Боғе, ки тирамоҳ нарасида ба он хазон меояд

№136 (3616) 03.11.2016

DSC_0595Ё чаро касе аз ҳолати ҳузнангези боғи назди муҷассамаи Александр Мироненко эҳсоси шармсорӣ намекунад?

Боғ як ҷузъи фарҳанги шаҳрдорӣ буда, ифодагари сатҳи маънавиёти халқ аст. Он бояд фазои муаттар ва сафою зебоиро доро бошад.

Вале манзараи ноҳинҷору ногувори боғи назди муҷассамаи Александр Мироненкоро дида, ниҳоят нороҳат шудам.

Мо таърихи ҳазорсолаи боғдорию гулпарварӣ дорем, аммо ҳолати ҳузнангези боғи назди муҷассамаи Александр Мироненкоро дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Синои пойтахт дида, кас ба ҳақиқати ин суханон шубҳа мекунад. Боғ гӯшаи азёдрафтаро мемонад: роҳравҳояш хокӣ, паҳлуи онҳо ба ҷои гулу гулбутта хор рӯидааст. Се  нишемани (нишастгоҳ)-и рангпарида дорад, ки нохуш ба назар мерасанд ва таъмирталабанд. Шабонгаҳ ин макон ба манзили фисқу фуҷури ашхоси фосиқ табдил меёбад.

Муҳибулло Шерматов – дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, бо ҳасрат ёдовар мешавад, ки дар боғ чанд сол пеш як чоҳи артезианӣ канданд. Лӯлаҳои хурду калони зиёд оварданд. Мурод обшор кардани он буд, вале чоҳ куҷо шуду лӯлаҳоро кӣ бурд, касе намедонад.

Бале, об ҳама чизро тоҳир мекунад ва мӯҷиби сарсабзию хуррамӣ мебошад. Вале об дар ин ҷо ба гирди боғ намегардад. Дарахтонро бо сатил об медиҳанд. Ҷойҳои гулшинонии гирди муҷассама коҳдони норӯфтаро мемонад. Дар Душанбе зиёда аз 130 навъи гул мерӯяд, аммо ин ҷо мардум навъҳои гуногуни хорро метавонанд бинанд.

Аслан, ин боғ на танҳо ҷойи истироҳату фароғат, балки ҷойи зиёрат низ ҳаст. Ҷое, ки дил аз ғаму ғусса холӣ мешавад. Он нишонест аз сӯзу дарди 360 модари тоҷику тоҷикистонӣ. Дар рӯйи он ашки талху ҷонсӯзи модари тоҷик ҳанӯз ҳам хушк нашуда, як ҷаҳон сӯзу андӯҳ ниҳон аст. Сӯзи фарзандони хунрехтаю ҷонбохта, қурбониҳои замон дар сангарҳои тафсони кишвари ҳамсоя – Афғонистон.

- Мо бояд қурбониёнро фаромӯш накунем, кору амали онҳо дарс аст, дарси шуҷоату ибрат, ки дар ниҳоди ҷавонон ҳисси садоқат ба Ватанро бедор мекунад. Онҳо қурбонии замон буданд ва рӯҳи башардӯстӣ дар дили онҳо маъво гирифт. Чунки бо супориши Ватан рафта буданд ва ҷонашонро аз даст доданд, — мегӯяд муаллима Ҳабиба Раҷабова, ки дар шафати боғ истиқомат мекунад.

Ҳамчун иқдоми хайр ва ёд аз шаҳидон, ҳамяроқи Мироненко — Тоҳирҷон Расулов чанде пеш лавҳаи ёдгориро таъмиру таҷдид кард, вале боғ ба азнавсозӣ ва нигоҳубин ниёз дорад.

Ҳар сол 15 феврал – Рӯзи баровардани қӯшунҳои шӯравӣ аз хоки Афғонистон, дар назди муҷассама мактаббачагон, аскарону афсарон ҷамъ меоянд ва аз қаҳрамониҳои шаҳидони ҷанг ёдоварӣ мекунанд. Умед аст, ки нақша ва навгониҳое, ки дар доираи ободонии шаҳр матраҳ мегарданд, таҷдиди ин боғро низ дар бар хоҳад гирифт ва ин мавзеъ воқеан ҳам ба манзили рамзии шаҳидон табдил ва зиёратгоҳу фароғатгоҳи хосу ом мегардад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»