14 апрел – Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории сил

Барои гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати табибон бояд ба онҳо имтиёзҳои нав дода шавад

№41 (3991) 13.04.2019

Чунин андеша дорад директори Маркази ҷумҳуриявии миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳии қафаси сина Фирӯз Шарифов

Фируз ШарифовБемории сил сирояткунанда буда, сари вақт дарёфту табобат нагардидани он на танҳо боиси фалокати шахсӣ, балки сарбории гарон ба дӯши ҷомеа мегардад. Ба болои ин ҳама, мубталоёни он фарқияти дигар доранд: моҳҳо ва ҳатто солҳо бистарӣ мегарданду доимо интизори давою суханони умедворкунанда мебошанд.

- Тибқи омори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), бо вуҷуди кӯшиши зиёд дар самти пешгирии паҳншавии сил натиҷаҳои беҳтари ниҳоӣ то ҳол ҳосил нашуда, танҳо соли 2017-ум аз 10 миллион нафар бемор  1,6 миллион кас фавтиданд. Шумораи ҳолатҳои нави сирояти одамон ҳар сол 2 фоиз кам мегардад, вале, ба гуфти коршиносон, он ҳанӯз ҳам миёни бемориҳои сироятӣ аз ҳама бештар хатарнок аст, — мегӯяд директори Маркази ҷумҳуриявии миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳии қафаси сина Фирӯз Шарифов.

Тибқи ҳисоботи расмӣ, соли 2017 нисбат ба соли 2007 беморшавӣ 3/1 баробар (мутаносибан 85 ва 60,2 ба 100 000 нафар аҳолӣ) ва фавт 2 баробар (мутаносибан 7,0 ва 3,5 ба 100 000 нафар аҳолӣ) коҳиш дода шуд.

Барои боз ҳам хубтар шудани ҳолат бояд заҳмати зиёд кашид. Барои ин, албатта, ҳама шароит фароҳам аст, таҷҳизоти муосир мавҷуданд, беморхонаҳои замонавӣ рӯз то рӯз бунёд мешаванд ва ғамхории Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ низ пайваста зиёд мегардад.

6 декабри соли 2011 зимни кушодашавии бинои нави бемористони бемории сил, ки бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд ва мубориза алайҳи силро аз муҳимтарин самти фаъолияти муассисаҳои беҳдоштии кишвар унвон карданд.  Бемористон бо 70 миллион сомонӣ сармояи Тоҷикис­тону Олмон тармиму бозсозӣ гардид. Инчунин, ба хотири пешгирии беморӣ «Барномаи миллии ҳимояти аҳолӣ аз бемории сил» ба тасвиб расида, дар доираи иҷрои он 67 маркази мубориза бо бемории сил ва 96 озмоишгоҳ таъсис ёфт.

Пешвои миллат ҳамон рӯз пешниҳод карданд, ки дар заминаи бемористон маркази омӯзишии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ таъсис ва ба Маркази илмию таълимии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина мубаддал гардонида шавад. Инак, 7 сол аст, ки дар муассиса корҳои илмӣ-тадқиқотии бемории сил роҳандозӣ мегардад.

Инчунин, аз соли 2015 дар асоси «Нақшаи миллии стратегӣ, оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», ки бо қарори суратҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ аз соли 2014 ба имзо расидааст, кори зиёд амалӣ гардид. Аз соли 2005-ум Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемории  норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал менамояд, ки назорати амалигардии чорабиниҳоро дар самти ҳимояи аҳолӣ аз сил ба дӯш доранд.

Алҳол заминаи моддию техникии соҳа барқарор карда шуда, ба талаботи назорати сироятӣ  ҷавобгӯ мебошад. Аммо нарасидани кадрҳои соҳа ҳанӯз ҳам ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. Умуман, дар муассисаҳои тиббии соҳа айни ҳол 238 нафар силшинос фаъолият менамоянд, ки дар умум 73 дарсадро ташкил менамоянд.  Бар замми ин, мутахассисони соҳа  барои кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ, берун аз кишвар мераванд ва қисмати дигар ба касбу кори гуногун гузаштаанд, ки қариб 35 фоизи мутахассисон мебошанд. Дар панҷ соли охир танҳо 40 нафар хатмкунандаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  ихтисоси табиби силшиносро гирифтанд, ки дар миқёси кишвар басанда нест. Ба фикри Фирӯз Шарифов, барои гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати табибон ва  ҳавасмандии онҳо бояд имтиёзҳои нав дода шавад. Ин дастгирӣ, пеш аз ҳама, барои мардуми кишвар зарур аст.

Тупер- Заминаи ташхисии бемории сил мукаммал гардонда шуда, воситаҳои ташхиси бемории сил, барои шаҳрвандон дастрас аст. Дар ҳамкорӣ бо шарикон воситаҳои ташхисии ҳозиразамон, аз қабили усулҳои молекулярии ташхис, томмографияи компютерӣ, ренгенграфияи рақамӣ ва ғайра  дастрас гардонда шудааст, ки имкон медиҳад сари вақт ва дар муҳлати кӯтоҳ муайяну хавфи паҳн гаштани онро пешгирӣ намоем, — мегӯяд Фирӯз Шарифов. – Инчунин, барои пешгирӣ аз сироятёбии бемории сил дар миёни аҳолӣ чорабинии зиёд роҳандозӣ мегардад.  Дар ин замина пешгирии махсуси иммунологӣ–эмгузаронии БСҶ барои навзодони  ҷумҳурӣ мавҷуд аст ва ҳар сол 97– 98 фоиз фаро гирифта мешавад.

Дар доираи қонунҳои амалкунанда Давлат ва Ҳукумати кишвар ба шахсони гирифтори бемории сил табобати ройгонро кафолат додааст. Аз соли 2002-юм доруҳои зиддисилӣ барои ҳама шакли беморӣ бефосила таъмин гашта, мубталоён аз табобати ройгон бархӯрдоранд.

Тибқи қарордоди бадастомада миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Хазинаи глобалӣ  аз соли 2016 харидорӣ ва таъмин намудани дорувориҳои зиддисилӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина, барои харидорӣ намудани дорувориҳои зиддисилӣ соли 2016 1 млн. сомонӣ, соли 2017 -1,5 ва соли 2018 3,5 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.

Шодмони Карим,

рӯзноманигор 

P.S. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои ҳалли мушкилоти  табибон бо  қарори № 603 аз 29 декабри соли 2018 барои ҳалли норасоии мутахассисони силшинос ва мубориза бо ин беморӣ имтиёзҳои нав ҷорӣ кард, ки мувофиқи он маоши табибони силшинос аз 1 июли соли 2019  100 фоиз  боло рафта, онҳо бояд дар як ҳафта на бештар аз 35 соат кор кунанд. Ба ғайр аз ин, рухсатии иловагӣ ва истифодаи имтиёзноки истироҳатгоҳҳо ва кумакҳои дигар кафолат дода шудааст.