Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№123 (3269) 21.10.2014

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи муовини Сармуҳаррири рӯзнома Д. Мергановро, ки таҳти унвони «Мушкили №1-и бахши кишоварзӣ», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудааст, баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад:

-Дар ҳақиқат масъалаи ҳолати мелиоративии заминҳо яке аз мушкилиҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади боздошти ин раванди номатлуб ва беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ давоми даҳ соли охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду барномаи давлатӣ қабул гардид, ки дар доираи онҳо корҳои зиёде амалӣ шуда истодааст.

Барномаи «Беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда барои солҳои 2005-2009» соли 2005 қабул гардида, дар доираи он ҳолати мелиоративии 60343 гектар, аз ҷумла 30533 гектар дар вилояти Хатлон, 28961 гектар дар вилояти Суғд, 849 гектар дар ноҳияҳои тобеи марказ беҳтар карда шуданд.

Барномаи дуюм «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» соли 2009 қабул гардид, ки тибқи он бояд дар солҳои 2010-2014 бо сарфи 34,3 млн. сомонӣ маблағҳои пешбинишуда ҳолати мелиоративии 49000 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ беҳтар карда шавад.

Дар доираи иҷрои Барномаи мазкур ба ҳолати 1 августи соли 2014 дар миқёси  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар масоҳати 46176 гектар, аз ҷумла 23448 гектар дар вилояти Хатлон, 18457 гектар дар вилояти Суғд, 4086 гектар дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар карда шуданд. Дар ин самт корҳо идома доранд.

Татбиқи Барномаҳои зикргардида имкон фароҳам овард, ки раванди афзоиши майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш то андозае коҳиш дода шавад.

Бинобар ин, сарфи назар аз корҳои анҷомдодашуда, истифодабарандагони заминро лозим аст, ки фарҳанги истифодабарии заминро таври зарурӣ ба роҳ монда, меъёр ва қоидаҳои обёрии зироатҳои кишоварзиро риоя намоянд.

Ғайр аз ин, барои самаранок истифода намудани об ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани заминҳои обӣ ҳамасола тоза намудани шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳои дохили хоҷагӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Дар навбати худ Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идораҳои зертобеи худро оид ба ҳалли масъалаҳои марбута вазифадор намуда, истифодабарии об ва ҳолати мелиоративии заминҳоро зери назорати доимӣ қарор гирифта, нақшаи тасдиқгардидаро сари вақт иҷро намоянд.

Ҳ. Ҳасанзода, директори Агентии беҳдошти замин  ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон