Проблема ва мулоҳиза

Барои рушди соҳибкории иҷтимоӣ бояд қонуни мукаммал қабул гардад

№121 (4071) 10.10.2019

Ин барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иқтисодии аҳолӣ мусоидат менамояд.

services04Чӣ тавр метавон кор кард ва ҳамзамон аз пайи омӯзиш шуд? Оё мешавад, ки дар самти хизмат­расонӣ кор кардаву ба дигарон оид ба ҳуқуқҳои инсон ва дарки баробарии иҷтимоӣ иттилоъ дод? Оё роҳҳои ворид кардани навгониҳо ба тиҷорату имкони ҷалби ашхоси дилсӯзу ғамхор дар ин самт вуҷуд доранд?

Ҳамаи инро метавон дар коре пайдо кард, ки на танҳо ба хотири ба даст овардани маблағу фоида, балки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа равона шудааст ва он соҳибкории иҷтимоӣ ном дорад.

Соҳибкории иҷтимоӣ тавлиди молу ашё ё хизматрасонӣ бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебошад. Корхонаҳои иҷтимоӣ метавонанд хурду калон, байналмилалию маҳаллӣ бошанд, аммо онҳоро ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути истифодаи усулҳои гуногуни тиҷорат муттаҳид мекунад.

Ҳарчанд аввалин корхонаҳои иҷтимоӣ дар асри XIX пайдо шуда бошанд ҳам, бори аввал мафҳуми «соҳибкории иҷтимоӣ» аз ҷониби Муҳаммад Юнус, тоҷире аз Бангладеш, таъсисдиҳандаи бонки Грамин ва барандаи Ҷоизаи Нобел шарҳ дода шудааст. Ӯ ҳафт принсипи соҳибкории иҷтимоиро чунин тавзеҳ медиҳад:

- ҳадафи тиҷорат барои коҳиш додани камбизоатӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа аст, на ба даст овардани фоидаи калон аз ҳисоби тиҷорат;

- устувории молиявӣ ва иқтисодӣ;

- сармоягузорон маблағи худро бармегардонанд, аммо бе фоизи иловашуда;

- пас аз баргардонидани маблағи саромоягузорон, фоидаи ширкат барои рушди минбаъдаи он ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ истифода мешавад;

- масъулияти муҳити зист (экологӣ);

- коргарон музди меҳнати мувофиқ ба бозори меҳнат гирифта, дар шароити беҳтаршудаи корӣ фаъолият мекунанд;

- …ва кори табъи дили худро иҷро мекунанд.

Дар кишварҳои пасошӯравӣ соҳибкории иҷтимоӣ аввалин қадамҳоро солҳои 2000-ум гузошт. Ҳоло он бештар дар самтҳои кумак ба ашхоси имконияташон маҳдуд ва хатмкунандагони хонаи кӯдакон, ятимон, нафарони камбизоат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд.

Дар Тоҷикистон бори аввал оид ба соҳибкории иҷтимоӣ соли 2018 Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун» якҷо бо Институти «Ҷамъияти кушода»- и Бунё­ди Мадад ва кумаки намояндагии Маркази байналхалқии ғайритиҷоратии ҳуқуқӣ лоиҳаи таҷрибавиеро барои таҳқиқ ва омӯзиши заминаҳои соҳибкории иҷтимоӣ тарҳрезӣ карданд. Дар доираи он гурӯҳи мутахассисон, аз ҷумла, намояндагони парлумон, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфт.

«Дар доираи лоиҳа, таҳлили ҳуқуқӣ ва иқтисодии имкониятҳои рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва гурӯҳи коршиносон лоиҳаи «Консепсияи рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон»-ро таҳия намуданд ва он ба як қатор мақомоти давлатӣ фиристода шуда, баҳои мусбат гирифт. Имсол ҳуҷҷатро дар нишастҳои ҷамъиятӣ муаррифӣ карда, мехоҳем барои такмили он фикру ақидаи ҷомеаи шаҳрвандиро ба даст орем», — гуфт Наргис Зокирова, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун».

Тибқи иттилои мутахассисони гурӯҳи корӣ, мақсади Консепсия дар заминаи қонунӣ фароҳам овардани шароити муфид барои дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла, занони танҳо, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, ятимон, ашхоси камбизоат ҳам аз тарафи давлат ва ҳам аз ҷониби ҷомеа мебошад.

- Дар кишвар 157 ҳазор оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 15 дарсад (57 ҳазор оила) дар ҳолати вазнини нодорӣ қарор доранд. Маблағи даромади онҳо дар як рӯз камтар аз 10 сомониро ташкил медиҳад. Бинобар ин, рушди соҳибкории иҷтимоӣ метавонад вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии оилаҳои камбизоатро беҳтар кунад, — мегӯяд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов.

Ба иттилои ӯ, дар ду соли охир барои дастгирии соҳибкорон 5 миллиард сомонӣ сабукии андозӣ ва гумрукӣ пешбинӣ шуд, аммо барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иқтисодии аҳолӣ ва рушди соҳибкории иҷтимоӣ бояд қонуни мукаммал таҳия ва қабул гардад. Ин андешаро Сарвар Ҳолиқзода, сардори Идораи қонунгузорӣ оид ба конститутсия, дифоъ ва амнияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда гуфт: «Дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми «соҳибкории иҷтимоӣ» вуҷуд надорад, бинобар ин, дар марҳилаи аввал бояд ин мафҳум ба қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ворид карда шавад.

