Баҳси судие, ки сенздаҳ сол давом дорад

№122-123 (3602-3603) 27.09.2016

иксМардуми тоҷик мақоле дорад: «Пойсӯхта ба лаби об медавад». Баҳси судии 13 — сола моро водор кард, ки барои дарёфти адолат ба рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат намоем.

Ширкати тиҷоратии байналхалқии (ШБТ) «Айренген-Лтд»- и  шаҳри Санкт-Петербурги  Федератсияи Россия  22 августи соли 2000 дар музоядаи ҷумҳуриявӣ оид ба хусусигардонии Корхонаи пахтатозакунии ҶСШК «Пахтаи Пролетар»-и  ноҳияи Ҷ. Расулов, ки саҳмияҳои он ба давлат тааллуқ  дошт, иштирок намуда, ғолиби музояда донис­та шуд.  Байни ШБТ «Айренген-Лтд» ва Кумитаи идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шартномаи хариду фурӯш таҳти рақами 3/1 аз 22 августи соли 2000 баста шуд. ШБТ «Айренген-Лтд»  арзиши саҳмияҳоро ба маблағи 200 000 доллари ИМА сари вақт пардохт намуда, аз қайди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, ҳамчун соҳибмулк ба фаъолият шурӯъ кард. Вале Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  27 июли соли 2003 ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвоиро оид ба бекор кардани шартномаи хариду фурӯши саҳмияҳои ҶСШК «Пахтаи Пролетар» байни ШБТ «Айренген-Лтд» ва Кумитаи идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуд.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвоии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истеҳсолот қабул карда, 28 августи соли 2003 онро баррасӣ ва қонеъ кард.

ШБТ «Айренген-Лтд» бо ҳалномаи суд розӣ нашуда, ба марҳилаи шикоятии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод кард. Марҳилаи апеллятсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шикоятии пешниҳодкардаи ШБТ «Айренген-Лтд»-ро  мавриди баррасӣ қарор дода, бо қарори марҳилаи апеллятсионӣ аз 17 октябри соли 2003 ҳалномаи марҳилаи якумро аз 28 августи соли 2003 бекор карда, созишномаи оштиро байни тарафҳо тасдиқ ва истеҳсолотро аз рӯи парванда қатъ намуд.

Прокуратураи генералӣ аз болои қарори марҳилаи апеллятсионӣ ба марҳилаи кассатсионӣ шикоят овард. Марҳилаи кассатсионӣ на танҳо хатоҳои роҳдодаи марҳилаи якумро ислоҳ накард, балки ба дигар хатоҳои меъёрӣ ва мурофиавӣ роҳ дода бо қарори марҳилаи кассатсионӣ аз 12 ноябри соли 2003 қарори марҳилаи апеллятсиониро бекор кард ва ҳалномаи суди марҳилаи якумро дар қувваи қонунӣ монд.

ШБТ «Айренген-Лтд» бо қарори марҳилаи кассатсионӣ розӣ нашуда, ба марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти назоратӣ пешниҳод кард.  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаҳои назоратии ШБТ «Айренген-ЛТД»-ро бо сабабҳои номаълум баррасӣ накард.

Мутобиқи моддаи 181 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон тараф, иштирокчии мурофиаи судӣ, бевосита ба раёсати судӣ ҳуқуқи муроҷиат кардан надошт. Бинобар ин, ШБТ «Айренген-Лтд» 26 октябри соли 2004 бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки мутобиқати моддаи 181 Кодекси мурофиавии хоҷагиро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости номбурдаро ба истеҳсолоти судӣ қабул ва онро 20 январи соли 2005 дар маҷлиси судии  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, мувофиқат накардани моддаи 181 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва оид ба он қарори дахлдор қабул кард. Тарафҳо мутобиқи ин қарор ҳуқуқи бевосита ба марҳилаи назоратӣ овардани шикоятро пайдо намуданд.

Дар банди 4 қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20 январи соли 2005, зикр шудааст, ки «Қарор қатъӣ буда, аз рӯзи эълон шуданаш ба қувваи қонунӣ медарояд, бевосита амал карда, ба тасдиқи ягон мақомот ва шахсони мансабдор зарурат надорад ва нисбати он шикоят оварда намешавад».

Ҳарчанд Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабул кардани қарор то имрӯз 8 маротиба ба таври хаттӣ иҷрои қарори дар боло зикршударо дархост карда бошад ҳам, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро бо сабаби номаълум иҷро намекунад.

Қайд кардан зарур аст, ки бо сабаби аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои тӯлонӣ иҷро нагаштани қарорҳои Суди конститутсионӣ, ширкат барои барқарор намудани ҳуқуқи поймолгаштааш ба идораҳои баландмартабаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла чор маротиба ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, се маротиба ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Мутаассифона, муроҷиатҳои ширкат ҳар дафъа аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷӯйӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ ин мақомот муроҷиати ба суроғаашон ирсолшударо бо иштироки тарафҳо беғаразона баррасӣ накарда, ба суроғаи мақомоте, ки ба қонуншиканӣ (дар навбати мо СОИ ҶТ)  роҳ додааст, равона мекунанд? Ин ягон мантиқ надорад. Мақомоти ба қонуншиканӣ роҳдода боварии том доранд, ки муроҷиатҳои ба номи Ҷаноби Олӣ равоншуда аз Дастгоҳи  иҷроияи Президент   ба суроғаашон гашта меояд. Аз ин ҷост, ки хатои содиркардаашонро  ихтиёран ислоҳ  намекунанд.

Суди конститутсионӣ бо мақсади таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст ва фаъолияти онро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим медарорад, Иҷрои бечунучарои санадҳои судии Суди конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

Қайд кардан зарур аст, ки тибқи моддаи 16  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои Суди конститутсионӣ қатъӣ буда, иҷрои он аз тарафи шахсони мансабдор, ки қарорҳо ба онҳо дахл доранд, ҳатмӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 32 ин қонун санади Суди конститутсионӣ аз вақти қабулаш эътибор пайдо мекунад, иҷрои он қатъӣ буда, аз хусуси он шикоят кардан мумкин нест. Мутобиқи моддаи 54 ин қонун барои иҷро накардани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.

Аммо дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро донанд ҳам, бо сабабҳои номаълум санадҳои Суди конститутсиониро иҷро намекунанд.

Агар санадҳои судии Суди конститутсионӣ аз тарафи шахсони мансабдор иҷро нашаванд, пас гузаронидани мурофиаи бодабдаба бо иштироки намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ ва намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ маъно надорад ва муқаррароти моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери шубҳа қарор мегирад.

 К. АҚНАЗАРОВ, намояндаи ваколатдори Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД»