Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№18 (3164) 21.02.2014

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи номзади илмҳои кишоварзӣ Фаррух Абдувосиевро зери унвони «Таъмини амнияти озуқаворӣ –шарти муҳимтарини Истиқлолият», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин ибрози ақида менамояд:

Бояд зикр кард, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва татбиқи афзалиятҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, ҳамзамон баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ноил гардидан ба афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 қабул гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.

Амалан санадҳои зикршуда сиёсатро ба бунёди давлати пешрафта ҳамбастагӣ медиҳанд, ки он ба ҳамаи  аъзои ҷомеа барои истифодаи дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ имконияти баробар медиҳад. Инҳо, пеш аз ҳама, навсозиҳои минбаъда, такмили мақоми сиёсӣ, некуаҳволии иҷтимоӣ ва рушди иқтидорҳои иқтисодӣ мебошанд.

Айни замон, дар натиҷаи густариши ислоҳоти иқтисодӣ, фарогирии соҳаҳои нави иқтисодиёт, татбиқи вазифаҳои стратегӣ ва барномавӣ, андешидани тадбирҳо оид ба таъмини суботи макроиқтисодӣ дар кишвар суръати рушди иқтисодӣ таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ тайи солҳои 1999-2009 аз 81 фоиз ба 46 фоиз ва дар соли 2013 ба 35 фоиз баробар шудааст.

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, таъмини босуботи озуқавории мамлакат ба сатҳи рушди ин соҳа вобастагии зич дорад. Соҳаи мазкур, ки бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад, дар солҳои охир беш аз 20 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро таъмин менамояд. Соли 2013 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 16,8 млрд. сомонӣ ва афзоиши он нисбати соли 2012-ум 7,6 фоизро ташкил дод.

Бояд зикр кард, ки ҳамасола барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз буҷети ҷумҳурӣ маблағҳои муайян  ҷудо карда мешавад. Давоми соли 2013 ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони иншоотҳои сохтмонӣ 1,0 млн.сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ, инчунин ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва барқарорсозии иншоотҳои обёрикунанда 21,0 млн.сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Аз ҷумла, дар доираи маблағҳои ҷудошуда 515 гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, таъмини об дар майдони 1960 гектар беҳтар гардид, ду адад чоҳи амудӣ сохта ва зиёда аз 3,6 км қубури об гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ барои рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти калон доранд.

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳоло чор лоиҳаи инвеститсионӣ бо арзиши умумии 74,3 млн.доллари ИМА ва се лоиҳа оид ба мелиоратсия бо маблағи умумии 103,4 млн.доллари ИМА мавриди амал қарор гирифтаанд. Лоиҳаҳои мазкур, асосан аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Фонди глобалии экологӣ ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд.

Татбиқи ислоҳоти бомаром дар бахшҳои алоҳидаи иқтисоди кишвар имкон дод, ки тавассути афзоиши истеҳсолоти дохилии мамлакат талаботи аҳолӣ нисбат ба меъёрҳои тавсиявӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ то 34 фоиз, мева ва буттамева 50 фоиз, орд 57 фоиз, картошка ва сабзавоту полезиҳо аз меъёрҳои муайяншуда зиёд таъмин карда шавад. Фаровонии молу маҳсулот ва зиёд гардидани даромадҳои пулии аҳолӣ боис гардид, ки сохтори  ғизонокии истеъмолии аҳолӣ низ беҳтар гардад ва ба меъёрҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҷавобгӯй бошанд.

Солҳои қаблӣ зиёда аз 70 фоизи даромадҳои пулии аҳолӣ барои истеъмоли  ғизо равона мешуд, ҳоло бошад, ин нишондиҳанда то 55 фоиз поён рафтааст, ки нишонаи боло рафтани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон мебошад.

Баҳри рушди минбаъдаи зироатҳои даромаднокиашон баланди басодиротнигаронида, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009  №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», дар ҷумҳурӣ дар ин муддат бояд 46901 гектар боғу токзори нав, аз он ҷумла 16714 гектар боғи зардолу ва 5015 гектар токзори нав бунёд шавад. Аз оғози татбиқи Фармони мазкур то 1 январи соли 2014 бунёди боғу токзор ба 43256,3 гектар расидааст, ки аллакай 92 фоизи иҷрои нақша мебошад. Дар соли ҷорӣ бошад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва кишоварзони ҷумҳурӣ азм кардаанд, ки 10,0 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд намоянд.

