Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахтномаи сарнавиштсоз

№127 (3764) 28.10.2017

8bf17fee451440471f1f730788845f8dКонститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон аз ҷумлаи даст­овардҳои бузурги мардуми тоҷик, заминаи ҳуқуқии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлол, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдорӣ, ҳимояи ҳадафҳо, манфиатҳо, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият, вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забону рамзҳои давлатӣ, шакли давлатдорӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Конститутсия нахустин санади асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён қабул гардид.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлати Тоҷикистон, эътибори олии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонунии худро пайдо намуданд. Дар заминаи ин меъёрҳо дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ шумораи зарурии қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши забон, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, истифодаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ, истифодаи осори фарҳангӣ, таъмини амнияти миллӣ ва монанди инҳо қабул гардиданд. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.

Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. Бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.

Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст, бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модарон ва тарбияи фарзандон аст. Давлат оила ва ҳуқуқу манфиатҳои онро ҳимоя мекунад.

Дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлолият нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас аст. Ҳанӯз моҳи декабри соли 1993 дар арафаи муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат чунин иброз дошта буданд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем, ки асоси эҷоди ин навъи давлатро Конститутсияи нави ҷумҳурӣ мегузорад».

Таҳия ва қабули Конститутсия дар ҳаёти давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихие буд, ки ҳуқуқу озодиҳоро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ намуд. Дар Конститутсия эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оин дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд. Чунин низомро маҳз Конститутсия ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор дод ва самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифт. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсия роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат, ки чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва сӯйи ояндаи неку дурахшон мебарад.

Дар маҷмӯъ, Конститутсия чун ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсоз тавонист ифодагари манфиатҳои халқ бошад, миллати тоҷикро дар арсаи олам муаррифӣ намояд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки онро эҳтиром ва риоя намоем.

Гиёзода Мирзоусмон қурбон,

раиси Суди шаҳри Душанбе