Болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал аз ҳисоби қурби доллар ё?..

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

e908dd0a9912c2e9d704ae0b6a21fcc0 2332Аз даҳаи аввали моҳи апрел дар бозор ва дӯконҳо нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили картошка, пиёз, шакар, орд, гӯшт ва анвои дигар боз гарон шуд. Тоҷирону фурӯшандагон ҳолати бамиёномадаро дар болоравии қурби доллари амрикоӣ мебинанд. Аз тарафи дигар, паҳншавии бемории хавфноки коронавируси «КОВИД-19»-ро, ки алҳол дунёро ба воҳима овардааст, баҳона меоранд. Ин чист? Буҳрони навбатӣ ё ҳиллаву найранги тоҷирон?

Аслан, зимистон ва баҳор барои мардум фаслҳои мушкилзо маҳсуб меёбанд. Баробари инҷиқиҳои табиат дар фасли зимистон, ҳамин ки барф борид, барои тоҷирону фурӯшандагон баҳона пайдо мешавад ва онҳо бе ягон мамониат, бо табъу хоҳиши дил, нархҳои маҳсулоти талаботи рӯзмарраро боло мебардоранд. Ҳатто, агар зарур шавад, аз паҳн кардани овозае ҳам даст намекашанд. Масалан, рӯзи 4 марти соли равон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он овоза паҳн гардид, ки бо сабаби пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ба Тоҷикистон воридоти орд ва дигар маҳсулот қатъ мегардад. Фурӯшандагон аз ин овозаи бардурӯғ суиистифода карда, дар як они воҳид нархи ордро аз 180-190 сомонӣ ба 230-240 сомонӣ боло бурданд, ки дар натиҷа, мардумро тарсу ҳарос фаро гирифт. Хушбахтона, сари вақт пеши роҳи қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор гирифта ва нархҳо боз ба ҳолати аввала баргардонида шуданд. Вале ин ҳолат дер давом накард. Ҳафтаҳои аввали моҳи апрел нархи маҳсулоти ниёзи аввал боз то 15-25 фоиз баланд гардид ва баҳонаи тоҷирону фурӯшандагон баландшавии қурби доллари амрикоӣ буд. Ин бори аввал нест, ки фурӯшандагон дар арафаи моҳи рамазон нархи гӯшту картошка, пиёзу сабзӣ, орду равған ва ғайраро боло мебаранд.

Тайи чанд рӯзи охир нархи орд ба 250 сомонӣ, картошка 6-8, пиёз ба 4,5-5 сомонӣ дакка хӯрд. Нархи шакар, маҳсулоти қаннодӣ ва ордӣ низ 25-30 фоизӣ боло рафт.

Ин дар ҳолест, ки барои эмин будан аз коронавирус ва ҳам рӯза доштан аҳолӣ ба хӯроки серғизо ниёз дорад, вале онҳо бо чунин нархи наво хӯроки серғизоро дар хоби шабашон ҳам нахоҳанд дид! Паси чӣ кор бояд кард? Мутасаддиён чӣ мегуфта бошанд?

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»