Бозори дохилӣ бо биринҷи худӣ таъмин мегардад, агар…

№20 (4126) 13.02.2020

unnamedШолипарварӣ яке аз бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад ва рушди он ба таъмини бозори дохилӣ бо биринҷ мусоидат хоҳад кард. Вобаста ба вазъ ва роҳҳои бештар ба даст овардани ин навъи ­зироат бо директори Пойгоҳи таҷрибавии панҷакентии Институти зироаткории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Шералӣ ­мусоҳиба орос­тем.

- Вазъи имрӯзаи парвариши шолиро дар водии Зарафшон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Дар ҷумҳурӣ ҳар сол тақрибан 17 ҳазор гектар шолӣ кишт карда мешавад (кишти асосӣ ва такрорӣ). Аз ҷумла, ҳар сол дар шаҳри Панҷакент тақрибан 1000 гектар кишт мекардем, зеро имкони аз ин бештар кишт кардан набуд. Бо кушодани заминҳои нав дар соҳили дарёи Зарафшон  соли гузашта дар 1500 гектар кишти шолӣ гузаронида шуд.

Шоликорӣ аз соҳаҳои даромаднок аст. Зеро ғайр аз гирифтани шолӣ (биринҷ) деҳқон боз пахол (поя)-и онро истифода мебарад ё мефурӯшад. Дар маҷмӯъ, бо вуҷуди хароҷоти зиёд доштан шолипарварӣ, даромади хуб ҳам медиҳад. Агар аз як гектар 8 тонна шолӣ гирем, тақрибан 5 тонна биринҷ истеҳсол мегардад, ки ба 60-62 дарсади ҳосил баробар аст. Агар бо нархи 7 сомонӣ ҳам фурӯшанд, 35 ҳазор сомонӣ мешавад.

Мувофиқи  ҳисобҳо,  соли гузашта хароҷот дар як гектар замини кишти шолӣ тақрибан 16 ҳазор сомонро ташкил дод (бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда бо пасту баланд шудани нарх ҳар сол тағйир меёбад).

- Барои бештар ба даст овардани ҳосил чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?

- Барои зиёд кардани ҳосил ду роҳ мавҷуд аст: баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд кардани майдони кишт. Дар самти баланд бардоштани ҳосилнокӣ деҳқонони шаҳри Панҷакент муваффақ ҳастанд. Агар солҳои пеш аз як гектар  2,5 – 3 тонна ҳосил мегирифтанд, ҳозир касе аз 6 тонна кам намегирад. Дар майдончаҳои таҷрибавии пойгоҳи таҷрибавӣ, аз баъзе навъҳо 10 тонна шолӣ ҷамъоварӣ кардем.

- Президенти мамлакат зимни яке аз сафарҳои кориашон ба шаҳри Панҷакент барои азхудкунӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои назди соҳили дарёи Зарафшон супориш дода буданд…

- Бале. Аз тарафи давлат маблағгузорӣ шуда истодааст ва корҳо батадриҷ идома доранд. То соли оянда бояд  300 гектар замини нав кушода шавад, ки ба вусъати майдони кишти шолӣ мусоидат хоҳад кард.

Барои ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани  замини наздисоҳилии пур аз сангу шағал, ки дар он ҷо ба қадри зарурӣ хок барои парвариши шолӣ мавҷуд нест, тақрибан 4-5 сол лозим аст. Вале роҳи дигари осонтар ҳам ҳаст: баҳорон, вақте оби дарёи Зарафшон лой мешавад, онро ба ҳавзҳои шолипая ворид карда, хоки онро такшон бояд кард. Аз ҷониби дигар, селовардаҳои дарё хеле серғизо буда, фраксияи хуби хок ҳам доранд. Бо ин роҳ ҳам замин аз хок бой мешавад, ҳам ғизои иловагӣ мегирад. Ҷоиз ба зикр аст, ки заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ воридшуда, се-чор сол пас ҳосили хуб медиҳанд.

- Олимони пойгоҳи таҷрибавӣ дар самти ихтирои навъҳои нави шолӣ чӣ дастовард доранд?

