Ба фаъолият оғоз кардани нахустин бонки исломӣ то кадом андоза метавонад эътимодро тақвият бахшад?

№114 (4064) 24.09.2019

Бино ба иттилои маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аввалин бонки исломӣ дар мамлакат — «Тавҳидбонк» дар бозори хизматрасонӣ соҳиби иҷозатнома шуд. Ин иқдомро, ки дар заминаи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» амалӣ гардид, раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни ба иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тавҳидбонк» Шералӣ Зардов супоридани иҷозатнома барои низоми бонкии мамлакат рӯйдоди муҳим маънидод кард.

Суол ба миён меояд, ки бо кадом сабаб бонкдории исломӣ дар чанд соли охир дар олам маъруф ва таваҷҷуҳ ба он афзудааст? Омили асосии таҳрикдиҳандаи ин раванд буҳрони ҷаҳонии молиявӣ мебошад, ки бар асари он низоми бонкӣ осеби ҷиддӣ дида, ҳатто бонкҳои бузургтарини ҷаҳон муфлис шуданд. Маҳз дар ин айём бартарии фаъолияти бонки исломӣ дар муқоиса ба низоми маъмулӣ собит гардид. Осебнопазир боқӣ мондани бонкҳое, ки бо усули зикргардида фаъолият доштанд, шаҳодати гуфтаи болост .

Мубодилаи пул аз тариқи суратҳисобе, ки тавассути он ташкилоти қарзӣ маблағро бо мақсади сармоягузорӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ бидуни ба зимма гирифтани уҳдадории пурра баргардонидани маблағ қабул менамояд, ба шарте имконпазир аст, ки фоида ё фоидаву зарар мутобиқан дар байни шахси маблағдиҳанда ва ташкилоти қарзии маблағгиранда тақсим карда шавад.

Мутобиқи муқаррарот, қарзи исломӣ — маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ додашуда, метавонад шартҳои пардохти маблағи асосӣ, фоида, иҷора ё ҳаққи хизматрасониро дар бар гирад. Масъалаи дигар ташкилоти хайриявӣ пиндоштани бонки исломӣ аз ҷониби аксар шаҳрвандон аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ чунин набуду нест. Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» муқаррар кардааст, ки амонат ё пасандозҳои исломӣ ва сарватҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои нигоҳ доштан ба ташкилоти қарзии исломӣ бо шарти пардохти пурра бо фоида ё бидуни он, ба соҳиби амонат ё намояндаи он, бо дархост ё ба муҳлатҳои мувофиқашуда бо намудҳои гуногун ва бо риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода мешавад. «Амонати муҳлатнок» яке аз намудҳои зикршуда буда, онро ташкилоти қарзии исломӣ метавонад бо иҷозати амонатгузор ё бо ихтиёр бо шартҳои идоракунии боваринок барои сармоягузорӣ истифода намояд. Бозпас гирифтани маблағ баъди ба поён расидани муҳлати пешбининамудаи шартнома имконпазир аст.

Намуди дигар «амонати пасандозӣ» мебошад, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ барои нигаҳдорӣ бо ҳуқуқи истифода бурдани онҳо барои мақсадҳои сармоягузорӣ супурда шудаанд. Гирифтани ин маблағ ҳангоми риоя шудани шартҳои пешбининамудаи шартнома иҷозат дода мешавад. Илова бар ин, дар бонкдории исломӣ «амонати дархостӣ» — пуле ба ташкилоти қарзии исломӣ додашуда, ки метавонанд ҳар вақт аз тарафи амонатгузор гирифта шаванд, «нигоҳдории амонатӣ» — нигоҳдории дороиҳои муштарӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ бе ҳуқуқи истифодаи онҳо ва «амонати сармоягузорӣ» — маблағе, ки аз ҷониби муштарӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ дар шакли амонат бо ҳуқуқи истифодаи онҳо аз рӯи шартҳои пешбиникардаи шартнома дода шудаанд, роиҷ аст.

Онҳое, ки мепиндоранд дар бонкдори исломӣ фоида дар мадди назар нест, иштибоҳ мекунанд. Зеро даромад ё фоида вобаста ба мафҳумҳои «қарзи исломӣ», «суратҳисоби сармоягузорӣ» ва «амонат ё пасандозҳои исломӣ» шаклҳои гуногуни даромад, дивиденд ё фоида, рента (изофабаҳо), инчунин ҳаққи хизматрасонӣ ё туҳфае, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ пардохта ё аз ҷониби он дода мешаванд.

