Дар мавзӯи муҳим

«Буд набуд» — и нефту газ

№134 (3928) 08.11.2018

97_main_new.1488663021Бо вуҷуди дар давоми чанд соли охир ба роҳ мондани истифодаи электромобилҳо, аксари нақлиёти заминиву ҳавоӣ ва роҳи оҳан бо истифода аз маҳсулоти нефтӣ ва газ фаъолият менамоянд. Ба гумон аст, ки дар солҳои наздик манбаъҳои дигар дар ин самт ҷойгузини маҳсулоти нефтӣ ва газ шаванд.

Яке аз мутахассисони соҳа, собиқ директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнефт» Набӣ Маликов иброз дошт, ки Тоҷикис­тон дорои захираи бойи нефту газ мебошад ва дар сурати коркарди он кишвари мо метавонад ҳар сол садҳо миллион доллари ИМА фоида ба даст орад. Бино ба гуфти ӯ, захираҳои мамлакати мо, ки дар замони шӯравӣ ҳисоб шуда буд, як триллион метри кубӣ газ ва 400 миллион тонна нефтро ташкил медиҳад. Аммо аз рӯйи ҳисоби нав, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ТЭТИС, гузаронидааст, дар қаъри кишвари мо 3,2 триллион метри кубӣ газ ва зиёда аз 1 миллиард тонна нефт мавҷуд аст. Чунин захираи бузургро олимони хориҷӣ, аз ҷумла, доктори илми геологӣ П.К. Азимов (Ӯзбекис­тон) ва номзади илмҳои геологӣ В. Г. Жемчужников (Қазоқистон), тасдиқ кардаанд.

Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикис­тон 28 кони нефту газ кушода шуда, дар як сол то 400 ҳазор тонна нефт ва то 500 миллион метри мукааб газ истихроҷ мекарданд. Ҳамсуҳбатам аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ин нишондиҳанда дар соли 2017 мутаносибан 23,47 ҳазор тонна ва 1,5 миллион метри мукаабро ташкил додааст, ки аз таназзули соҳа дарак медиҳад. Он вақт «Тоҷикнефт»- у «Ӯзбекнефт» дар як сол баробар конҳои нефту газро мекушоданд, аммо дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ӯзбекистон зиёда аз 150 кони нав кушоданду дар кишвари мо бошад ягонто.

Ҳамсуҳбатам афзуд, ки дар мамлакат зиёда аз 250 майдон ва конҳои ояндадори нефту газ, аз ҷумла беш аз 150 майдон дар ҷануби кишвар, мавҷуд аст. Мутаассифона, ин майдонҳо аз тарафи сармоягузорон соҳибӣ гардида бошад ҳам, маблағгузорӣ намешаванд. Аз ин рӯ, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нефту газ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 майдонҳое, ки дар онҳо корҳо қатъ шудаанд ё ин ки муддати тӯлонӣ оғоз нагардидаанд, бояд ба давлат баргардонида шаванд.

ГЕОЛОГҲО ЧӢ МЕГӮЯНД?

Тавре аз шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар замони шӯравӣ дар кишвар 25 кони нефту газ кушода шуда буд, ки захираи 5 кони он пурра ба охир расидаасту боқимонда мавриди истифодаанд. Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, дар кишвар зиёда аз 50 майдони ояндадори нефту газ мавҷуд аст ва захираи онҳо танҳо баъд аз мавриди коркард қарор гирифтанашон аниқ карда мешавад.

«ГАЗПРОМ» ЧАРО ФАЪОЛИЯТАШРО НОТАМОМ МОНД?

 Набӣ Маликов бар ин назар аст, ки фаъолияти ширкати россиягии «Газпром» дар самти кушодани конҳои нефту гази Тоҷикистон қобили қабул нест. Бино ба гуфти ӯ, ширкати мазкур барои кор дар чор майдон- «Саргазон», «Сариқамиш», «Рангон» ва «Шоҳамбарии Шарқӣ» иҷозатнома гирифта буд. Ин ширкат дар «Саргазон» ҳатто 10 дарсад корҳои геологиро нагузаронида, корро дар майдони «Сариқамиш» шурӯъ кард, ки хилофи уҳдадориҳо аст. Ҳол он ки «Саргазон» бо 30 миллиард метри кубӣ газ майдони ояндадори нефту газ маҳсуб мешавад ва дар сурати ба истифода додан ҳамасола метавон аз он то 3 миллиард метри кубӣ газ истихроҷ кард. Аз ин ҳисоб то 300 ҳазор конденсати газ истихроҷ мешавад, ки бо он метавон Заводи истеҳсоли маҳсулоти нефти Данғараро бо ашёи хом ва пойтахти мамлакату дигар шаҳру ноҳияҳоро бо газ таъмин кард.

Дар «Сариқамиш» бошад, як чоҳро шаш сол то чуқурии 6400 метр парма карданд, ҳол он ки чунин корро дар дигар давлатҳо дар муддати камтар аз як сол амалӣ мекунанд.

Дар майдонҳои «Рангон» ва «Шоҳамбарии Шарқӣ» бошад, ширкати мазкур умуман корро шурӯъ накардааст. То ҷое иттилоъ дорем, «Газпром» корро дар майдонҳои шимоли кишвар оғоз карданист, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Бояд аввал дар майдонҳое, ки иҷозатнома гирифта буд, корро ба анҷом расонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишварро мебояд, ки то ба охир расонидани кор дар майдонҳои «Саргазон», «Сариқамиш», «Рангон» ва «Шоҳамбарии Шарқӣ», ба ин ширкат барои шурӯи кор дар конҳои шимоли кишвар иҷозат надиҳад.

Номбурда муътақид аст, ки сабаби асосии таназзули соҳаи нефту гази кишвар дар мустақил набудани он мебошад. Биноан, ногузир аст, ки ин масъала бознигарӣ шавад, то соҳа босуръат рушд намуда, сар­мояи зиёд ба кишвар ҷалб гардад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»