Барои парвоз маълумотномаи тиббӣ ҳатмист

№ 16.11.2020

Бино ба маълумоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», 22 ва 29-уми ноябри соли равон парвозҳо бо хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе роҳандозӣ шуда, аз Душанбе соати 0600, аз Минск соати 1100 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.

Масъулони ширкат аз мусофирон даъват менамоянд, ки тартибу қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19-ро риоя кунанд. Мутобиқи Қарори Шӯрои вазирони Белорус, таҳти №591, қоидаҳои зерини вуруд ба кишвар ва убури қаламрави он (транзит) амал мекунанд:

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки 72 соат пеш аз убури марзи давлатии Белорус дода шудааст, бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки аз тариқи Минск парвозҳои транзитӣ анҷом медиҳанд, бояд чиптаи нуқтаи ниҳоии сафар, маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест) ва ҳатман ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Онҳое, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Барои мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда низ доштани маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, ҳатмӣ мебошад. Кӯдакони то сесола аз пешниҳоди маълумотнома озоданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»