Боғи муҳоҷири тоҷик дар Рязан

№111 (3591) 25.08.2016

Муҳоҷири 26-солаи тоҷик Саидшоҳ Қаландаров дар шаҳри Рязани Россия дар масоҳати ним гектар боғ бунёд кардааст. Дар ин бора сомонаи «Озодӣ» иттилоъ медиҳад.

С. Қаландаров гуфтааст, ки ниҳолони себу нокро аз бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе харидааст ва ду сол аст, ки онҳо ба ҳосил даромадаанд.

- Бисёриҳо мегуфтанд, ки ин ҷо себу ноки тоҷикӣ намешавад. Аммо, ба назари ман, боду ҳавои Рязан ба Ховалинг монандӣ дорад ва бояд ин навъи дарахтон дар ин ҷо ҳосили хуб диҳанд,  — мегӯяд Саидшоҳ.

Таҷрибаи Саидшоҳ натиҷаи дилхоҳ додааст, аз ин рӯ, ӯ барои васеъ кардани масоҳати боғаш ба номи раиси шаҳри Рязан ариза навиштааст. Раиси шаҳр  иқдоми муҳоҷири тоҷикро барои бунёди боғи нав дастгирӣ кардааст. Саидшоҳ барои бунёди боғ дар панҷ гектар замини дигар ариза додааст. — Худо хоҳад, моҳи март аз Тоҷикистон дарахти бештар меорам ва масоҳати боғро васеътар мекунам,- иброз медорад С. Қаландаров.

Ёдовар мешавем, ки Саидшоҳ Қаландаров дар як ширкати маҳаллӣ ба ҳайси барномасоз кор мекунад ва ҳамзамон донишҷӯйи бахши ғоибонаи яке аз донишгоҳҳои Москва ҳаст.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»