Барориши евробонд шарикиро тақвият мебахшад

№7 (3801) 16.01.2018

IMG_1514-324x160Тибқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани ризоят ба додугирифти қарзи давлатӣ салоҳияти Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ба ғайр аз ин, тибқи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати гирифтани иҷозат дархост пешниҳод мегардад.

Дар замони муосир гирифтани қарз аз ин ё он давлат, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ маъмул аст ва маҳз дар ин замина давлатҳои рӯ ба инкишоф пешрафтро таъмин менамоянд. Кишварҳои абарқудрати олам низ аз гирифтани қарз дар канор нестанд, ҳатто дар муқоиса бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳаҷми қарзи хориҷиашон хеле зиёд аст. Барои мисол, қарзи хориҷии ИМА 18 триллион доллар, Федератсияи Россия — 732,2 миллиард, Беларус — 34, Қирғизистон 3,4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳандаҳо пайваста дар афзоишанд. Масалан, ду сол пеш Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон пешбинӣ намуда буд, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми қарзи хориҷии ин кишвар шояд ба 3,7 миллиард доллари ИМА расад. Аз маълумоти тавассути Шабакаи умумиҷаҳонии интернет дастрасшуда бармеояд, ки нисбат ба ММД ҳаҷми қарзи ИМА 130, Япония — 232, Португалия — 133, Ирландия — 123, Кипр — 112, Беларус — 53, 4 ва Қирғизистон 53 фоиз рост меояд.

Чанде пеш Маҷлиси намояндагон ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» ризоят дод. Тавре муовини вазири молия дар парлумони касбии мамлакат иброз дошт: «Қарори мазкур бо мақсади ҷалби маблағ аз бозорҳои молиявии байналмилалӣ барои сохтмони иншооти стратегии давлат — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳия шудааст. Барориш ва паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатӣ (евробондҳо)-и пешбинигардида аз чорабиниҳои Гурӯҳи кории ваколатдор ҷиҳати дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад».

Барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ, ки дар шакли вомбаргҳо ба маблағи то 1 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст, дар марҳилаи аввал ба маблағи то 500 000 000 (панҷсад миллион) доллари ИМА ба муҳлати то 10 сол бароварда, меъёри фоизи вомбаргҳо дар заминаи рейтинги қарзии давлат муайян ва дар марҳилаи муаррифии тарҳи барориш ба сармоягузорони инфиродӣ ва институтсионалӣ мушаххас карда мешавад. Зикр гардида буд, ки «паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатӣ дар бозорҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ карда мешавад ва ин тарзи қарзгирӣ таҷрибаи нахустини давлат дар ин самт ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ҷалби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматноки хориҷа, аз қабили андеррайтер, агентиҳои бақайдгиранда ва амсоли онҳо дар назар аст. Расмиёт ва давраҳои эмиссияи коғазҳои қиматнок тибқи тартиби қонунгузории ИМА ва давлате, ки дар он паҳнкунии вомбаргҳо дар назар аст, амалӣ карда мешавад».

Тибқи маълумоти дастрасшуда, евробондҳо аз 31-уми августи соли гузашта дар чаҳор шаҳри бузурги дунё — Ню- Йорк, Бостон, Сюрих ва Лондон ба маърази сармоядорон ва харидорон гузош­та шуд. «Роуд-шоу» ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон ба сармоягузоронро ду бонки ҷаҳонӣ Citi-и Амрико ва Raiffeisen Bank International ташкил намуданд.

Ҷанбаҳои мусбати евробонд зиёданд. Барои мисол, фарқи харидорони евробондҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ин аст, ки ҳангоми қарз додан дар назди Ҳукумат шарт намегузоранд. Маъмулан созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки ҷаҳонӣ ва ё Бонки осиёии рушд, қабл аз ҷудо кардани қарз шарти ислоҳотро матраҳ мекунанд, ки барои кишварҳое назири Тоҷикистон то андозае қобили қабул нест. Сониян, маб­лағ аз фурӯши евробондҳо зуд ба суратҳисоби дахлдор ворид мешавад ва ба траншҳо ҷудо намегардад. Хурсандиовар аст, ки намоиш ва фурӯши евробондҳо бомуваффақият амалӣ ва 500 миллион доллар ба муддати 10 сол, ки фоизи солонааш 7,125 дарсад аст, ба кишвар ворид гардид.

Зимни суҳбат раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода барориш ва паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

- Иқдоми мазкур замина фароҳам меорад, ки нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ чун шарики боэътимод боло равад. Зеро гирифтани қарз далели азми қавӣ доштан дар ҷодаи рушд мебошад. Вақте қарз гирифта, онро дар муҳлати пешбинишуда бармегардонем, эътимоду таваҷҷуҳи давлат ва ташкилоту созмонҳои бонуфуз меафзояд. Аз ҷониби дигар, фоизи қарз баланд набуда, вобаста ба талаботи ҷаҳони муосир қобили қабул аст. Бо дарназардошти ин, Маҷлиси намояндагон ба Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» ризоят дод, — гуфт номбурда.

Масъулини Вазорати молияи мамлакат ба он назаранд, ки дар раванди барориши вомбаргҳо, алалхусус дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ, вақти барориши онҳо аҳамияти хос дорад. Зеро фоизи пешниҳодшаванда аз ҷониби эмитент аз зиёд ё кам будани талабот ба вомбаргҳо вобастагии калон дорад. Масалан, агар талабот ба вомбаргҳо зиёд бошад, эмитент метавонад барои вомбаргҳо фоизи паст пешниҳод намояд, ки ин ба фоидаи ӯ мебошад.

Ба андешаи муовини якуми вазири молияи мамлакат Ҷамшед Каримзода, феълан даромаднокии евробондҳо рӯ ба баландшавӣ ниҳода, ба 4,6 дарсад баробар шудааст. Аз ин рӯ, ба фурӯш баровардани евробонд­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра айни муддаост.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»