Ҳушдор

Биринҷ аз пластмасса

№33 (3827) 13.03.2018

ывавБо густариши муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои гуногун маҳсулоти воридотӣ низ зиёд гардидааст. Бобати зиёни баъзе аз онҳо далел мавҷуд буда, пеш аз ҳама, нӯшокиҳои воридотӣ зарарнок эътироф гардидаанд. 

 Духтурон тавсия медиҳанд, ки аз харидани «чипс»-ҳо, ки аксар тифлакон ба он одат кардаанд, худдорӣ намоем. Ҳарчанд онро картошкаи бирён мегӯянд, баъзан нишоне аз картошка надошта, омехтаи крахмалу иловаҳои номаълуманд. Дар баъзе маврид таркиби баъзе аз консерваҳои гӯштӣ ё моҳиро низ муайян кардан ғайриимкон аст. Аксар шоколаду кулчақандҳо низ ба ном мувофиқат намекунанд. Аммо нархи ин маҳсулот аз маҳсулоте, ки бонувони тоҷик ба фурӯш мебароранд, болотар аст. Зеро маҳсулоти воридотӣ реклама мешавад, тамғаҳои «ЭКО-», «БИО-» ва «Naturel», халтачаву қуттиҳои пурҷило дорад: ба ибораи дигар, «шири обдор – ғавғои бисёр!», «оби дари хона – тира».

Чанд сол қабл дар Хитой сарони яке аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи шири хушк, ширинӣ ва ҳабҳои ширӣ ба қатл маҳкум шуда буданд. Зеро дар таркиби шири истеҳсолнамудаи онҳо иловаҳои кимиёие мавҷуд будааст, ки ба саломатии кӯдакон зарар дошта, боиси марги чанд нафар шуд. Ҳоло бошад, тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ чиниҳо дунёро бо эҷоди худ ба ҳайрат оварданд: аз пластик биринҷи сунъӣ ихтироъ карданд.

Зарур нест, ки замин шудгор карда, шолӣ кишт намоянду  бо ташвишҳои зиёд пухта расидани онро интизор шаванд. Биринҷи онҳо дар корхонаи саноатӣ тавассути таҷҳизоти муосир дар чанд соат тайёр мешудааст.

Он комилан пластикӣ набуда, аз крахмали картошка таркиб ёфта, пластик танҳо барои ба шакли биринҷ даровардани крахмал истифода мешавад. Ошпазҳо мегӯянд, ки истеъмоли як табақчаи он ба фурӯ бурдани як халтачаи селофанӣ баробар аст.

Зарари биринҷро ҳоло касе муайян накардааст. Бояд гуфт, ки пеш аз биринҷи сунъӣ яке аз ширкатҳои чинӣ харчангҳои хурди баҳрӣ (креветка) –ро ҳам ба таври сунъӣ  истеҳсол намуда буд.

Тибқи маълумоти  шабакаҳои иҷтимоӣ, айни ҳол дар бисёре аз бозорҳои ҷаҳон биринҷи пластикиро, ки аз биринҷи ҳақиқӣ фарқ кардани он осон нест, пайдо кардан мумкин аст. Ҳатто дар Малайзия, ки бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор доранд.

Пайгирии масъала маълум намуд, ки истеҳсоли биринҷи пластикӣ 4 сол пеш оғоз ёфтааст. Он «Учун» ном дошта, дар Хитой биринҷи табиии навъи олӣ чунин ном дорад. Мояи нигаронӣ он аст, ки ҳаҷми истеҳсоли биринҷи сунъӣ аз табиӣ 10–12 маротиба зиёд аст. Агар ин маълумот ҳақиқат дошта бошад, воридшавии он ба бозорҳои кишвари мо низ аз эҳтимол дур нест.

Барои муайян намудани биринҷи сунъӣ сӯзондани чанд донаи он тавсия дода мешавад. Алангаи оташи он кабуд буда, ҳатман бӯи пластмассаи сӯхта ба димоғ мерасад.

Роҳи дигар, биринҷро тар карда, дар ҳавои кушод 2-3 рӯз нигоҳ доштан аст. Биринҷи сунъӣ зебову дилкаш боқӣ монда, биринҷи ҳақиқӣ вайрон мешавад.

Роҳи сеюм ҷӯшонидани биринҷ аст. Биринҷи табиӣ шакли худро тағйир медиҳаду сунъӣ тағйир намеёбад.

 Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»