Барномаи зиддибуҳронӣ чӣ натиҷа медиҳад?

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

29466732045_82a0df4474_oКВД «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) аз муҳимтарин корхонаҳои истеҳсолии кишвар буда, маҳсулоташ моли асосии содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати кишвар барои рушди корхона ва фаъолияти мунтазами он кумак менамояд.

Сардори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи «ТАЛКО» Игор Сатторов самаранокии тадбирҳои зиддибуҳронии аз ҷониби ин корхона андешидашавандаро чанде пеш дар ҳузури рӯзноманигорон таҳлил кард. Номбурда гуфт, ки айни ҳол КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дар шароити душвортарини молиявию иқтисодӣ, ки марбут ба дурӣ аз ашёи хоми асосӣ, таъмини мавод ва захираҳои дигар, куҳнаю фарсудашавии таҷҳизоти истеҳсолӣ, таъсири ногувори буҳрони ҷаҳонӣ аст, фаъолият дорад. Омилҳои зикршуда ба афзоиши хароҷоти нигоҳдошти иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва арзиши аслии маҳсулот таъсири бевосита мерасонанд. Идома ёфтани болоравии нархи ашёи хоми асосӣ аз ҳисоби афзудани тарофаҳои роҳи оҳан, андозҳо ва дигар хароҷот боиси қимат шудани арзиши аслии истеҳсоли як тонна алюминий ба андозаи 500-550 доллари ИМА гардидааст.

Бино ба гуфти ӯ, зарари зиёди молиявии «ТАЛКО», ба истиснои тарофаҳои баланди неруи барқ, ба омилҳои дохили ҷумҳурӣ вобаста нест. Ширкат аз ҳисоби роҳи тӯлонии нақлиётӣ, мавқеи ҷуғрофии ниҳоят дур аз манбаъҳои намудҳои асосии ашёи хом, инчунин паст шудани нархи алюминий дар Биржаи филизоти Лондон (БФЛ) зарар мебинад. Тибқи маълумоти ин биржа, дар 8 моҳи соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 нархи алюминийи аввалия тақрибан 200 доллари ИМА поён рафтааст.

Игор Сатторов изҳор дошт, ки буҳрони молиявии солҳои 2013-2016 ба соҳаи саноати алюминий нисбат ба буҳрони солҳои 2008-2009 таъсири бештар расонид ва сабаби ин, дар нав­бати аввал, бинобар истеҳсоли барзиёд таназзул ёфтани нархи алюминий дар БФЛ ва афзоиши арзиши аслӣ мебошад.

- Якбора пастравии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ аз моҳи июли соли 2013 боис гардид, ки тақрибан 80 фоизи истеҳсолгарони ҷаҳонии филизи мазкур бар зарар кор кунанд.

Сабабҳои зикршуда «ТАЛКО»-ро водор менамояд, ки бо низоми шадиди зиддибуҳронӣ фаъолият намояд. Роҳбарияти ширкат барои татбиқи амалии қарорҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, ки ба барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, навсозии фондҳои асосӣ, тармим ва такмили таҷҳизоти амалкунанда, ҷорӣ кардани технологияҳои навтарини баландсамара нигаронида шудаанд, кӯшиш намуда, ҳадафи аслии хешро, ки афзун намудани истеҳсоли алюминий мебошад, пиёда менамояд, — афзуд Игор Сатторов.

Дар хусуси тадбирҳои тайи се соли охир дар доираи барномаҳои зиддибуҳронӣ андешидаи «ТАЛКО» бошад, ӯ илова кард, ки онҳо имкон медиҳанд, ширкат на танҳо қудрати истеҳсолиро аз ҳисоби барқарорсозии иқтидорҳо, зиёд кардани теъдоди электролизёрҳо ва афзоиши тармими мукаммали таҷҳизоти истеҳсолоти асосӣ ҳифз намояд, балки мавқеи афзалиятнок­ро оид ба қобили пардохт будан ва ҳиссаи муносиб гузоштан дар буҷети кишвар нигоҳ дорад.

Зикр шуд, ки чорабиниҳои зиддибуҳронӣ, ки асосан ба ҷорӣ намудани низоми махсуси кам кардани хароҷот нигаронида шудааст, аз қарори стратегии роҳбарияти «ТАЛКО» сарчашма мегирад. Ба хотири ноил гардидан ба ин ҳадаф фармони роҳбарияти ширкат «Дар бораи тадбирҳои коҳиш додани хароҷоти дохилии муомилот ва раҳоии иқтисодиёти КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» аз ҳолати буҳронӣ» содир гардид.

- Агар хароҷоти истеҳсолот дар соли 2010-ум 790 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2015, он то 565 миллион сомонӣ, бо дарназардошти фарқияти қурбӣ, 2 маротиба коҳиш ёфт, — гуфт сардори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеа ва афзуд, ки бо мақсади коҳиш додани хароҷоти истеҳсолот дар корхона кори ба истеҳсолот бозгардонидани гилхок амалӣ мегардад. Соли 2015 ҳаҷми гилхоки бозгардон 7,7 ҳазор тонна ба маблағи 3,7 миллион доллари ИМА ва дар шаш моҳи соли равон 6 ҳазор тоннаро ташкил дод. Аз соли 2010 то соли 2015 ширкат ба кам кардани хароҷоти ғайриистеҳсолӣ аз 18 миллион сомонӣ то 8 миллион сомонӣ ноил гардид.

