Бинои «Ҳалевард» таъмирталаб аст, аммо…

№107 (3901) 01.09.2018

Зимни як сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо фаъолияти идораи ҷамоати деҳоти «Ҳалевард», ки дар сари роҳ ҷой гирифтааст, ошно шудан хостем. Вақте дохили бинои он шудем, аз идораи ҷамоат буданаш шубҳа кардем. Деворҳои бино фарсуда, рангпарида ва таъмирталаб буданд.

Роҳравҳои пур аз хоку чанг, шиору овезаҳои куҳнаю фарсударо дида, табъа­мон хеле хира гардид. Ҳарчанд рӯзи корӣ буд, дар идораи ҷамоат ба ғайр аз ду нафар касеро пайдо карда натавонис­тем. Дар майдончаи назди идора сагҳо давутоз мекарданду аз партовҳои ҷо-ҷо партофта чизе меҷустанд.

Аз он ду нафаре, ки дар як утоқи пур аз хоку чанг нишаста буданд, раиси ҷамоатро пурсон шудем. Яке аз онҳо, ки худро иҷрокунандаи вазифаи раис муаррифӣ намуд, гуфт, ки раис дар рухсатии меҳнатист. Вақте хостем бо ӯ суҳбат кунем, на танҳо худдорӣ кард, балки ному насабашро низ гуфтан нахост. Даҳон накушода, бо сарҷунбонӣ ишора мекард, ки намехоҳад ба суолҳои мо ҷавоб гӯяд. Вале баъди талошҳои зиёд маҷбур шуд, ки ба чанд суол ҷавоб гардонад.

- Ман дар бораи ҷамоат ягон маълумот надорам, чунки ҳама ҳуҷҷат дар утоқи кории раис ҳастанд ва дари он баста аст. Танҳо ҳаминро медонам, ки вобаста ба садамавӣ будани бино ба зинаҳои болоӣ чанд маротиба муроҷиат намудем, аммо то ҳол ягон натиҷа надодааст, — гуфт ӯ.

Дар вақти аз идораи ҷамоат берун баромадан илова намуд:

- Бино дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудаасту то ҳол рӯи таъмирро надидааст. Ман танҳо метавонам ба шумо рақами телефони раисро диҳам. Чӣ суоле, ки доред, метавонед аз ӯ пурсед.

Ба рақами телефоне, ки аз ӯ гириф­тем, борҳо занг задем, аммо танҳо як ҷумларо мешунидем: «Муштарӣ муваққатан дастнорас аст»

Ҳолати садамавии биноро дида, боварии кас намеояд, ки зимистони дарпешбударо паси сар хоҳад кард. Ин бино, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Панҷи Поён ҷойгир аст, бемуҳобо ҳусни ноҳияро коҳиш медиҳад.

Дар ноҳияе, ки шумораи соҳибкорони муваффақаш зиёд аст, ҳадди ақал таъмири ҷорӣ намудани бино набояд мушкиле дошта бошад. Масъулин бояд баҳри таъмири бинои маъмурӣ чора биандешанд, зеро дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сайёҳон ба Ватан бештар хоҳанд омад ва… Инчунин, дар канори шоҳроҳ будани чунин бинои таъмирталабу садамавӣ ба ростӣ, айб аст!

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»