- Ду навъи шолиро ихтироъ кардем. Навъи «Саразм», ки ба ифтихори 5500 — солагии ин мавзеи таърихӣ ва навъи «Панҷрӯд», ки ба ифтихори зодгоҳи устод Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ номгузорӣ шудаанд.

Дар таҷрибаи шолипарварӣ ду тамоюл (тенденсия) мавҷуд аст: зиёд намудани ҳосил ва хуб кардани сифат. Дар зиёд кардани ҳосил мо сатҳи баландтарин расидем. Гирифтани 10 тонна шолӣ аз як гектар нишондиҳандаи хеле баланд аст. Лекин дар самти хуб кардани сифат хеле корҳоро анҷом додан лозим меояд. Ба ибораи дигар, роҳ ба сӯи сифат беохир аст. Ду навъи ихтироъшуда сифати хуб доранд, ҳаҷман бузургу болаззат ҳастанд. Дар биринҷ меъёри  амилоза ҳар қадар баландтар бошад, сифат ҳамон қадар хуб мешавад. Меъёри амилозаи биринҷҳои маҳаллӣ 12 дарсад аст. Дар навъҳои офаридаи мо ин нишондиҳанда аз 17 дарсад баланд мебошад.

- Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба бо институтҳои соҳавии хориҷӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Дар соҳаи селексия ва тухмипарварии шолӣ бо Институти шолипарварии Федератсияи Россия, Институти парвариши шолии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Институти байналмилалии шолӣ, ки дар кишвари Филиппин ҷойгир аст, ҳамкории хуб дорем. Махсусан,  дар самти таҷрибаомӯзӣ ва методҳои селексия.

- Шолипарварони ҷумҳурӣ то кадом андоза талаботи аҳолиро ба биринҷ қонеъ карда метавонанд?

- Мувофиқи омор дар кишварҳои Ветнам ва Лаос як нафар дар як сол то 150 кг ва дар Хитой 100 кг биринҷ истеъмол мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳанда  аз 17 то 22 кг аст. Бо назардошти омори мазкур ва ҳаҷми солонаи воридоти биринҷ аз хориҷ муайян гардид, ки шоликорони ҷумҳурӣ 50 дарсади талаботи аҳолии мамлакатро ба ин навъи маҳсулот қонеъ карда метавонанд.

Метавон гуфт, ки бозори дохилӣ бо биринҷи худӣ таъмин мегардад, агар майдони кишти шолӣ вусъат ёбад ва хоҷагиҳо барои бештар  ба даст овардани ҳосил кӯшиш кунанд, зеро на  ҳамаи хоҷагиҳо аз як гектар замин  6 — 7 тонна ҳосил мегиранд. Ин сабаб дорад: Онҳо нуриҳои минералиро истифода намебаранд, навъ ё коркарди тухми шолӣ хуб нест ва ё алафҳои бегонаро тоза намекунанд.

- Деҳқонон дар дастрас кардани нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ба мушкил рӯ ба рӯ нестанд?

- Мутаассифона, на танҳо барои деҳқонони шолипарвар, балки барои ҳамаи деҳқонон нархи баланди сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ мушкилӣ пеш меорад. Зеро 70 дарсади ҳосиле, ки мегирем, танҳо ба шарофати истифодаи нуриҳои минералӣ ба даст меояд. Нархҳо сол ба сол баланд шуда истодаанд. Дар муқоиса бо се соли пеш беш аз ду маротиба нархи сӯзишворӣ зиёд шуд. Барои як гектар замин зиёда аз 300 литр сӯзишворӣ сарф мешавад. Ин раванд таъсири манфии худро ба нархи маҳсулот дар бозор низ мерасонад.

Дастрасӣ ба заҳрхимикатҳо беҳтар аст. Ширкатҳои муваффақ ҳастанд, ки аз хориҷи кишвар онҳоро ворид мекунанд. Масалан, солҳои охир дар водии Зарафшон касалии пирикуляриоз пайдо шуд, ки он аз Африқо, Эрон, Афғонистон, Лаосу Камбоҷа интиқол ёфтааст. Ин касалиро бо истифода аз ҳамин заҳрхимикатҳо пешгирӣ карда истодаем.

Мусоҳиб Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»