Бино ба гуфти Игор Сатторов, пас аз қатъи интиқоли гази табиӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2012 «ТАЛКО» дар дохили корхона васлу корандозии 5 дастгоҳи истеҳсоли гази синтезиро аз ангишти маҳаллӣ ба роҳ монд. Айни замон ширкат сехи газгенераторӣ дорад, ки имкон медиҳад истеҳсолотро дар ҳаҷми пурра бо газ таъмин намояд.

Агар қаблан хароҷот вобаста ба истеъмоли солонаи гази табиии аз Ӯзбекистон харидашаванда 16 миллион долларро ташкил медод, пас имрӯз ширкат барои таъмини истеҳсолот бо гази синтезӣ аз ангишти маҳаллӣ миллион доллари ИМА сарф менамояд. Ҳамин тариқ, фоидаи солонаи ширкат аз ҳисоби хароҷоти мазкур 15 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мутобиқи стратегияи давлатии иқтисодӣ ва сиёсати саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба иваз намудани воридоти молҳои саноатӣ асос ёфта, эҳтиёҷоти бозори дохилиро бо молҳои истеҳсоли худӣ қонеъ мегардонанд, «ТАЛКО» стратегияи рушди саноати ватании алюминийро бо роҳи гузариши ширкат ба истифодаи захираҳои маҳаллии ашёи хом таҳия намуда, ба татбиқи муайяни сармоягузорӣ оғоз намуд.

Соли 2013 Ширкати «ТАЛКО Ресурс» ба истихроҷи саноатии ангишти кони «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ оғоз бахшид. «ТАЛКО Ресурс» ҳоло КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, корхонаҳои истеҳсоли сементи ноҳияи Ёвон, шаҳри Душанбе ва дигар иншоотро бо ангишт таъмин менамояд.

5 сентябри соли 2016 сохтмони се иншооти калони саноатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таъсиси Корпоратсияи кимиёвию металлургии «Кимиёи Тоҷик» анҷом ёфт. Бо иштироки Президенти кишвар ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаҳои истеҳсоли криолит (маҳсулнокӣ 12 ҳазор тонна дар як сол), фториди алюминий (18 ҳазор тонна) ва кислотаи сулфат (130 ҳазор тонна) ба истифода дода шуд. Сохта ба истифода додани корхонаҳои нави кимиёвии «ТАЛКО» на танҳо талаботи Корхонаи алюминийи тоҷикро бо маҳсулоти номбаршуда пурра таъмин мекунад, балки аз ҳисоби истеҳсоли барзиёд (тахминан 20 фоиз) ба бозори хориҷи кишвар низ роҳ меёбад. Аллакай корхонаҳои алюминийбарории Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон ва ғайра барои харидорӣ намудани маҳсулоти ин корхонаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Омили дигари мусбат имконияти амалӣ намудани фурӯши тиҷоратии маҳсулоти иловагии корхонаи криолит-гаҷ мебошад, ки миқдори он, тибқи ҳисоби пешакӣ, 75 ҳазор тонна дар як сол аст.

Айни замон дар доираи таъмини ашёи хоми корхонаҳои истеҳсоли криолит ва фториди алюминий корҳо ҷиҳати истих­роҷи 300 ҳазор тонна маъдан дар як сол роҳандозӣ гардида, фабрикаи нави ғанигардонӣ дар ҶДММ «Комбинати маъдантозакунии Такоб» барои истеҳсоли флюорит сохта шудааст.

«Талко» нақша дорад, ки сохтмони корхонаи истеҳсоли содаи каустикиро дар ноҳияи Ёвон ба роҳ монад, ки баҳрабардории он соли 2017 ба нақша гирифта шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти баландсифат аз ҳисоби истифодаи технологияи навтарин ва истифодаи ашёи хушсифати маҳаллӣ таъмин карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии солона то 50 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил мекунад.

- Фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои амалкунанда ва нав бунёдгашта ба «ТАЛКО» имкон медиҳанд, ки на танҳо умед ба ноилшавии афзалияти назарраси тиҷоратӣ бандад, балки дар маҷмӯъ воридотивазкунии солонаро ба андозаи 126 миллион доллар таъмин созад. Ғайр аз ин, барои зарар надидани ширкат дар давраи буҳрони ҷаҳонии молиявӣ аз ҳисоби барзиёд истеҳсол кардани маҳсулот КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тасмим гирифтааст, ки истеҳсоли алюминийи аввалияро то охири соли 2016 ба андозаи 5,3 фоиз коҳиш дода, ба ҷойи 158 ҳазор тоннаи пешбинишуда 150 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд, — изҳор дошт Игор Сатторов ва афзуд:

- Тадбирҳои зиддибуҳронии ба кам кардани хароҷоти истеҳсолот нигаронида, чанд сол аст дар корхона бомуваффақият роҳандозӣ мегардад. Дар ин бобат менеҷменти ширкат чунин меҳисобад, ки яке аз тадбирҳои муассир муваққатан боздоштани кори электролизёрҳо маҳсуб меёбад. 23 сентябри соли 2016 теъдоди электролизёрҳои фаъол 303 ададро ташкил дод. Инчунин, 60 электролизёри дигар омодаи кор мебошад, вале фаъол кардани он дар шароити кунунӣ арзиши аслии маҳсулотро боло бурда, боиси афзоиши зарари ширкат шуда метавонад.

Дар маҷмӯъ, сохта ба истифода додани корхонаҳои нав, ки маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол менамоянд, ба рушди саноат мусоидат карда, вобастагии КВД «Ширкати алюминийи тоҷик»-ро аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш медиҳад. Илова бар ин, садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, аз ҳисоби фаъолияти корхонаҳои нав ба Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагӣ дар шакли андоз ва дигар пардохтҳо ворид мегардад, ки аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ дорад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»