«Бахши Бонкии Тоҷикистон: имкониятҳои рушди дарозмуддат»

№150 (3787) 19.12.2017

Таҳти ин унвон 14 декабри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор гардид, ки дар он, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дигар бонкҳо иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар мақсад аз баргузории ҷамъомадро таҳлили низоми бонкӣ ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани роҳҳои беҳтар гардонидани вазъи бонкдорӣ дар мамлакат, ки яке аз соҳаҳои ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, маънидод кард.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Олимҷон Бобоев сабабҳои муфлисшавии баъзе аз бонкҳоро шарҳ дода гуфт, ки ба ғайр аз омилҳои берунӣ сабабҳои зиёди дохилӣ низ мавҷуд буданд, ки ба низоми бонкдорӣ таъсир расониданд. Яке аз онҳо дониши зарурӣ надоштани кадрҳои соҳа мебошад. Мутахассисоне ҳастанд, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, низоми бонкдории кишварҳои мутараққиро аз бар намудаанд, аммо бо сабаби он ки иқтисодиёти миллиро намедонанд, фаъолияти босамар анҷом дода натавонистанд. Кадрҳои ватанӣ баръакс, вазъи иқтисоди миллиро медонанд, вале бо низоми пешрафта ошно нестанд. Бо сабаби ба миён омадани буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон бархе аз бонкҳои Тоҷикистон, махсусан «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк», ки эътимоди мардум ба онҳо зиёд буд, ба мушкили молиявӣ гирифтор шуданд. Барои он ки бонкҳо фаъолиятро идома диҳанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон барномаи дастгирӣ ва аз буҳрон баровардани бонкҳо дар амал татбиқ гардид.

Инчунин, зикр шуд, ки 12 декабри соли 2016 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандозгузорону қарздеҳон, нигоҳ доштани эътимоднокӣ ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани қоғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» қабул гардид, ки тибқи он ба «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» 3 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки бояд дар тӯли панҷ сол баргардонида шаванд.

Дар охир миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷамшеди Сабоҳиддин,

«Садои мардум»