Аз таърихи бемориҳои сироятӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёт

№58 (4164) 14.05.2020

Аҳли башар аз оғози ҳаёт бо се ҳолати асосии нобасомонӣ: қаҳтию гуруснагӣ, маргу мири зиёд аз бемориҳои сироятӣ ва ҷанг ба ташвишу ошуфтаҳолӣ дучор гардида, то ҳол дар вазъияти зикргашта ба сар мебаранд.

11111111111Сарчашмаҳои таърихии дилхоҳ миллат шаҳодат медиҳанд, ки номусоидии табиат, аз қабили хушксолӣ боис ба беҳосилии зироату маҳсулоти кишоварзӣ ва камчинии озуқаворӣ гардида, ҳатто аз фарогир гаштани қаҳтиву гуруснагӣ сабаб ба маргу мир шудааст. Зикри ҳолатҳои гуруснагӣ солҳои 1694 -1698 дар Фаронса, Эстония, Финландия, Шотландия, ки боис ба марги зиёди аҳолӣ гардидааст, дар саҳифаҳои таърихи кишварҳои зикргардида сабт гардида, барои бархе аз имрӯзиёни аксар кишварҳо чун афсона фаҳмида мешавад. Ҳол он ки чунин ҳолат дар аксар кишварҳои олам ва тамаддунҳои башарият низ, аз қабили Мисри қадим, Ҳинду Чини паҳновар ва ғайра рӯй додааст.

Ин дар ҳолест, ки инсоният дар оғози ҳазораи сеюм гузаштаи риққатовари қаҳтиву гуруснагиро тамоман тасаввур карда наметавонад ва ҳатто бо мушкилоти маргу маризӣ аз бисёрхӯриву фарбеҳӣ дучор гардидааст. Аз рӯи омори созмонҳои таҳқиқотии беҳдошту саломатӣ, соли 2014 беш аз 2,1 миллиард одам бо сабаби зиёдвазнӣ ба маризии гуногун мубтало гардида, ба ҳалокат расиданд. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон аз сабаби зиёдвазнӣ ё фарбеҳии аз меъёр зиёд ба маризии диабет, фишорбаландӣ, камҳаракативу афсурдагӣ ва ғайра мубтало мегарданд.

Таҳдиду хатар ва душмани дуюми ҳаёти инсоният дар таърих маргу маризии зиёд аз паҳншавию гирифторшавӣ ба эпидемия ва касалиҳои сироятӣ аст. Пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии вабо соли 1330 дар Осиёи Марказӣ ва дар давоми 20 сол то соҳилҳои Атлантика расидани он боис ба маргу мири то 200 миллион нафар аҳолии ҷаҳон гардид. Дар тасаввури аҳли башар раҳоӣ аз ин беморӣ танҳо бо тариқи имдодҷӯӣ аз Офаридгор ва дуову ниёиш амалӣ мегардиду табобати илмии тиббӣ камтар мавриди истифода қарор мегирифт. На дар ҳама ҷо мардум барои эмин мондан аз беморӣ ба дарки вируси гузаранда будани он тасаввурот доштанд. Раддубадалшавии донишу фаҳмиш ва маърифати беҳдоштӣ ба он гуна набуд, ки зуд байни аҳолӣ паҳн гашта, чораҳои эминӣ татбиқ карда шавад. Ва вабо аз зумраи аввалину охирин бемории сироятии ҳамагир набуд, ки дар таърихи инсоният сабт шудааст.

Эпидемияи ба маротиб хавфноку даҳшатнок, ки Амрикову Австралия ва ҷазираҳои уқёнуси Оромро (баъд аз пайдо шудани аврупоиён дар кишварҳои зикршуда) фарогир шуд, тақрибан 90 фоизи аҳолии сокинро ба ҳалокат расонид.

Соли 1520 киштиҳои испаниягӣ ҳомили 900 сарбоз, лавозимоти ҷангиву аспон ва якчанд ғуломи сиёҳпӯст ба сӯи Мексика равон гардиданд. Дар байни ҳайат нафаре аз ғуломони сиёҳпӯст, ки бо вируси номаълум ҳузур дошт ва худи ӯ аз ин огаҳ набуд, баъди он ки байни аҳолӣ ворид гашт, нахуст як оила… ва шаҳри Семпоала, сипас, Мексикаро бо бемории сироятӣ олуда намуд, ки ба маргу мири миллионҳо нафар анҷомид.

Баъд аз ду аср, соли 1778 муҳаққиқи англис Джеймс Кук ҷазираи Ҳавайро кашф намуд, ки дар натиҷа, боис ба интиқоли бемории сироятии тиф ва нағзаки сиёҳ гардид.

Аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қарни ХХ низ инсоният талафоти калон дидааст. Дар ин давра маргу мири одамонро аз 50 то 100 миллион кас тахмин мезананд.

Айёми ҷанги ҷаҳонии аввал, аниқтараш, солҳои 1914-1918 фавти 20 миллион нафар одамро зикр менамоянд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1979 ғалабаи инсониятро бар муқобили бемории сироятиии нағзаки сиёҳ (черная оспа) эълон намуд.

Дере нагузашта, солҳои 2002-2009 бемории илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш, соли 2005 зукоми паранда, соли 2009 зукоми хук ва соли 2014 Эбола ҳамчун бемории сироятии хатарнок ба қайд гирифта шуданд, ки бо шарофати корбурди муассир аз донишҳои тиббӣ ва муборизаҳои ҳушмандона оқибатҳои ногувори онҳо бартараф гардид.

Бемории сироятии СПИД, ки то ҳол дар табобати комили он илми тиб ноил нагардидааст, ҷони беш аз 30 миллион нафарро гирифта, даҳҳо миллион гирифторшудагони он азоби рӯҳиву равонӣ мекашанд. Ин маризӣ бар хилофи бемориҳои сироятии қаблан зикршуда хатари ба якборагӣ ба ҳалокат расонидани одамро надошта, балки бо роҳи заиф намудани иммунитет давоми солҳо сироятшударо ба марг рӯ ба рӯ месозад.

Умуман, сайри таърихии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ онро нишон медиҳад, ки инсоният бо таҳдиду хатарҳо бидуни фосилаи зиёд рӯ ба рӯ шудааст ва олимону муҳаққиқон ҷангу муборизаҳои ояндаро аз тариқи сохтану паҳнсозии вирусу бемориҳои сироятӣ аз эҳтимол дур намедонанд. Чунин пешгӯии олимон бо пайдоиши бемории сироятии навъи Covid — 19, ки соли гузашта дар шаҳри Вухани Ҷумҳурии Халқии Чин аз худ хабар дод, олами инсониятро ба таҳлукаву фишори равонӣ ва зарари калони иқтисодиву иҷтимоӣ дучор намуд.

Охири моҳи декабри соли 2019 мақомоти Ҷумҳурии Халқии Чин ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз пайдоишу хурӯҷи бемории сироятии илтиҳоби шуши номаълум хабар дод. Он дар музофоти Хубейи шаҳри Вухан ба қайд гирифта шуд ва дар муҳлати кӯтоҳ аксар кишварҳои оламро фаро гирифт. Ва алҳол дар 212 кишвари олам ва ду воситаи боркашонии байналмилалӣ вуҷуд дорад. Аз нимаи дуюми моҳи марти соли 2020 суръати афзоиши паҳншавии он ба таври миёна дар давоми 40 то 50 рӯз то 70000 нафар дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Аз шумораи беш аз 4,3 миллион одами сироятёфта 1,6 миллион (37 фоиз) шифо ёфта, 292 893 нафар (7 фоиз) фавтиданд.

Ҳарчанд аз шумораи умумии сироятёфтагон теъдоди фавтидагон фоизи бисёр камро ташкил диҳанд ҳам (ин ҳолат аз натиҷаи самарабахшии муборизаи инсоният дар муқобил ба бемориро нишон медиҳад), вале тарсу ба таҳлука афтодани ҷомеаи инсониро бараъло эҳсос намудан мумкин аст. Кишварҳои чун Амрико, Испания, Россия, Италия, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Туркия, Бразилия, Эрон ва дигар кишварҳои аврупоиву осиёӣ дар садри сироятшудагон қарор доранд.

Паҳншавии беморӣ новобаста аз иқлими кишварҳо яксон мушоҳида мегардад. Кӯшишу талошҳои марказҳои таҳқиқотии бемориҳои сироятӣ ҳанӯз ба натиҷаҳои фавриву аниқ нарасидааст.

Вазъи кунунии равонии ҷомеаи ҷаҳонӣ бадтар аз ҳолатҳои ҷангиро мемонад, ки таърихан инсоният ҳамчун сеюмин ҳолати нобасомониву бори вазнини ҳаёт, то ҳол бо он рӯ ба рӯ аст. Дар таърих инсоният талафоти гаронро аз ҷангҳои байниҳамдигарӣ пушти сар намудааст. Ҷангҳои қавмӣ, миллӣ, байнидавлатӣ, байни дину мазҳабҳо, ки бо сабабҳои эҳсосоти қавмӣ, миллӣ, ҷуғрофиёию ҳудудӣ, ғасбгароёнаву ба манфиятҳои иқтисодию сиёсӣ рабтдошта ва уқдаҳои фикриву эътиқодӣ аз пайдоиши аҳли башар то ҳол идома доранд.

Аз қадим ҷангу куштори байниҳамдигарии инсонҳо ҳамеша ҳолати риққатовар дошту аз рӯи қонунҳои ҷангал амал мекард. Гурӯҳе, қавме, давлату миллате, намояндагони дин ё мазҳабе ба маҳзи эҳсоси бартариву қуд­ратмандӣ нишон додан ё бо баҳонаҳои ҷузъӣ вориди ҷанг мешуданду то шикасту заиф шудан бо ҳам набард мекарданд ва боиси қатлу куштори одами зиёд мегардид.

Аммо мафҳуми сулҳу оштӣ ва зиндагии мусолиматомез бардавому доимӣ набудааст. Таърих ҷангҳои мудҳишу кушторҳои ҷамъии зиёдро сабт кардааст. Мутаассифона, мафҳуми ҷанг, ҳуҷум кардан бар зидди қавму миллату намояндагони дину мазҳабҳои дигар аз барномаву мафкураи ҷомеаи башарӣ зудуда нашудааст, балки бо муосиртарину печидатарин шаклҳо рушд ёфтааст. То ҷое устуворгардонии мавқеъ барои омодагӣ ба ҷанг рушду инкишоф ёфтааст, ки кишварҳои абарқудрат силоҳҳои атомиву печидатарин аслиҳаҳои на танҳо барои қатли як ҳудуду минтақаву давлатро ба нестӣ бурдан кифояткунандаро ихтироу соҳиб гаштаанд, балки аслиҳаҳои атомиву ғайриатомии тасаввурнопазир сохтаанд, ки метавонад сайёраи заминро нобуд созад. Бо ин гуна мусаллаҳшавӣ гӯё мувозинаи қудрату созишро дар ҷаҳон нигаҳ медоранд.

Қудратҳои манфиатдор бо ташкилу маблағгузорӣ ба гурӯҳҳои алоҳида, ки шакли террористиву даҳшатафканӣ доранд, барномаю баҳонаҳои ҷангиро дар минтақаву давлатҳои алоҳида тарҳрезӣ менамоянд. Қудрату истифодаи силоҳҳои навихтироънамударо ба таври мармуз мавриди озмоишу ба намоиш мегузоранд, инчунин, бешармона гӯё назму тартиботи дурусти пешбарии ҷомеаро талқин менамоянд.

Намоиши қудрат ва муборизаҳои ноадолатонаву манфиатталабонаро аз тариқи ҷангу хунрезӣ берун аз ҷуғрофиёи сиёсии кишварҳои худ ҳазорҳо километр дуртар роҳандозӣ менамоянд.

Охирон даргириву бозиҳои геополитикии монанд ба гуфтаҳои боло ин нобасомониҳои ташкилнамуда дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Афғонистон ва бархе аз кишварҳои африқоӣ мисол шуда метавонад.

Иддае аз мардуми одӣ он ҳама бедодгариву найрангҳои сиёсӣ ва ноадолатиро сарчашмаи пайдоиши бадбахтиҳои табииву ғайричашмдошт арзёбӣ менамоянд, ки табиатан гувоҳи ҳақ мебошад.

Тахмину гумонҳои на танҳо институтҳои таҳқиқотиву илмӣ, балки мардуми одӣ дар хусуси ҷангҳои биологӣ ва вирусӣ дар мағзҳо чарх мезанад. Ҳатто пайдоиши бемории сироятии навъи COVID -19 — ро маҳсули инстутҳои таҳқиқотии биологии кишварҳои қудратманд медонанд.

Ҳарчанд ақли инсонӣ ин зуҳуроти манфурро қабул карда натавонад ҳам, вале айбдоркуниҳо байни кишварҳои соҳибқудрат шояд далолат аз мавҷудияти сирри ҳарбиву ҷангӣ байни қудратталабҳои «дурбин» бошад.

Пайдоши бемории сироятии COVID -19 тафаккури ҷомеаи башарӣ, муносибату иртиботи аҳли башарро дигар кард ва зарари бузургро дар масоили равобити иҷтимоиву нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба вуҷуд овард.

Давлатҳо, кишварҳои ҳампаймо, мардуми алоҳида равобити байниҳамдигариро бо мақсади эмин мондан аз вируси сироятӣ қатъ ва хеле маҳдуд намуданд.

Маҳдудкунии робитаҳо вазъияти мардумро дар масоили вобастагии баҳамдошта вазнинтар намуд. Зарарҳои иқтисодӣ ба кишварҳо баякборагӣ таъсири ҳайратангезро намудор гардонид.

Пандемияи навъи COVID -19 –ро ба буҳрони бузург дар ИМА, ки солҳои 1929 — 1939 рӯй дод, шабоҳат медиҳанд. Воқеан, рукуди иқтисодӣ ва зарари он ба осонӣ қобили дарк аст.

Пешгӯии таҳлилагарон дар хусуси тағйирёбии ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ солҳои 2019-2021 дар кишварҳои пешрафта, давлатҳои бистгонаи тавлидкунандаи асосии молу маҳсулот, нигаронкунанда мебошад. Агар рушди ММД соли 2019 барои аксарияти кишварҳои бистгона аз 2,2 то 9,2 фоиз ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондиҳандаро таҳлилгарон соли 2020, баръакс бо нишондодҳои манфӣ, то 10 фоиз пешгӯӣ менамоянд.

Сатҳи бекорӣ дар байни кишварҳои бистгонаи пешрафта низ тасаввури нигаронкунандаро пеши назар меорад. Пешгӯӣ мегардад, ки мизони бекорӣ дар соли 2020 барои кишварҳои Африқои Ҷанубӣ то 33,5 фоиз, ИМА – 32, Туркия – 16,3, Италия – 14, Бразилия, Ҳиндустон ва Фаронса – 12, Аргентина – 11, Австралия – 10, Канада – 8,9, Олмон – 7,6, Индонезия, Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ, Чин, Россия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон аз 7,2 то 4,2 фоиз мерасад.

Бино ба пешгӯии Сандуқи байналмилалии пул ва Созмони ҷаҳонии савдо рукуди иқтисодиёти ҷаҳон 3 фоизро ташкил хоҳад дод ва зарари молиявӣ метавонад то ба 9 триллион доллари ИМА бирасад.

Оқибати нузули иқтисодиёти ҷаҳон ба коҳиши ҳаҷми соҳаи саноати коркард аз ҳисоби камшавии ҳаҷми истеҳсол то 25 фоиз, буҳрони соҳаи хизматрасонӣ, махсусан дар соҳаи туризм то 70 фоиз расида, соҳаҳои хизматрасонӣ дар самти кори меҳмонхонадорӣ, корхонаҳои хӯроки умум ва савдои чакана таъсири ҷиддӣ мебинанд.

Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии меҳнат, аз ҳисоби коҳишёбии ҷойҳои корӣ дар ҳамин айём беш аз 80 фоизи қувваи корӣ дар ҷаҳон дар ҳолати бекории муваққатӣ қарор доранд, ки 3,3 миллиард нафар одамро ташкил медиҳанд.

Буҳрони аз маҳдудияти ҳаракати нақлиёт (ҳавоӣ, заминӣ, дарёӣ) вуҷуддоштаро танҳо Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ то 113 миллиард доллари ИМА ҳисоб намудааст. Аз 189 кишвари узви Сандуқи байналмилалии пул беш аз нисфи онҳо барои дарёфти кумак ба ташкилоти зикргардида муроҷиат намудаанд.

Ба тахмини Сандуқи байналмилалии пул рушди иқтисодӣ дар соли 2021 оғоз меёбад, ки он низ дар таносуб ба соли 2019 камтар, вале умедворкунанда ва рушдёбанда аст.

Иқтисодиёти Тоҷикистон ба сатҳи рушди иқтисодӣ ва ҳаракати чархаҳои иқтисодии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон алоқамандии зич дорад. Дар сурати идомаёбии вазъияти кунунӣ дар кишварҳои хориҷ, махсусан, Федератсияи Россия осебпазирии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар бештару бештар пешгӯӣ мегардад.

