Чӣ монеаи рушди соҳибкорӣ мегардад?

№ 03.12.2021

2 декабри соли 2021  дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Арзёбии фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамои рушд» баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии фаъолияти соҳибкорӣ ва дарёфти  роҳҳои ҳалу фасли  мушкилоти ҷойдошта мебошад.

Дар чорабинӣ  намояндагони вазорату идораҳо, бонкҳо, олимони муассисаҳои илмӣ мутахассисону коршиносони соҳавӣ, намояндагони бахши хусусӣ  ва соҳибкорон иштирок доштанд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хуршед Зиёӣ оғоз намуд. Номбурда зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорию сармоягузориро дар ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии мамлакат, аз ҷумла, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030» яке аз воситаҳои асоси таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст. Ин далели возеҳи аҳамияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ дар 9 соли оянда мебошад. Бо ин мақсад то соли 2030 зиёда аз 2 баробар  коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ  дар назар аст. Чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусиву соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир шавад.

Сипас, Абдурауф Ҷӯраев, намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мавзӯи «Муосиргардонии хизматрасонии давлатӣ ва тақвияти рақамикунонии фаъолияти соҳибкорӣ», Фарҳод Шаропов, ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар мавзӯи «ташаккули фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: ҳолат ва дурнамои рушд», Маҳмадшоҳ Достиев, мудири кафедраи Идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хусусият ва самтҳои асосии фаъолияти соҳибкории экологӣ ва нақши он дар ҳалли мушкилоти муҳити зист» маърӯза карданд.

Дар ҳамоиш, инчунин сабабҳои қатъ кардани фаъолияти соҳибкорӣ ва аз кор бозмондани корхонаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки роҳҳои дигари ба кор даровардани корхонаҳои аз андоз қарздорро бояд ҷустуҷӯ кард.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»