Айни замон теъдоди бонкҳое, ки бо низоми исломӣ фаъолият пеш мебаранд, дар ҷаҳон 500 ададро ташкил дода, ҳаҷми сармояи онҳо ба 3 триллион доллари ИМА мерасад. Малайзия аз аввалин кишварҳое мебошад, ки бонкдории исломӣ дар он босуръат такомул ёфта, дар пешрафти ҳама соҳа саҳми бориз дорад. Бонкҳои исломӣ на танҳо дар кишварҳои мусалмонӣ, балки дар кишварҳои ғарбӣ низ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Барои мисол, дар Англия 15 бонки исломӣ мавҷуд буда, 16 фоизи муштариёни низоми бонкии Федератсияи Россия майл ба хизматрасонии чунин бонкҳо доранд. Дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, Ҷумҳурии Қазоқистон барои фаъолият бо ин усул шароит фароҳам овард.

Далелу рақамҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки буҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ ба бонкҳои исломӣ на танҳо натавонистанд таъсири манфӣ расонанд, балки ба рушди бештари низоми молиявии онҳо мусоидат намуданд. Чаро чунин шуд? Сабабро бояд дар принсипи фаъолияти бонкдории исломӣ ҷуст. Принсипи асосии фаъолияти бонкдории исломӣ аз он иборат аст, ки ба муштариён қарзи бефоиз медиҳад, зеро дини ислом риборо ҳаром медонад. Ин муваффақияти асосии бонкҳои исломист. Бино ба таҳлили коршиносон, яке аз иллатҳои аслии буҳрони молиявӣ он буд, ки бонкҳо қарзро бо фоизи баланд ба муштариён пешниҳод карданд, ки дар натиҷа, бештари онҳо натавонистанд баргардонанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар қисме аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон филиали бонкҳои исломӣ ва равзанаҳои онҳо дар бонкҳои анъанавӣ фаъолият доранд. Дар Тоҷикистон ба ин масъала соли 2008 — замони шурӯъ шудани буҳрони ҷаҳонии молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид ва баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», барои роҳандозӣ намудани он заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд. Ва, агар роҳандозии бонкдории исломӣ дар дигар мамлакатҳои собиқ шӯравӣ бо ташаббуси бахши хусусии молиявӣ пешниҳод шуда бошад, дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки миллӣ дастгирӣ ёфт.

Тавсеаи равобити кишвар бо мамолики исломӣ ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи молиявии исломӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» замина ва имконот фароҳам мебошад. Моҳиятан, қонун бояд ба дарёфти манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ ва пасандозҳои дохилӣ мусоидат намояд. Зарурати қабули қонунро масъулин он замон ба се ҷанбаи асосӣ — Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифу дархостҳои пайвастаи интихобкунандагон ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили рақобати солим дар байни ташкилотҳои қарзӣ арзёбӣ карда буданд. Ба ибораи дигар, роҳандозии фаъолияти бонкии исломӣ дар кишвар бояд саҳифаи нави муносибатҳои қарзиро кушода, барои рушди бемайлони иқтисодӣ заминаи воқеӣ гузорад.

Бегуфтугӯ, роҳандозии фаъолияти ташкилотҳои хурди маблағгузорӣ бо усули исломӣ дар шароити кунунии кишвар зарур ва ҷанбаҳои мусбати он хеле зиёд аст. Алҳол шаҳрвандон аз баланд будани фоизи ташкилотҳои қарздиҳии амалкунанда изҳори нигаронӣ менамоянд, чунки вазни қиёсии фоизи қарзҳо дар арзиши аслии маҳсулоту кору хизматрасонӣ то 30 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ҳар сурат метавон гуфт, ки ба фаъолият шурӯъ кардани аввалин бонки исломӣ дастоварди тими иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад, аммо он эътимоди шаҳрвандонро ба низоми бонкии мамлакат тақвият мебахшад ё не, вақт нишон медиҳад.

М. Далер, «Садои мардум»