Дар мавзӯи рӯз

Барои чӣ дар муассисаҳои таълимӣ нақшаи захираи ангишт иҷро намешавад?

№2 (4108) 04.01.2020

Беш аз як моҳи аввали зимистон низ паси сар шуд. Моҳи декабр на он қадар сард омада бошад ҳам, вале зимистон ҳанӯз дар пеш аст. 29 марти соли 2019 таҳти №117 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 — 2020» ба тасвиб расид. Мувофиқи он, бояд соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар барои дар сатҳи хуб гузаронидани тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ медиданд. Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз рафти иҷрои қарори зикршуда дар соҳаи маориф ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муроҷиат намудем.

Тавре аз шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии вазорат иттилоъ доданд,       талаботи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 — 2020 — ум 46148 тонна ангишт, 47770,5 м3 ҳезум ва 128567 литр сӯзишвории дизелӣ мебошад, ки нисбат ба мавсими гузашта мутаносибан 1846,25 тонна зиёд, 85 метри кубӣ ва 3792 литр кам мебошад.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 — ум 145 муассисаи таълимии пойтахт аз тариқи шабакаҳои ягонаи гармидиҳии шаҳри Душанбе ва 59 муассисаи дигар ба воситаи дегхонаҳои дохилимактабии мутамарказ ба гармӣ таъмин мешаванд.  Дар қисмати боқимондаи муассисаҳои таълимии пойтахт низоми гармидиҳии дохили муассисаҳо аз таъмир бароварда шуда, дар ҳолати ба назди онҳо гузаштани хати магистралии оби гарм, низоми ба шабакаҳои ягонаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст мегарданд.

Айни замон, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 1222 буғхона (728 адад дар ҳолати корӣ), 2557 генератор, 25219 гармкунакҳои барқӣ ва 47055 печи барқӣ мавҷуд буда, барои истифода дар мавсими тирамоҳу зимистон омодаанд.

- Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро мебоист вобаста ба ҷудо намудани маблағ аз буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти дегхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбир андешанд. Мутаассифона, дар ин самт маблағҳои лозима пешбинӣ ва ҷалб нагардидааст, — изҳор дошт сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илм А. Бобиев. Номбурда афзуд, ки дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Лахш бо сабаби дер ба истихроҷи ангишт шурӯъ намудани ҶСК «Ангишти Камароб» захиракунии ангишт дар аввалҳои моҳи ноябри соли равон оғоз шуд. Бинобар ин, ноҳияҳои Нуробод, Сангвор ва Лахш бо конҳои ангишти «Зидеҳ» ва «Фон-Яғноб» шартнома баста, захиракунӣ то ҳанӯз давом дорад.

Дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Мурғоб,  Кӯшониён, Хуросон, Ҷайҳун ва шаҳри Кӯлоб низ нақшаи захираи ангишт пурра иҷро нашудааст.

Бино ба гуфти масъулин, то соли гузашта дар ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон барои муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистон захираи ангишт умуман ба нақша гирифта намешуд ва мавсими тирамоҳу зимистонро танҳо бо истифода аз ҳезум сипарӣ менамуданд. Таъкидҳои чандинкаратаи Вазорати маориф ва илм боис гардид, ки ин ноҳияҳо соли 2019 харидории ангиштро ба нақша гиранд. Ҳамин тариқ, барои муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинг 108 ва ноҳияи Балҷувон 16 тонна ангишт харидорӣ шуд.

Хулоса, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо нақшаи захираи ангишт иҷро нашудааст. Чаро? Саволе, ки аз масъулин посухашро интизорем.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»