Бонки Исломии Рушд саҳм мегузорад

№135(3436) 12.10.2015

Тибқи иттилои котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Исломии Рушд низ дар татбиқи CASA-1000  саҳм мегузорад. Ташкилоти молиявии мазкур барои иҷрои тарҳи CASA-1000 ба Тоҷикистон 70 миллон доллари ИМА  қарз ҷудо кард.

Созишномаи  дахлдор ҷиҳати ҷудо намудани маблағи фавқуззикр нуҳуми октябри соли равон аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва раиси Бонки Исломии Рушд Аҳмад Алӣ Муҳаммад дар шаҳри Лима — пойтахти кишвари Перу ба имзо расид. Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июли соли равон  чунин созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои ҷудо намудани 110 миллион доллари ИМА қарзи имтиёзнок ба имзо расида буд.

 Д. Абдулло,

«Садои мардум»