Баррасии ташаккулёбии буҷети давлатӣ дар «тавозун»

№126 (3920) 18.10.2018

12.10.18Ёздаҳуми октябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» маҳфили журналистикаи иқтисодӣ — «Тавозун» баргузор гардид, ки дар он «Марҳилаи якуми ташаккули Буҷети давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Директори ташкилоти зикршуда Шаҳло Акобирова изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории маҳфили «Тавозун» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ба роҳ мондани баррасии фаъоли буҷети миёнамуддати давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими молиявии амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мебошад. Дастрасӣ ба маълумот имкон медиҳад, ки аз ҷониби қонунгузор ва ҷомеа сифати қарорҳои қабулшавандаи ба буҷет рабтдошта таҳти назорат бошанд, шаффофияти кор ва масъулияти ҳокимияти иҷроия барои таҳияву амалишавии буҷет баланд шавад ва барои назорати хароҷоти мақсадноки маблағҳои давлатӣ замина пайдо гардад.

Сипас, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова доир ба  нозукиҳои таҳияи буҷети давлатӣ маълумот дода, коршиноси маҳалӣ оид ба банақшагирии стратегӣ Лола Қудусова дар мавзӯи «Банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷриба ва рушди он» ва коршинос оид ба масоили идораи молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов бобати «Марҳилаи стратегии таҳияи буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021» маърӯза намуданд.

Дар фарҷом намояндагони ВАО ба саволҳо перомуни банақшагирии стратегӣ ва ташаккулёбии буҷаи миёнамуҳлати давлатӣ посух гирифтанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»