Буҳрон ба расонаҳои хабарӣ низ таъсир кардааст

№ 03.09.2016

27 августи соли равон бо ибтикори Иттиҳодияи ҷамъиятии «Медиа консалтинг» (Машварати расонаӣ) ва дастгирии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар мавзуи «Таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба вазъи иқтисодии расонаҳои мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид. Роҳбари ИҶ «Медиа консалтинг» Набӣ Юсупов зикр кард, ки барои муайян кардани таъсири буҳрон ба расонаҳои мустақил бо дархости Дафтари САҲА дар Тоҷикистон моҳҳои май-июли соли ҷорӣ назарпурсӣ гузаронида шуд, ки 60 роҳбари ВАО-ро фаро мегирифт. Натиҷаи ин назарпурсӣ  нишон дод, ки ба аксари расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон буҳрони молиявӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст. Аз ҷумла адади нашри онҳо кам шуда, ҷалби реклама коҳиш ёфтааст. Дар ҷамъомад роҳбарони якчанд ташкилоти ҷамъиятӣ ва расонаҳои хабарии мустақил иштирок ва оид ба мавзӯи мавриди баҳс фикру андешаҳояшонро баён доштанд. Устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» Қироншоҳ Шарифзода бо эрод аз суханронии иштирокчиён, ки рӯзномаҳоро ба «давлатӣ»-ву «ғайридавлатӣ» ҷудо мекунанд, изҳор дошт, ки мо бояд истилоҳоро дуруст истифода барем, зеро ҳар расонаи хабарие, ки дар Тоҷикистон аз қайд гузаштаву фаъолият мекунад, аз они давлати Тоҷикистон аст. Шакли дурусти истилоҳ бояд «ҳукуматӣ» ва «ғайриҳукуматӣ» бошад. Ғайр аз ин, вақте ки пешниҳоде барои дастгирии давлатии расонаҳои хабарӣ, масалан чун кам кардан ва ё бекор кардани баъзе намуди андозҳо мешавад, набояд нашрияҳоро ба ҳукумативу ғайриҳукуматӣ ҷудо кард, балки бояд тавре пешниҳод шавад, ки он ҳамаи нашрияҳоро новобаста аз шакли фаъолияташон, фаро гирифта тавонад.

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»