Баррасии моҳияти Стратегияи миллии рушд

№1 (3638) 05.01.2017

Дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 1 декабри соли гузашта баргузор гардид, дар бораи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қарор қабул шуда, вакилон зимни баррасӣ ҳуҷҷати мазкурро барои рушди минбаъдаи мамлакат хеле муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ин робита, чанде пеш Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини вазорату идораҳо, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷамъомад доир кард. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни ифтитоҳи он чунин зикр намуд: «Ин дувумин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, дар он ҳадафҳо ва афзалиятҳои рушди дарозмуддат бо дар­назардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми кишвар, захираву имкониятҳои мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян шудаанд.

Дар Стратегия ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар баробари нақшаву афзалиятҳои Ҳукумати кишвар, уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аз рӯи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2015 қабул шудаанд, ифода ёфтааст».

Маълум аст, ки фаъолияти соҳибкорӣ муҳаррики рушди иқтисодиёт маҳсуб меёбад.  Бо таъкиди ин нукта намояндаи котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Манучеҳра Мадҷонова  баён дошт, ки: «Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоид барои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ таъмин гардида, ба  ин васила саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти  дохилӣ аз 30 фоизи соли 2000-ум то 67 фоиз дар соли 2015 расида, дар навбати худ бахши хусусӣ 78 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлат, 65 фоизи шуғли аҳолиро ташкил медиҳад.  Дар давраи татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015» ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахши сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ гузаронида, заминаи ҳуқуқии соҳа мукаммал шуд. Аз ҷумла, қонунҳо дар бораи сармоягузорӣ, дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, як қатор барномаҳои соҳавӣ, стратегия, консепсия ва нақшаи чорабиниҳо қабул ва тасдиқ гардида, дар натиҷа инфрасохтори  соҳа ташаккул ёфта, мақоми алоҳида оид ба сиёсати соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ — Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади таъмини рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис ёфта, имрӯз дар 40 шаҳру ноҳия шӯроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ фаъолият мекунанд».

Дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ дар соҳаи нақлиёт ва роҳдорӣ рӯйдодҳои муҳим ба амал омада, яке аз ҳадафҳои стратегӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан татбиқ гардид. Дар ин бора сардори раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шоиста Саидмуродова ибрози назар кард.

- Вобаста ба он ки саноати хӯрокворӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба таъмини устувор ва кафолатноки аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизогии бехатар ва дорои сифати баланди дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсолшаванда  равона  месозад. Солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, обҳои нӯшокӣ, консерваи меваю сабзавот, намак афзоиш ёфта, талабот ба маҳсулоти ватанӣ мунтазам зиёд мешавад, — гуфт муовини вазир Акрами Ҳамроқул.

Ҳамчунин, дар «Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Дар замони муосир, ки илму технология босуръат тараққӣ мекунад, неруи инсонӣ ба омили муҳимтарини таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар табдил ёфтааст. Биноан, дар 15 соли минбаъда аз рӯи нишондиҳандаи индекси рушди инсонӣ ба гурӯҳи кишварҳои сатҳи баланди рушди инсонӣ ворид гардидани Тоҷикистон ҳадафи асосӣ аст. Дар ин робита, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода диққати аҳли нишастро ба мушкилоти ташаккули бозори меҳнат ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ҷалб кард.

Намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҷеъ ба масъалаи мавриди назар ибрози ақида карданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»