Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Хосабойӣ

№51 (4157) 23.04.2020

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагию ободонӣ идома доранд.

Аз ҷумла, чанде пеш бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Сайфиддин Зайниддинов, ки шуғли асосиаш кишоварзӣ мебошад, дар деҳаи Хосабойии деҳоти ба номи Нуралишо Назаров бунгоҳи нави замонавии тиббии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси ноҳия Амиршозода Тоҳир Темур иштирок ва сокинони деҳаро ба корҳои созандагию ободонӣ ҳидоят намуда, миннатдории роҳбарияти ноҳияро ба соҳибкори баландҳиммат изҳор дошт.

Бунгоҳи тиббӣ, ки бо харҷи 120 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, бо тарҳи зебою гулгашти замонавии саҳнаш ба деҳа ҳусни нав бахшидааст.

Тавре сардори Идораи кумаки аввалияи тиббии санитарии ноҳия Шерализода Тӯйбошӣ зикр кард, бунгоҳи тиббӣ ба беҳтару хубтар ба роҳ мондани ҳифзи саломатии мардум, баланд бардоштани сатҳи хизмат­расонии тиббӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани кормандони соҳаи тандурустӣ дар деҳот мусоидат мекунад. Ҳоло дар он ҷо 5 нафар мутахассиси ботаҷриба ба сокинони деҳа, ки 1800 нафарро ташкил медиҳанд, ёрии аввалияи тиббӣ мерасонанд.

А. МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»