Бозгашти шаҳрвандони кишвар аз Россия осонтар мегардад

№140 (4246) 16.11.2020

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти шаҳрвандони мамлакат аз хориҷи кишвар қарор қабул намуд, ки тибқи он бояд фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоии хатсайр­ҳои тахлиявӣ аз шаҳрҳои Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Чунончӣ, аз 16 ноябри соли 2020 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон доранд, ки барои бозгашт аз Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ бе сабти ном дар намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Россия чипта харида, ба Ватан парвоз намоянд. Парвозҳои тахлиявӣ аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск ва Сургути Федератсияи Россия амалӣ гардида, фурӯши чиптаҳо дар асоси ҷадвали мувофиқашудаи парвозҳо тавассути нуқтаҳои расмии чиптафурӯшӣ дар шаҳрҳои Россия ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла:

- шаҳри Москва, Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово, хазинаи чиптафурӯшии №88, тел: 89295994541;

- шаҳри Москва, Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово, хазинаи чиптафурӯшии №40, тел: 89295994541;

- вилояти Москва, ҳавзаи шаҳрии Домодедово, километри 40-ум А-105, бинои 3, меҳмонхонаи Ибис, тел: 84956400451;

- шаҳри Москва, кӯчаи Тверская-Ямская 2, хонаи 40/3, бинои 1, меҳмонхонаи «Тоҷикистон», тел: 89264550055;

- шаҳри Санкт — Петербург, Фурудгоҳи Пулково, тел: 89775205886;

- шаҳри Санкт — Петербург, хиёбони Московский, Литер А, хонаи 7, ҳуҷраи 40N, тел: 89775205886;

- шаҳри Новосибирск, Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево), тел: 891611335998, 89035120420;

- шаҳри Екатеринбург, кӯчаи  Техническая, хонаи 35, тел: 891756811253;

- шаҳри Красноярск, Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск, тел: 891611335998, 89035120420;

- шаҳри Иркутск, шаҳраки Ангарск, микрорайони 11, хонаи 19, дафтари кории №4, тел: 891611335998, 89035120420;

- шаҳри Қазон, Фурудгоҳи Қазон, тел: 89035120420;

- шаҳри Уфа, Фурудгоҳи байналмилалии Уфа, тел: 89035120420;

- шаҳри Сургут, кӯчаи Георгий Кукуевитский 15/1, тел: 89035120420;

- шаҳри Краснодар, Фурудгоҳи байналмилалии Краснодар, тел: 89175681253.

Қобили зикр аст, ки барои хизматрасонии беҳтар ба мусофирон минбаъд теъдоди нуқтаҳои фурӯши чипта дар шаҳрҳои Федератсияи Россия зиёд ва дар бораи нуқтаҳои нави фурӯш маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

Зимнан, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ чиптаҳоро танҳо аз нуқтаҳои зикршуда харидорӣ намуда, аз ашхос ва нуқтаҳои дигар чипта нагиранд. Арзиши чипта дар хатсайрҳои тахлиявӣ бо пуршавии яктарафа 395 евро (эконом-класс) (аз самти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон) муқаррар гардидааст ва дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия) арзиши он коҳиш меёбад.

Мусофирон бояд талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд. Онҳое, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба парвоз роҳ дода намешаванд. Инчунин, маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, бояд дошта бошанд. Кӯдакони то сесола аз пешниҳоди маълумотнома озоданд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва ё мавҷудияти ҳолатҳои фурӯши чипта бо нархи барзиёд бо ин рақамҳо муроҷиат намудан лозим аст:

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: +992 (37) 222 22 36, +992 (37) 222 22 39, +992 (37) 222 22 43, info.caa@yandex.tj

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»: +992 (93) 777 74 59, +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 (44) 640 40 48,

call-center@somonair.com

claims@somonair.com

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»