сохторҳои наҷотдиҳии давлатҳои хориҷӣ «КАЗСПАС-2013», ки  дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гашт, байни 22 даста сазовори ҷойи панҷум гардиданд.

-  Аз тарафи раиси Кумита ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дар маҳалҳо 1115 шаҳрванд бо арзу шикоятҳои шахсӣ қабул карда шуданд,- гуфт дар анҷоми нишаст раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайридин Абдураҳимов.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

 Сармояи БДАТ «Амонатбонк» 15,3 фоиз афзуд

Раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Ҷамшед Норинов зимни ҷамъбасти фаъолияти солона иттилоъ дод, ки  БДАТ«Амонатбонк» дорои шабакаи васеъ буда, бо 75 филиал, 507 маркази хизматрасонӣ, 56 нуқтаи мубодилаи асъор ва 179 нуқтаи интиқоли маблағ дар низоми бонкии ҷумҳурӣ мавқеи хос дорад. Бино ба гуфти мавсуф, айни замон бонк ба зиёда аз шаш ҳазор  муассисаи соҳаи буҷетӣ, 11 ҳазор корхонаи ғайрибуҷетӣ, 629 ҳазор нафар нафақагирон ва 472 ҳазор нафар амонатгузорон хизматрасонӣ менамояд. Дороиҳои бонк то 31 декабри соли 2013 ба 1,3 миллиард сомонӣ баробар буда, сармояи умумии бонк дар ин давра 188 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2012-ум 15,3 фоиз зиёд мебошад.

Тавре  Ҷ.Норинов зикр кард, соли сипаришуда тавассути филиалҳои БДАТ «Амонатбонк» 161,4 миллион сомонӣ пулҳои фарсуда аз муомилот гирифта, ба Бонки миллии Тоҷикистон супорида шудааст.  Айни ҳол филиалҳои БДАТ «Амонатбонк» бо 62 адад банкомат ва 281 адад нуқтаҳои пули нақд муҷаҳҳаз буда, ба ҳолати 31 декабри соли 2013 шумораи дорандагони кортҳои бонкӣ 356 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Доираи фаъолияти БДАТ «Амонатбонк» дар самти ҷалби амонату пасандоз васеъ гардида, бақияи амонатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии бонк то охири соли гузашта 873,6 миллион сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, бақияи ҳисобҳои пасандозҳои аҳолӣ 591,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2012-ум 25,5 фоиз зиёд мебошад.

- Зикр кардан бамаврид аст, ки «Амонатбонк» соли 2004 узви Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва аз соли 2008 аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардида, бо 16 бонки мамолики дигар муносибатҳои мукотибавӣ дорад. Дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки моҳи сентябри соли 2013 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда буд, БДАТ «Амонатбонк» ҳамчун раисикунандаи ин Иттиҳод дар солҳои 2013-2014 интихоб гардид, -иброз дошт Ҷамшед Норинов.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»