Проблема ва мулоҳиза

Чӣ тавр аз коркарди партов метавон пул кор кард?

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

d6110622fbb413e27a2224d4ecdfb86eҶамъоварӣ, безарарнамоӣ ва коркарди партов ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Алалхусус, партовҳои полиэтилению пластикӣ «дарди сар»-и  муассисаҳои коммуналӣ гаштаанд. Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, агар то соли 2050 сокинони сайёра аз истифодаи зарфу борхалтаҳои пластикӣ даст накашанд, дар уқёнуси ҷаҳонӣ миқдори  партов аз моҳӣ бештар мешавад.

Дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ, ки моҳи марти соли 2019 дар шаҳри Найробии давлати африқоии Кения баргузор гардид, вобаста ба маҳдуд намудани истифодаи пластика дар 170 кишвар то 10 соли оянда қатънома қабул шуд. Тибқи он, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо соли равон бояд аз истифодаи  маҳсулоти пластикӣ даст кашанд. Дар баъзе аз кишварҳо алҳол коркарди такрории партови пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Масалан, ширкати «Sanfa Products»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон соле 2000 тонна партови пластикиро коркард намуда, линолеум, ашё барои роҳсозӣ, масолеҳи гидротехникӣ, геотекстил ва  масолеҳ барои саноати сабук (синтепон) истеҳсол мекунад.  Ширкати «Био ТехноЭко»-и вилояти Сурхондарё соле 18000 тонна партови пластикиро коркард намуда, лӯлаҳои полиэтиленӣ, гранула ва дигар  намуди ашёи хоми саноатии арзон мебарорад.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки то 85 дарсади партовҳоро коркард намудан мумкин аст. Барои мисол, дар Шветсия 99 фоизи партовҳо дубора коркард мешаванду танҳо 0,7 фоизи партовҳои  маиширо зери хок мекунанд.

Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ  корхонаҳое ҳастанд, ки аз партов маҳсулот истеҳсол менамоянд. Масалан, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода якчанд корхонаи хурд аз коғазпора ва картон истеҳсоли коғази ташнобро ба роҳ мондаанд. Чанде пеш дар шаҳри Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои  полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар як шабонарӯз то як тонна партовҳои полиэтилениро коркард ва аз онҳо лӯлаҳои обгузар истеҳсол мекунад.

Директори корхона Илҳом Шерматов зимни суҳбат изҳор намуд, ки на танҳо аз шаҳри Турсунзода, балки аз ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ  ва шаҳри Ҳисор низ партовҳои полиэтилению пластикиро ҷамъ оварда, ба корхона месупоранд.

- Мардум манфиати ҷамъоварии партовро ҳис кардаанд. Зеро аз ҷамъоварии партов на танҳо муҳити зист тоза мешавад, балки баъзеҳо маблағи муайян низ ба даст меоранд. Нархи лӯлаҳои истеҳсоли корхона аз бозор хеле арзон аст. Аз ин сабаб кишоварзони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои гирду атроф барои обёрии замин ва кашидани хати оби нӯшокӣ ба мо муроҷиат мекунанд, — афзуд Илҳом Шерматов.

Дар шаҳри Душанбе корхонаҳои хурде ҳастанд, ки аз зарфҳои пластикӣ сатил, гулдон ва дигар ашёи зарурӣ истеҳсол мекунанд. Хуб мешуд, ки онҳо дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва Хоруғ низ сохта шаванд.

Ҳоло дар аксар кишварҳо мушкилоти норасоии оби тоза ва ҳавои софу беғубор ба назар мерасад. Мутаассифона, дарёҳои замоне поку зулоли ҷумҳурӣ бинобар маърифати пасти иддае аз ҳамватанон пур аз партов шудаанд.

Лозим аст, ки на танҳо дигар ба ҷӯю дарёҳо партов напартоем, балки онҳоро аз партовҳои солҳои пеш ҷамъшуда низ тоза намоем.

Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ соле дар ҷаҳон 1,3 миллиард тонна партов ҷамъ мешавад. Агар ин раванд боздошта нашавад, соли 2000 ба 4 миллиард тонна мерасад. ИМА, Хитой, Бразилия, Япония ва Германия бузургтарин кишварҳои серпартов ба шумор мераванд. Аз шаҳрҳо берун  баровардани партов  хароҷоти зиёд талаб мекунад. Тақрибан  аз 20 то 50 фоиз буҷети баъзе аз шаҳрҳо сарфи ҷамъоварию берун баровардани партовҳо мешавад. Беҳтарин зербинои коркарди партовҳо ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо мебошад. Дар бисёр  шаҳрҳои Аврупо чанд сол боз ҷамъоварии алоҳидаи коғазу картон, шиша, пластика, металл ва техникаи электронӣ (радио, телевизион, DVD, смартфон)-ро ба роҳ мондаанд.

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ аз моҳи марти соли равон ҷамъоварии ҷудогонаи партовро ба роҳ монданианд. Коршиносон партовҳои  маиширо манбаи арзони ашёи хоми саноатӣ дар ҷаҳон меҳисобанд. Соли гузашта дар шабакаи супермаркетҳои «ВкусВилл»-и шаҳрҳои Москваю Санкт-Петербурги Федератсияи Россия  аксияи экологии ҷамъоварии кортҳои пластикӣ доир гардид. Дар он 342 кило корти пластикӣ ҷамъ шуд.

Дар Испания аз 135 тонна  ниқобу дастпӯшакҳои  истифодашуда ва либосҳои муҳофизатӣ сӯзишворӣ истеҳсол намуданд, ки он барои  гармкунии хонаҳои баландошёна ва истеҳсоли семент истифода мешавад.

Шабакаи супермаркетҳои «Перекрёсток»-и Россия бошад, якҷо бо ширкати «Colgate Palmolive» ба муштариёне, ки  мисвок (дандоншӯяк)-и «Colgate Бамбук» ва хамираи дандони «Colgate» мехаранд, халтачаҳои пахтагин туҳфа мекунанд. Онҳо аз лиҳози экологӣ тоза буда, онро маротибаи зиёд истифода бурдан мумкин аст. Ҳадаф талқини истифодаи халтачаҳои пахтагин ба ҷойи халтаҳои полиэтиленӣ мебошад.

Сармутахассиси экспертизаи давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсадулло Мардонов иброз  намуд, ки  зарфҳои пластикӣ дар тамоми кишварҳо ба мушкилоти мубрами рӯз табдил ёфтаанд. Ин мушкилро ба воситаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, истифодаи дуруст ва безараргардонии маҳсулот метавон ҳал кард.

- Зарфу борҷомаҳои полиэтиленӣ ва пластикаро набояд баъд аз истифода бурдан сӯзонд ё дар ҳар ҷо партофт. Зеро аз  худ заррачаҳои заҳролуд хориҷ мекунанд, ки ба муҳити зист ва одамон таъсири манфӣ мерасонанд. Давра ба давра бояд ба истифодаи халтаю  борҷомаҳои коғазию пахтагин гузарем, — гуфт М. Мардонов.

Хуб мешуд, ки дар мактабҳои миёнаву олӣ, маҳаллаву деҳот бобати кам кардан ва ба роҳ мондани ҷамъоварию коркарди партовҳо суҳбат доир намуда, дар шабакаҳои  телевизионӣ барномаҳо таҳия шаванд. Агар бепарвоӣ зоҳир намоем, минбаъд барои нӯшидан оби зулол ва барои нафас кашидан ҳавои тоза ёфтан мушкилтар хоҳад гашт.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»