Аллакай соҳаҳои туризм, савдои хориҷӣ, бахши нақлиёти байналмилалӣ ва ҳатто дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, фаъолияти меҳмонхонаву корхонаҳои хӯроки умумӣ бо нишондодҳои манфӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Идомаёбии ҳамин вазъият метавонад, хисороти иқтисодиро ба миллиардҳо сомонӣ афзоиш диҳад.

Афзоиши сатҳи бекорӣ, паст гардидани қудрати хариди мардум, коҳишёбии ҳаҷми истеҳсолоту хизматрасонӣ ҳолати рӯҳиву равонӣ ва вазъияти иҷтимоии мардумро низ ба таври нигаронкунанда халалдор месозад.

Паст рафтани қудрати харидории мардум бо сабаби буҳрони маълум дар Федератсияи Россия, ки қисман аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон ҷуброн мегашт, баъд аз як моҳ таъсири манфиро ошкортар месозад. Аллакай аҳолӣ аз болоравии нархҳои маҳсулоти аввалиндараҷа, бахусус, молҳои тиббиву доруворӣ ва беҳдоштӣ изҳори норизоӣ менамоянд.

Вобаста ба ҳолатҳои мавҷудаи ҷаҳонӣ ва иқтидорҳои дохилӣ, барномарезии оянда ҷиҳати идоракунии буҳрон ва вазнинтар нашудани вазъият дар кадом шаклу тарз бояд бошад ва кадом роҳҳои ҳалро бояд тай намуд? Чӣ гуна раванди таъмин намудани мардум бо ҷойи кориро идома дод ва аз ҳолатҳои зиёдшавии сатҳи бекорӣ пешгирӣ кард? Кадом барномаҳои иқтисодиву молиявии муассир барои маблағгузориву ҷалби сармоягузорӣ бояд тарҳрезӣ гардад, то раванди истеҳсолот равнақи нав касб намояд? Инҳо саволҳоеанд, ки рӯи онҳо бо диққати том ва тадбирҳои дурандешона бояд фикр ва барномарезӣ намуд.

Он чӣ рифоҳи мардум ва ҳаёти осоиштаро барқарор ва вазнинии зиндагиро сабук мегардонад, халалдор нагардидани рушди иқтисодиёт дар ҷумҳурӣ мебошад. Барои ноил гардидан ба он зарур аст, ки чораҳои мусоидаткунанда ва заминагузор ба зиёдшавии истеҳсолот дар шакли санҷидашудаву ояндадор барномарезӣ гардад. Шаффофият дар низоми муҳосиботӣ, андозбандӣ, мутобиқ будани меъёрҳои он ба рушдёбии истеҳсолот, шаффофияту кафолат дар низоми бонкӣ, рақобати шадид дар бозори истеҳсол, воридоти молу маҳсулот, савдо ва хизматрасонии молиявӣ ва дастгирии соҳибкороне, ки ғояҳои баланди саноаткунонии истеҳсолотро пешниҳод менамоянд, метавонад аз фишангҳои муассири рушдёбӣ ва ҳаракати босуръаттари чархҳои иқтисодии мамлакат бошад.

Шаффофияти амалҳои иқтисодӣ, ҷорӣ будани низоми пешбурди ҳисоботи молиявӣ ва фазои озоди рақобатӣ ба устувор будани буҷет, яъне, имкониятҳои молиявии давлат ва рушди соҳибкориву ҷалби сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ки бо мавҷуд будани чунин вазъият метавон дар ҳама шароит бори дилхоҳ вазниниро ба осонӣ  бартараф намуд. Ҳамон гунае, ки дар шароити феълӣ ва ҳалли нисбии масъалаҳои пешомада тавассути ниҳодҳои давлатӣ ва кумаки бахши хусусӣ амалӣ гардида истодааст.