Бо мақсади таъмини масъалаи мазкур дар чорчӯбаи «Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ» диверсификатсияи зироатҳои кишоварзӣ, интихоби зироатҳои фоиданоку ба содирот нигаронида, вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, муайян ва пешниҳод мегарданд. Дар оянда кишти зироатҳои манфиатнок, аз қабили офтобпараст, шолӣ, лӯбиёгиҳо, картошка, пиёз, полезӣ, меваҳои ситрусӣ ва шафран ҳамчун доруворӣ ва рангдиҳандаи хӯрокворӣ дар назар дошта шудааст.

Барномаи  ислоҳоти кишоварзӣ ҷиҳати муайян кардани самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини соҳаи кишоварзии сердаромад ва тамоюли содиротидошта пешбинӣ шудааст, ки ин аз вазифаи умумии баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардуми деҳоти  ҷумҳурӣ барои ноил гаштан ба амнияти озуқавории давлат ва таҳкими мавқеи он дар тақсимоти минтақавии меҳнат бармеояд.

Барои расидан ба ҳадафҳои мазкур дар барнома якчанд вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд: баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо роҳи интихоби озоди кишти зироат; ташкили шароити мусоиде, ки деҳқон истеҳсолкунандаи  маҳсулоти озод мебошад; рушди минбаъдаи парвариши зироатҳои сердаромад; таъмини ҳуқуқ ба заминистифодабарандагони дарозмуҳлат дар асоси принсипҳои одилона, бе ягон ҳуқуқпоймолкуниҳо ва ғайра.

Вобаста ба масъалаи воридоти маҳсулот аз хориҷа қайд кардан лозим аст, ки ҷумҳурӣ ҳанӯз амнияти озуқавории худро пурра таъмин накардааст, ҳоло  ба ҷумҳурӣ қисми маҳсулоте, ки истеҳсоли он барои таъмини аҳолӣ басанда нест ва қисме, ки  дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешавад, аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд, ки гандум, орд, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти қаннодӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти нафтӣ, чӯб ва маҳсулоти чӯбӣ, шиша, чой, қаҳва, сабзавот, таҷҳизоти техникӣ, мошинаҳо, маҳсулоти фарматсевтӣ, маводи пластикӣ, баъзе намуди бехмеваҳо ва ғайра аз ҳамин ҷумла мебошанд.

Таҳияи заминаи ҳуқуқии ислоҳоти  иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ бо ҷалби олимон ва мутахассисон амалӣ шуда, дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ татбиқ мегардад, ки  самараи  назаррас дода истодааст. Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, ҳиссаи бахши хусусӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ сол то сол зиёд мегардад.

Бо мақсади ҷалби олимон ба рушди иқтисодиёти кишвар ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» (№822, 16 апрели соли 2012) қабул гардид, ки барои пайвастани дастовардҳои илм дар истеҳсолот заминаи воқеӣ фароҳам меоварад.

Бо назардошти кишвари аграрӣ будани ҷумҳурӣ, имконоти васеи таъмини бозори дохилӣ бо моли ватанӣ, бахусус молҳои озуқаворӣ, бо роҳи баланд бардоштани тамоми  соҳаҳои кишоварзӣ мавҷуд аст ва дар ин самт кори зарурӣ тадриҷан идома дорад.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки бо назардошти тағйири воқеияти иқтисоди имрӯза зарурати тасҳеҳу дар таҳрири нав қабул намудани «Барномаи амнияти озуқаворӣ» пеш омадааст. Аз ин лиҳоз, дар ҳолати таъсис додани гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба тасҳеҳ ва такмил додани барномаи мазкур вазорат салоҳ мешуморад, ки муаллифи мазкур бо пешниҳодҳои аз лиҳози илмӣ асосноку собити худ барои ин кор саҳмгузорӣ намояд.

У. ДАВЛАТЗОДА, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон