Баргузории аввалин Форуми тиҷоратӣ-кишоварзӣ

№ 14.08.2018

Рӯзҳои 7-8-уми августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросон аввалин «Форуми кишоварзӣ-тиҷоратии Хатлон» баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои Амрико, Чин, Россия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Меҳмононро муовини якуми раиси вилоят Сулаймон Зиёзода пазироӣ намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин чорабинӣ ба густариши ҳамкориҳо дар самти тиҷорат, содироти маҳсулот, рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Қайд гардид, ки Хатлон аз калонтарин вилоятҳои аграрии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. 53 дарсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, 90 дарсади барқ, 70 дарсади пахтаи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол мешавад. Вилоят омода аст, ки таклифҳои ҳамкориро тавсеа ва тибқи шартномабандӣ ҳамкориҳоро тақвият бахшад.

Баъди ҷамъомад, боздид аз намоишгоҳ ва мубодилаи афкор иштирокчиёни «Форуми тиҷоратӣ-кишоварзии Хатлон» ба шартномаҳои дуҷониба имзо гузоштанд.

Рӯзи дуюм иштирокчиён бо тарзи корбарӣ  дар боғҳои намунавии мевааш содиротшавандаи ноҳияҳои минтақа аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»