БАРОИ ҶАЛБИ ЗАНОН БА СОҲИБКОРӢ ШАРОИТ ФАРОҲАМ АСТ

№68 (3548) 26.05.2016

Занхо3Хурсандиовар аст, ки занҳо низ дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ фаъолона ширкат менамоянд. Ин нукта дар суҳбат бо раиси Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова масъалаи меҳварӣ буд.

-Ассотсиатсия кай ташкил шуд ва чӣ қадар аъзо дорад?

-Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) соли 1995 таъсис ёфта, айни ҳол зиёда аз 3000 зани соҳибкору ҳунарманд аъзои он  мебошанд. Он мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон фаъолияти худро пеш мебарад ва дар филиалу марказҳои хизматрасонии ТАҚХ «Имон Интернешнл» намояндагиҳои худро дорад.

АМЗСТ дар замоне ташкил шуд,  ки кишвар марҳилаи душвори иқтисодиро паси сар менамуд. Мақсади асосӣ таъмини ҳуқуқҳои иқтисодии занон ва дастгирии онҳо дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ аст.

-Аз оғози фаъолият то имрӯз кадом чорабиниҳоро гузаронидед?                                                                                                                                                                                                                           

-Бо мақсади дастгирии занон  лоиҳаву ташаббусҳоеро амалӣ гардонида истодаем, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ дастгирӣ мешаванд. Бо ташаббуси мо соли 2014 Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии занони соҳибкор таъсис ёфт.

Соли 2013 озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин бизнес — нақша байни занони Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки дар натиҷа 19 нафар ҷавондухтар аз минтақаҳои гуногуни мамлакат соҳиби гранту мукофот гардида, тавонистанд фаъолияти соҳибкории хешро оғоз намоянд. Ғайр аз ин, АМЗСТ дар як сол ду маротиба озмуни «Беҳтарин бонуи соҳибкори сол»-ро барои дарёфти ҷоизаи «Фараҳ» ташкил менамояд, ки мақсади он баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии занони соҳибкор, табодули таҷрибаи пешқадам, муттаҳид намудани занони соҳибкор мебошад.

Тӯли зиёда аз 20 соли фаъолият як қатор ширкатҳои мустақилро таъсис додем, ки фаъолияти онҳо баҳри баланд бардоштани вазъи иқтисодии аҳолӣ равона гардидааст. ТАҚХ «Имон Интернешнл», Маркази занони «Гулрухсор», Фонди қарзии хурди «Имон», ташкилоти ҷамъиятии  «Дастовардҳои ҷавонон», ширкати «Озара» ва Маркази омӯзишии «Пешбурди бизнес ва молия» аз ҷумлаи онҳоянд.

Айни ҳол дар вилояти Хатлон лоиҳаеро амалӣ намуда истодаем, ки мақсади он тавсеа бахшидани фаъолияти иқтисодии занон мебошад. Он аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон ва Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико оид ба рушди байналхалқӣ дастгирӣ ёфт.

-Ба андешаи шумо занон аз имкониятҳои мавҷуда то кадом андоза истифода мебаранд?

-Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ намудани сармоягузорон ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Барои ҷалб намудани занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам шудаанд. Гуфта метавонам, ки занҳои мо  хеле фаъолу ташаббускоранд. Онҳо дарк менамоянд, ки барои ба даст овардани муваффақият бояд дониш, малакаву маҳорати лозима дошта бошанд. Имрӯз аксарияти занон бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд ҳамкорӣ намуда, аз имкониятҳои пешниҳодшуда васеъ истифода мебаранд. АМЗСТ соли 2014 дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Хуҷанд Бизнес- инкубатор оид ба дастгирии соҳибкорони ҷавонро таъсис дод, ки занону духтарон аз хизматрасониҳои машваратӣ ва омӯзишӣ истифода мебаранд.

ӣ бояд кард то занҳои хонашин бештар ба фаъолияти соҳибкорӣ рӯ оранд?

-Пеш аз ҳама, бояд дарк намоем, ки фаъолияти соҳибкорӣ ин василаи бо ҷойи кор таъмин кардан ва беҳтар гардонидани вазъи иқтисодии ҳар як хонавода мебошад. Муаррифӣ намудани дастовардҳои занони соҳибкор ва табодули таҷрибаи онҳо хеле муҳим аст ва ин  омил ба ҳавасманд гардонидани дигар занону духтарон мусоидат менамояд. Бо ҳамин мақсад АМЗСТ дар арафаи Рӯзи Модар озмуни навбатии «Фараҳ-2016»- ро эълон намуд.

Аз фурсат истифода бурда, занони соҳибкори Тоҷикистонро барои иштирок дар ин озмуни бонуфуз, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»