- Барои дохил кардани мафҳуми соҳибкории иҷтимоӣ, бояд дар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Инчунин, беҳтар аст, агар дар ин самт қонуни алоҳида ба тасвиб расад, чунки соҳибкории иҷтимоӣ метавонад дар баробари тиҷорат будан, бархе аз мушкили ҷомеро ба гунае ҳал намояд», — иброз дошт Сарвар Холиқзода.

Қаҳвахонаи «Дар як замин» ва студияи «iTavono» (Ман тавоно), ки аз сӯи созмони ҷамъиятии «Ирода» таъсис дода шудаанд, яке аз беҳтарин намунаи соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Лола Насриддинова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ирода» мегӯяд, ки мақсади «Дар як замин» дастгирӣ ва рушди тифлону ҷавонони дорои мушкилоти зеҳнӣ ва аутизм аст.

- Идеяи таъсиси қаҳвахона аз ҳунари омода кардани маҳсулоти қаннодии ҷавонони марказ, ки дорои махсусиятҳо дар рушди тафаккур ҳастанд, шурӯъ шуд. Шарикони амрикоӣ «Реалити Китчен Нонпрофит» таҷрибаи худро ба мо омӯхтанд ва ин аст, ки ҳоло қаҳвахонаи ҷамъиятӣ-тренингӣ фаъолият мекунад. Дар он, баробари дар сатҳи касбӣ омода шудани шириниҳо, бо меҳнати ҷавонони дорои махсусият дар рушди тафаккур ва аутизм ба меҳмонон низ худи онҳо хизматрасонӣ мекунанд, — мегӯяд Лола Насриддинова.

Ба андешаи ҳамсуҳбатам, ҳар як шахс, новобаста аз мавқеи ҷамъиятӣ ва имкониятҳои ҷисмонӣ ё ақлонӣ метавонад истеъдод ва ҳунареро, ки Офаридгор барояш ато кардааст, барои пешбурди зиндагӣ ва ҷамъият истифода барад. Ба қавли ӯ, тамоми маблағе, ки аз ҳисоби қаҳвахонаи «Дар як замин» ба даст меояд, барои пешбурди дигар корҳои ташкилот масраф мешавад.

- Вақте мо майлу хоҳиши ҷавонони ташкилотро дар истифодаи технологияҳои нав дидем, тасмим гирифтем, ки студияи полиграфии «iTavono»- ро таъсис диҳем. Он платформаи инклюзивӣ барои дастгирӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонони аз синни 18 то 30,  ки дорои аутизм ва дигар нуқсон дар рушди тафаккур ҳастанд, ба шумор меравад, — гуфт ӯ.

Шодибек Қодиров — директори Ташкилоти ҷамъиятии «Иқтисод ва маориф» ақида дорад, ки соҳибкории иҷтимоӣ метавонад се мушкили асосӣ таъмини гурӯҳҳои осебпазир бо ҷойи кор, мусоидат дар ҳидояти касбӣ ва шуғл, рушди хизматрасонии иҷтимоӣ ва интегратсияи гурӯҳҳои мазкурро дар ҷомеа ҳал кунад.

- Ба шарофати рушди соҳибкории иҷтимоӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин, ба истеҳсоли молу ашё ва самти хизматрасонӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ҷониби дигар, таъмини ин қишри аҳолӣ бо шуғл маънии якпорчагии иҷтимоӣ ва имкони гирифтани даромад дар шакли музди меҳнатро дорад, ки ин ҳам ба манфиати давлат аст», — илова кард Шодибек Қодиров.

Ба андешаи мутахассисон, як қатор мушкиле мавҷуд аст, ки соҳибкорони иҷтимоӣ бештар бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Яке аз онҳо баланд будани фоизи бонкҳо, дастнорасии захираҳои молиявӣ ва қарзӣ мебошад. Мутахассисон мегӯянд, ки дар ибтидо барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ва ташаккулу рушди соҳибкории иҷтимоӣ зарур аст, ки аз ҷониби давлат масъалаҳои додани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат, ташкили фондҳои кумак, имтиёзҳои андозсупорӣ ва сода кардани тартиби ташкили корхонаи иҷтимоӣ ба инобат гирифта шаванд.

Дар натиҷаи ду нишасти ҷамъиятие, ки дар доираи лоиҳаи «Пешбурди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд моҳҳои июн — июли соли ҷорӣ баргузор шуд, иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки дар лоиҳаи Консепсияи соҳибкории иҷтимоӣ мафҳуми «соҳибкории иҷтимоӣ» ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, дар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мафҳуму маънии «соҳибкорӣ» аз «соҳибкории иҷтимоӣ» ба таври возеҳ ва фаҳмо ҷудо карда шавад. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ статуси соҳибкории иҷтимоӣ ва барои муҳоҷирони баргашта имтиёз дода шавад, то онҳо тавонанд таҷрибаи соҳибкории иҷтимоии омӯхтаашон аз дигар давлатҳоро дар кишвар ҷорӣ кунанд. Ба соҳибкорони иҷтимоӣ имтиёз дода, андозбандӣ кам карда шавад. Барои табодули назар ва таҷриба ҳар сол форуми соҳибкорон бо қонунгузорон баргузор гардад.

Муҳайё Нозимӣ, рӯзноманигор