Мусаллам аст, ки инсоният ба зудӣ ба тарзи ҳаёти то ҳол маъмулбуда нахоҳад баргашт. Ҳатто коршиносони ҷаҳонӣ, бахусус вирусологҳо ба он назаранд, ки имкони хурӯҷи коронавирус ва дигар вирусҳо дар оянда, махсусан дар фасли сармо аз эҳтимол дур нест. Маҳз ба ҳамин хотир зарур аст, ки дар тарҳрезии нақшаҳои ояндаи рушди кишвар омили мазкур, яъне аз сар задани монеаҳо дар равандҳои истеҳсолӣ, маҳдудияти ҳаёти ҷамъиятӣ ба инобат гирифта шуда, мутаносибан иқтисоди кишвар ба чунин паёмадҳо мутобиқ гардонида шавад, зеро тағйирёбии якбораи вазъият барои ягон кишвар пешгӯишаванда нест. Яъне, ҳамеша барои муддати муайян омода бояд буд. Захираи кофии имкониятҳои молиявию моддӣ кифояткунанда ва нигоҳ доштани иқтидори хариди мардум дар сатҳи зарурӣ таъмин бошад. Дар ин самт ба масъалаи «ғанигардонии маҳсулоти аввалияи озуқа бо витаминҳо», ки чанде пеш аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон эълон гардид, ба инобат гирифта шавад.

Таъкиди такрор ба такрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси захираи ҳадди ақали дусолаи молу маҳсулоти аввалиндараҷа, омода будан ба ҳар гуна вазъияти камчинӣ ва рушду равнақ додани истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самаранок аз замину гирифтани ду то се ҳосил дар як сол, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли маснуоти саноатӣ ва даҳҳо ҳидояти дурандешонаи Роҳбари давлат дар ин вазъияти маълум аҳамияти беназири он гуфтаҳоро пеши рӯ меорад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки яке аз чор ҳадафи стратегии кишвар, яъне амнияти озуқаворӣ, дубора мавриди баррасӣ қарор дода шуда, истеҳсоли маҳсулот ба маҳзи таъмини бозори дохилӣ, маҳсулоти захирашаванда ва содиротӣ ба инобат гирифта шавад. Имкониятҳои молиявӣ ва захираҳои мавҷуда самараноку иқтисодӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шавад.

Номгӯи маҳсулоте ҳастанд, ки аҳолӣ ба онҳо эҳтиёҷ доранд ва таъминоти дохилӣ барои онҳо ниёз ба асъори хориҷӣ ва дар сурати бо суръати бештар роҳандозӣ накардани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва кам намудани ҳаҷми хориҷшавии маблағҳои асъорӣ ба хориҷ аз кишвар ба ҳолатҳои ташвишовари баландравии нархҳо ва нигароншавии мардум рӯ ба рӯ гардидан мумкин аст. Барои паст намудани шиддати камбуди асъори хориҷӣ, ҳамчунин ба масъалаи воридшавии асъори хориҷӣ аз тариқи тарҳрезии барномаҳои истеҳсолие, ки тавассути истеҳсоли фарогир ва содирот намудани молҳо имконпазир мебошад, чораҳои иловагӣ андешидан лозим меояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ тамоми чораи мумкинро барои ба осонӣ пушти сар намудани мушкилӣ андешида истодааст ва мудирияти вазъро ба таври шоиста дар ихтиёр дорад. Барои кам намудани шиддати тарсу таҳлукаи мардум ва эҳсоси вазнинӣ накардан кумакҳои соҳавию суроғавиро ба ҳама гӯшаи ҷумҳурӣ равона намуда истодааст ва дар ин шароити маълум мардуми шарифи ҷумҳурӣ ва табақаҳои равшанфикри ҷомеа бояд дар осон намудани ҳолат ва дастгирии иқдомҳои роҳбарияти олии кишвар ва сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Инсоният дар таърихи гузашта, ки имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, раддубадалшавии донишу дастовардҳои илмии башар ва иқтидори баланди техникаву технологияи тиббиву ғайритиббӣ маҳдуд буд, ҳарчанд бо мушкилӣ, вале бо пуррагӣ нобасомониҳои рӯзгорро ҳаллу фасл намуда, ба дастовардҳои баланди илмиву шароити хуби зистӣ ноил гардид ва яқин аст, ки аз ин буҳрони бавуқӯъомада бо шароити мавҷудаи технологияи муосиру пешрафта ва дастовардҳои баланди илмӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат пирӯз меояд ва ҳаёти осоиштаро ҳамроҳ бо устуворгардонии муносибатҳои боэҳтиромонаву арҷгузорӣ ба шарофати инсонӣ барқарор месозад.

Музаффарзода Дилшод Музаффар, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон